https://sputnik.tj/20250620/mudofia-rubl-putin-fbip-1068323852.html
Аз мудофиа то рубли рақамӣ: он чизе, ки Путин дар ФБИП гуфт
Аз мудофиа то рубли рақамӣ: он чизе, ки Путин дар ФБИП гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Русия ҳамкориҳои иқтисодиро бо як қатор шарикон дар иттиҳодияҳои гуногуни байналмилалӣ идома медиҳад 20.06.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-06-20T20:32+0500
2025-06-20T20:32+0500
2025-06-20T20:46+0500
русия
владимир путин
иқтисод
форуми байналмилалии иқтисодӣ
санкт-петербург
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/14/1068317168_0:220:3240:2044_1920x0_80_0_0_8f3f2494552c7e3d8c281ea2f8bb4a4a.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Русия дар тӯли ду сол бо вуҷуди душвориҳои муҳити беруна бо суръати болотар аз миёнаи ҷаҳонӣ афзоиш меёбад. Дар ин бора Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар нишасти пленарии Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург - 2025 изҳор дошт.Дар баробари ин, афзоиши умумии ММД на танхо ба комплекси ҳарбию саноатӣ вобаста буд, чунон ки баъзеҳо чунин мешуморанд, қайд намуд ӯ. Русия ҳам ба дараҷаи пасти таърихӣ дар сатҳи бекорӣ ноил гардид, илова кард Владимир Путин.Дар давоми 4 сол шумораи одамоне, ки дар Русия кор мекунанд, 2,4 миллион нафар афзуд. Путин қайд кард, ки аз моҳи октябри соли гузашта сатҳи бекорӣ дар кишвар мӯътадил шуда, тақрибан 2,3% -ро ташкил медиҳад. Президенти Русия дар Форуми иқтисодӣ боз чӣ гуфт:Дар бораи саноати мудофиаРаисҷумҳури Русия қайд кард, ки дар ҷаҳон байни маҷмааи дифоъӣ-саноатӣ ва бахшҳои граждании иқтисод камтар ва камтар ҷудо мешавад. "Мо бояд навовариҳои технологӣ ва ташкилиро дар бахши шаҳрвандӣ пайваста таҳлил кунем, онҳоро зуд дар бахши дифоъ ва амният ҷорӣ кунем. Дар сурати имкон ба конъюгатсияи комплекси дифоъӣ-саноатӣ дар бахши шаҳрвандӣ ноил шудан, истеҳсоли маҳсулоти дуҷонибаро ба роҳ мондан лозим аст", - гуфт ӯ зимни ҷаласаи навбатии раёсати ФБИП.Ба гуфтаи вай, маҳз самаранокии технологӣ дар ҳама марҳалаҳо яке аз принсипҳои асосии навсозии сохтории иқтисодиёт ва таҳкими соҳибихтиёрии Федератсияи Русия шудааст. Ҳамин тавр, суханашро идома дод президент, имрӯз барои раҳбарони тиҷорати ҷаҳонӣ, аз ҷумла баъзе ширкатҳои русӣ, вақт аз идея то татбиқи маҳсулот то чоряк ва ҳатто моҳҳо кам шудааст. Иттифоқ дар муттаҳидӣКишварҳои шарик дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё сиёсати гумрукӣ ва тарифиро бо мақсади ҳавасмандгардонии ташаккули занҷирҳои нави истеҳсолӣ ва интиқоли қарорҳои пешрафтаи технологӣ ба ин кишварҳо ислоҳ хоҳанд кард, гуфт Путин зимни ФБИП.Илова бар ин, дар солҳои наздик кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Белорус, Узбакистон ва Қазоқистон “тарҳи бузургеро дар бахши энержӣ, аз ҷумла дар бахшҳои ҳастаӣ, истихроҷи маъдан ва тавлидот амалӣ хоҳанд кард”. "Онҳо ба қарорҳои технологии Русия асос ёфтаанд. Илова бар ин, дар онҳо сохторҳои молии дохилӣ ширкат мекунанд", - гуфт президенти Русия. Путин ҳамчунин ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби БРИКС таваҷҷӯҳ зоҳир кард. Ба ин тартиб, ба гуфтаи ӯ, гардиши молии мутақобилаи кишварҳои иттиҳодия аз 1 триллион доллар гузашт ва дар ҳоли афзоиш аст.Пулҳои миллӣ ва рақамӣРаисиҷумҳури Русия гуфт, Русия ҳамкории зичро бо ҳамкасбони худ дар БРИКС дар эҷод ва муомилоти пули миллии рақамӣ идома хоҳад дод. "Дар Русия тақрибан 2 сол боз як лоиҳаи озмоишии мувофиқ амалӣ мешавад. Ҳама амалиётҳои асосӣ, аз ҷумла кушодану бастани суратҳисобҳо, интиқоли байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, пардохти молу хизматрасонӣ таҳия шудаанд", - ёдовар шуд ӯ. Путин зимни суханронии худ қайд кард, ки ҳоло вазифаи асосӣ ин аст, ки истифодаи рубли рақамӣ ҳам дар байни шаҳрвандон ва ҳам дар корхонаҳо ва бонкҳо васеъ паҳн карда шавад.Роҳ ба ОсиёСаҳми G7 дар иқтисоди ҷаҳонӣ сол аз сол коҳиш меёбад, ин як раванди объективӣ аст, дар ҳоле ки ҳиссаи БРИКС меафзояд, гуфт Владимир Путин дар ФБИП. Русия бо дарназардошти тамоюлҳои ҷаҳонии рушди ҷаҳон ба самти Осиё рӯй овард, қайд кард ӯ. "Вақте онҳо ба мо мегӯянд, шумо, Русия, ба сӯи густариши равобит бо Ҷануби Ҷаҳонӣ, бо Осиё рӯй додед. Не, мо кайҳо ин тасмимҳоро бо назардошти тамоюлҳои рушди ҷаҳон қабул кардаем", - афзуд Путин. Дар баробари ин Маскав омода аст бо он кишварҳое, ки мавқеъҳои худро дар арсаи ҷаҳонӣ аз даст медиҳанд, гуфтушунид кунад.Аз 18 то 21 июн дар пойтахти шимолӣ Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург баргузор мешавад. Мавзӯи асосии Форум ин дафъа "Арзишҳои умумӣ – асоси рушд дар ҷаҳони бисёрқутбӣ" мебошад. ФБИП аз соли 1997 баргузор мешавад ва аз соли 2006 инҷониб Форум таҳти сарпарастӣ ва бо иштироки Президенти Федератсияи Русия баргузор мешавад. Чорабинӣ дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20250620/putin-modeli-navi-rushdi-jahonro-tahiya-kardaast-1068319001.html
https://sputnik.tj/20250605/mishustin-bozori-idm-baroi-rusiya-kalidi-ast-1067893084.html
https://sputnik.tj/20250417/overchuk-hissai-hisobbarobarkuniho-asori-milli-iiao-1067023404.html
русия
санкт-петербург
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/14/1068317168_509:0:3240:2048_1920x0_80_0_0_f4cdebc4e64523528027ffff194f37dd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, владимир путин, иқтисод, форуми байналмилалии иқтисодӣ, санкт-петербург
русия, владимир путин, иқтисод, форуми байналмилалии иқтисодӣ, санкт-петербург
Аз мудофиа то рубли рақамӣ: он чизе, ки Путин дар ФБИП гуфт
20:32 20.06.2025 (Навсозишуда: 20:46 20.06.2025) Русия ҳамкориҳои иқтисодиро бо як қатор шарикон дар иттиҳодияҳои гуногуни байналмилалӣ идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Русия дар тӯли ду сол бо вуҷуди душвориҳои муҳити беруна бо суръати болотар аз миёнаи ҷаҳонӣ афзоиш меёбад.
Дар ин бора Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар нишасти пленарии Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург - 2025 изҳор дошт.
Дар баробари ин, афзоиши умумии ММД на танхо ба комплекси ҳарбию саноатӣ вобаста буд, чунон ки баъзеҳо чунин мешуморанд, қайд намуд ӯ.
"Дар ду соли охир кишоварзӣ, умуман саноат, маҷмааи сохтмон, логистика, хизматрасонӣ, молия ва саноат, яъне қариб ҳамаи соҳаҳои калидӣ ва системавии муҳими иқтисодиёти ватанӣ бо аломати "плюс" фарқ карданд", - гуфт президент.
Русия ҳам ба дараҷаи пасти таърихӣ дар сатҳи бекорӣ ноил гардид, илова кард Владимир Путин.
Дар давоми 4 сол шумораи одамоне, ки дар Русия кор мекунанд, 2,4 миллион нафар афзуд. Путин қайд кард, ки аз моҳи октябри соли гузашта сатҳи бекорӣ дар кишвар мӯътадил шуда, тақрибан 2,3% -ро ташкил медиҳад.
Президенти Русия дар Форуми иқтисодӣ боз чӣ гуфт:
Дар бораи саноати мудофиа
Раисҷумҳури Русия қайд кард, ки дар ҷаҳон байни маҷмааи дифоъӣ-саноатӣ ва бахшҳои граждании иқтисод камтар ва камтар ҷудо мешавад.
"Мо бояд навовариҳои технологӣ ва ташкилиро дар бахши шаҳрвандӣ пайваста таҳлил кунем, онҳоро зуд дар бахши дифоъ ва амният ҷорӣ кунем. Дар сурати имкон ба конъюгатсияи комплекси дифоъӣ-саноатӣ дар бахши шаҳрвандӣ ноил шудан, истеҳсоли маҳсулоти дуҷонибаро ба роҳ мондан лозим аст", - гуфт ӯ зимни ҷаласаи навбатии раёсати ФБИП.
Ба гуфтаи вай, маҳз самаранокии технологӣ дар ҳама марҳалаҳо яке аз принсипҳои асосии навсозии сохтории иқтисодиёт ва таҳкими соҳибихтиёрии Федератсияи Русия шудааст.
Ҳамин тавр, суханашро идома дод президент, имрӯз барои раҳбарони тиҷорати ҷаҳонӣ, аз ҷумла баъзе ширкатҳои русӣ, вақт аз идея то татбиқи маҳсулот то чоряк ва ҳатто моҳҳо кам шудааст.
Кишварҳои шарик дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё сиёсати гумрукӣ ва тарифиро бо мақсади ҳавасмандгардонии ташаккули занҷирҳои нави истеҳсолӣ ва интиқоли қарорҳои пешрафтаи технологӣ ба ин кишварҳо ислоҳ хоҳанд кард, гуфт Путин зимни ФБИП.
Илова бар ин, дар солҳои наздик кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Белорус, Узбакистон ва Қазоқистон “тарҳи бузургеро дар бахши энержӣ, аз ҷумла дар бахшҳои ҳастаӣ, истихроҷи маъдан ва тавлидот амалӣ хоҳанд кард”.
"Онҳо ба қарорҳои технологии Русия асос ёфтаанд. Илова бар ин, дар онҳо сохторҳои молии дохилӣ ширкат мекунанд", - гуфт президенти Русия.
Путин ҳамчунин ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби БРИКС таваҷҷӯҳ зоҳир кард. Ба ин тартиб, ба гуфтаи ӯ, гардиши молии мутақобилаи кишварҳои иттиҳодия аз 1 триллион доллар гузашт ва дар ҳоли афзоиш аст.
Раисиҷумҳури Русия гуфт, Русия ҳамкории зичро бо ҳамкасбони худ дар БРИКС дар эҷод ва муомилоти пули миллии рақамӣ идома хоҳад дод.
"Дар Русия тақрибан 2 сол боз як лоиҳаи озмоишии мувофиқ амалӣ мешавад. Ҳама амалиётҳои асосӣ, аз ҷумла кушодану бастани суратҳисобҳо, интиқоли байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, пардохти молу хизматрасонӣ таҳия шудаанд", - ёдовар шуд ӯ.
Путин зимни суханронии худ қайд кард, ки ҳоло вазифаи асосӣ ин аст, ки истифодаи рубли рақамӣ ҳам дар байни шаҳрвандон ва ҳам дар корхонаҳо ва бонкҳо васеъ паҳн карда шавад.
Саҳми G7 дар иқтисоди ҷаҳонӣ сол аз сол коҳиш меёбад, ин як раванди объективӣ аст, дар ҳоле ки ҳиссаи БРИКС меафзояд, гуфт Владимир Путин дар ФБИП.
Русия бо дарназардошти тамоюлҳои ҷаҳонии рушди ҷаҳон ба самти Осиё рӯй овард, қайд кард ӯ.
"Вақте онҳо ба мо мегӯянд, шумо, Русия, ба сӯи густариши равобит бо Ҷануби Ҷаҳонӣ, бо Осиё рӯй додед. Не, мо кайҳо ин тасмимҳоро бо назардошти тамоюлҳои рушди ҷаҳон қабул кардаем", - афзуд Путин.
Дар баробари ин Маскав омода аст бо он кишварҳое, ки мавқеъҳои худро дар арсаи ҷаҳонӣ аз даст медиҳанд, гуфтушунид кунад.
Аз 18 то 21 июн дар пойтахти шимолӣ Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург баргузор мешавад.
Мавзӯи асосии Форум ин дафъа "Арзишҳои умумӣ – асоси рушд дар ҷаҳони бисёрқутбӣ" мебошад.
ФБИП аз соли 1997 баргузор мешавад ва аз соли 2006 инҷониб Форум таҳти сарпарастӣ ва бо иштироки Президенти Федератсияи Русия баргузор мешавад. Чорабинӣ дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мешавад.