https://sputnik.tj/20250624/tramp-eron-isroil-sozish-otashbas-muvofiqat-1068397873.html
Эрон ва Исроил ба созиши оташбас мувофиқат кардаанд
Эрон ва Исроил ба созиши оташбас мувофиқат кардаанд
Sputnik Тоҷикистон
Исроил Теҳронро дар иҷрои барномаи махфии низомии ҳастаӣ муттаҳам карда, рӯзи 13 июн амалиёти зидди Эронро оғоз кард
2025-06-24T10:55+0500
2025-06-24T10:55+0500
2025-06-24T11:02+0500
эрон
исроил
има
дар ҷаҳон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/1a/1063358512_265:0:3906:2048_1920x0_80_0_0_c399decd0e263d67deb0f1176e505ade.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Шабакаи телевизионии эронии Press TV хабар дод, ки созиши оташбас бо Исроил эътибор пайдо кардааст. Шаби сешанбе Нерӯҳои дифои Исроил аз партоби шаш мушак аз Эрон хабар доданд.Қаблан президенти ИМА Доналд Трамп гуфта буд, ки Исроил ва Эрон ба созиши оташбас мувофиқат кардаанд. Вай изҳори итминон кард, ки пас аз 24 соати оташбас ҷаҳон ба муноқишаи низомии 12-рӯза, ки миёни ду кишвар идома дошт, расман хотима хоҳад дод. Ба гуфтаи ӯ, оташбас маҳдудияти замонӣ надорад ва "то абад идома хоҳад дошт". Доналд Трамп бо эълони эътибори оташбас аз ҷонибҳо хост, ки онро нақз накунанд. "Оташбас эътибор пайдо кард. Лутфан онро вайрон накунед!",- навишт Трамп дар шабакаи иҷтимоии Truth.Дар ҳамин ҳол, субҳи сешанбе Аббос, вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, ки дар ҳоли ҳозир тавофуқе дар мавриди оташбас ё амалиёти низомӣ миёни Эрон ва Исроил вуҷуд надорад ва тасмими ниҳоӣ дар бораи хатми даргириҳо баъдан содир хоҳад шуд.Аммо вай гуфт, ки агар режими Исроил таҷовузи худро ба муқобили мардуми Эрон қатъ кунад, Теҳрон низ ҳамла намекунад.Муноқишаи Исроил ва ЭронХовари Миёна шаби ҷумъаи 13-уми июн, замоне аланга зад, ки Исроил амалиёти "Хезиши шерро" оғоз кард ва ба Эрон зарба зад.Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазир гуфт, ҳадаф аз ин ҳамла аз байн бурдани таҳдиде аст, ки Ҷумҳурии Исломӣ барои бақои Исроил эҷод мекунад.Минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла Теҳрон зери тирборони шадид қарор гирифтанд, ки дар он мансабдорони баландпояи низомии Эрон ва як қатор физикҳои ҳастаӣ кушта шуданд.Ба иншооти атомии ҷумҳурӣ низ зарба зада шуд. Раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ҳамлаи Исроилро ҷиноят хонд ва гуфт, Тел-Авивро "сарнавишти талх ва даҳшатнок" интизор аст.Дар посух, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ амалиёти воқеии "Ваъдаи содиқ 3"-ро ба ҳадафҳои низомӣ дар Исроил оғоз кард.Ҷомеаи ҷаҳонӣ вазъияти Шарқи Наздикро бодиққат назорат мекунад ва баъзе кишварҳо аллакай ташаббусҳои миёнаравӣ барои гуфтушунид изҳор доштанд. Масалан, президенти Русия Владимир Путин чунин изҳорот дод ва кирдорҳои Исроилро, ки оинномаи СММ ва байналхалқиро вайрон мекунад, маҳкум кард.Тоҷикистон низ ҳамин гуна мавқеъро пеш гирифт, мақомот дар робита ба талафоти ҷони инсон ба Теҳрон изҳори ҳамдардӣ карданд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳамлаҳои Исроил ба Эронро шадидан маҳкум карда, аз ташдиди таниш дар минтақа изҳори нигаронии амиқ кард.
https://sputnik.tj/20250623/tojikiston-hamla-ima-isroil-inshooti-hastai-eronro-mahkum-1068369556.html
https://sputnik.tj/20250624/korshinos-munoqisha-khovar-miyona-osiyoi-markazi-tojikiston-tahdid-1068396376.html
эрон
исроил
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/1a/1063358512_1175:0:3906:2048_1920x0_80_0_0_6a0928cb1753a644402a760f6aad1c80.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон исроил созиш оташбас мувофиқат
эрон исроил созиш оташбас мувофиқат
Эрон ва Исроил ба созиши оташбас мувофиқат кардаанд
10:55 24.06.2025 (Навсозишуда: 11:02 24.06.2025) Исроил Теҳронро дар иҷрои барномаи махфии низомии ҳастаӣ муттаҳам карда, рӯзи 13 июн амалиёти зидди Эронро оғоз кард
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Шабакаи телевизионии эронии Press TV хабар дод, ки созиши оташбас бо Исроил эътибор пайдо кардааст.
"Оташбас оғоз шуд",- гуфта мешавад дар Telegram-канали ин шабака.
Шаби сешанбе Нерӯҳои дифои Исроил аз партоби шаш мушак аз Эрон хабар доданд.
Қаблан президенти ИМА Доналд Трамп гуфта буд, ки Исроил ва Эрон ба созиши оташбас мувофиқат кардаанд.
Вай изҳори итминон кард, ки пас аз 24 соати оташбас ҷаҳон ба муноқишаи низомии 12-рӯза, ки миёни ду кишвар идома дошт, расман хотима хоҳад дод.
Ба гуфтаи ӯ, оташбас маҳдудияти замонӣ надорад ва "то абад идома хоҳад дошт".
Доналд Трамп бо эълони эътибори оташбас аз ҷонибҳо хост, ки онро нақз накунанд.
"Оташбас эътибор пайдо кард. Лутфан онро вайрон накунед!",- навишт Трамп дар шабакаи иҷтимоии Truth.
Дар ҳамин ҳол, субҳи сешанбе Аббос, вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, ки дар ҳоли ҳозир тавофуқе дар мавриди оташбас ё амалиёти низомӣ миёни Эрон ва Исроил вуҷуд надорад ва тасмими ниҳоӣ дар бораи хатми даргириҳо баъдан содир хоҳад шуд.
Аммо вай гуфт, ки агар режими Исроил таҷовузи худро ба муқобили мардуми Эрон қатъ кунад, Теҳрон низ ҳамла намекунад.
Ховари Миёна шаби ҷумъаи 13-уми июн, замоне аланга зад, ки Исроил амалиёти "Хезиши шерро" оғоз кард ва ба Эрон зарба зад.
Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазир гуфт, ҳадаф аз ин ҳамла аз байн бурдани таҳдиде аст, ки Ҷумҳурии Исломӣ барои бақои Исроил эҷод мекунад.
Минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла Теҳрон зери тирборони шадид қарор гирифтанд, ки дар он мансабдорони баландпояи низомии Эрон ва як қатор физикҳои ҳастаӣ кушта шуданд.
Ба иншооти атомии ҷумҳурӣ низ зарба зада шуд. Раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ҳамлаи Исроилро ҷиноят хонд ва гуфт, Тел-Авивро "сарнавишти талх ва даҳшатнок" интизор аст.
Дар посух, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ амалиёти воқеии "Ваъдаи содиқ 3"-ро ба ҳадафҳои низомӣ дар Исроил оғоз кард.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ вазъияти Шарқи Наздикро бодиққат назорат мекунад ва баъзе кишварҳо аллакай ташаббусҳои миёнаравӣ барои гуфтушунид изҳор доштанд. Масалан, президенти Русия Владимир Путин чунин изҳорот дод ва кирдорҳои Исроилро, ки оинномаи СММ ва байналхалқиро вайрон мекунад, маҳкум кард.
Тоҷикистон низ ҳамин гуна мавқеъро пеш гирифт, мақомот дар робита ба талафоти ҷони инсон ба Теҳрон изҳори ҳамдардӣ карданд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳамлаҳои Исроил ба Эронро шадидан маҳкум карда, аз ташдиди таниш дар минтақа изҳори нигаронии амиқ кард.