Мишустин: бозори ИДМ барои Русия калидӣ аст

© Sputnik / Дмитрий Астахов / Гузариш ба медиабонкПредседатель правительства РФ Михаил Мишустин на заседании Совета глав правительств Содружества Независимых Государств (СНГ) в Душанбе.
Председатель правительства РФ Михаил Мишустин на заседании Совета глав правительств Содружества Независимых Государств (СНГ) в Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2025
Обуна шудан
Кишварҳои ИДМ метавонанд ба мушкилоти кунунӣ, аз ҷумла фишори таҳримот посухи муассир диҳанд, гуфт сарвазири Русия
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Русия иттифоқчии боэътимод ва шарики тиҷоратӣ барои кишварҳои ИДМ мебошад.
Дар ин бора сарвазири Русия Михаил Мишустин дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ дар Душанбе изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, Маскав ба кори минбаъдаи конструктивӣ бо давлатҳои ИДМ омода аст.
"Соли гузашта гардиши тиҷорати хориҷии Русия бо кишварҳои ИДМ 7% афзуда, аз 10 трлн рубл зиед шуд", - гуфт Мишустин.
Вай қайд кард, ки ҳоло дар фазои ИДМ ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ фаъолона рушд мекунад, лоиҳаҳои бузурги муштарак амалӣ карда мешаванд.
Ҳиссаи кишварҳои ИДМ дар гардиши молҳои Русия дар соли 2024 афзоиш ёфта, 15,5% - ро ташкил дод, хабар дод сарвазири Русия.
Флаги стран ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2025
Русия ҳамкориҳои гумрукии кишварҳои узви ИИАО-ро арзёбӣ кард
"Барои давлатҳои мо бозори Иттиҳод на танҳо пурмазмун боқӣ мемонад, балки дар гардиши савдои хориҷӣ калидӣ аст", - таъкид кард Мишустин.
Кишварҳои ИДМ метавонанд ба мушкилоти кунунӣ посухи муассир диҳанд, идома дод ӯ дар суханронии худ, аз ҷумла фишори таҳримҳо ва ҷангҳои афзояндаи тарифӣ, бо истифода аз бартариҳои худ.
Вай таъкид кард, ки ин барои ноил шудан ба соҳибихтиёрии технологӣ, саноатӣ ва дар маҷмӯъ барои баланд бардоштани сифати зиндагии шаҳрвандон зарур аст.
Лентаи хабарҳо
0