https://sputnik.tj/20250417/overchuk-hissai-hisobbarobarkuniho-asori-milli-iiao-1067023404.html
Оверчук: Ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ дар ҳудуди ИИАО бештар аз 90% аст
Оверчук: Ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ дар ҳудуди ИИАО бештар аз 90% аст
Sputnik Тоҷикистон
Русия ба таври муассир гузариш ба ҳисоббаробаркуниро бо асъори миллӣ анҷом дод - то охири соли 2024, онҳо тақрибан 80% амалиёти тиҷорати хориҷиро ташкил доданд
2025-04-17T17:49+0500
2025-04-17T17:49+0500
2025-04-17T17:49+0500
ииао
авруосиё
иқтисод
пули миллӣ
ҳисоббаробаркунӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/11/1067022792_0:0:3049:1716_1920x0_80_0_0_e0659d5fcf4f0e5305dd61a350714013.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ ба 93% расид.Дар ин бора муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук зимни ҷаласаи ҳукумат дар Шӯрои Федератсия хабар дод.Ба гуфтаи вай, Русия воқеан гузариш ба ҳисоббаробаркуниро бо асъори миллӣ анҷом дод - то охири соли 2024 тақрибан 80% муомилоти тиҷорати хориҷӣ ба пули миллӣ рост омад.Дар ҳамин ҳол, дар соли 2020 ҳамагӣ 25% муомилот бо пули миллӣ анҷом дода мешуд."Шарики асосии тиҷоратии мо Чин аст, ки бо он беш аз 95% ҳисоббаробаркуниҳо бо юан ва рубл анҷом дода мешаванд. Бо кишварҳои ИИАО ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ 93% ва бо Ҳиндустон 90% аст", — қайд кард Оверчук.Ба гуфтаи муовини сарвазири Русия, дар доираи ИИАО муомилот ба рубли русӣ сурат мегирад."Мо як низоми мустақили ҳисоббаробаркуниҳои мутақобиларо эҷод мекунем. Дар воқеъ мо гузаштан ба асъори миллиро анҷом додем ва дар ин ҷо рубл дар фазои ИИАО имрӯз нақши бузургеро мебозад: воқеан 75% ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила дар кишварҳои ИИАО ӣо рубли русӣ сурат мегирад. Ин барои касе мушкилот эҷод намекунад ва роҳаттар аст", — гуфт ӯ.Ёдовар мешавем, ки дар авохири соли гузашта сарони кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё эъломияеро дар бораи рушди минбаъдаи равандҳои иқтисодӣ дар чаҳорчӯби ИИАО дар дарозмуддат имзо карданд, ки он “Роҳи иқтисодии АвруОсиё” ном дошт.
https://sputnik.tj/20250416/sanoati-kishovarzii-iiao-rushd-1066999249.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/11/1067022792_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_34e159e247b62dae6e42df91c5f6eaa9.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, ҳисобаробаркуниҳо, ҳаисса, асъори миллӣ, русия, амалиёт, тиҷорат
ииао, авруосиё, ҳисобаробаркуниҳо, ҳаисса, асъори миллӣ, русия, амалиёт, тиҷорат
Оверчук: Ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ дар ҳудуди ИИАО бештар аз 90% аст
Русия ба таври муассир гузариш ба ҳисоббаробаркуниро бо асъори миллӣ анҷом дод - то охири соли 2024, онҳо тақрибан 80% амалиёти тиҷорати хориҷиро ташкил доданд
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ ба 93% расид.
Дар ин бора муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук зимни ҷаласаи ҳукумат дар Шӯрои Федератсия хабар дод.
Ба гуфтаи вай, Русия воқеан гузариш ба ҳисоббаробаркуниро бо асъори миллӣ анҷом дод - то охири соли 2024 тақрибан 80% муомилоти тиҷорати хориҷӣ ба пули миллӣ рост омад.
Дар ҳамин ҳол, дар соли 2020 ҳамагӣ 25% муомилот бо пули миллӣ анҷом дода мешуд.
"Шарики асосии тиҷоратии мо Чин аст, ки бо он беш аз 95% ҳисоббаробаркуниҳо бо юан ва рубл анҷом дода мешаванд. Бо кишварҳои ИИАО ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ 93% ва бо Ҳиндустон 90% аст", — қайд кард Оверчук.
Ба гуфтаи муовини сарвазири Русия, дар доираи ИИАО муомилот ба рубли русӣ сурат мегирад.
"Мо як низоми мустақили ҳисоббаробаркуниҳои мутақобиларо эҷод мекунем. Дар воқеъ мо гузаштан ба асъори миллиро анҷом додем ва дар ин ҷо рубл дар фазои ИИАО имрӯз нақши бузургеро мебозад: воқеан 75% ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила дар кишварҳои ИИАО ӣо рубли русӣ сурат мегирад. Ин барои касе мушкилот эҷод намекунад ва роҳаттар аст", — гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки дар авохири соли гузашта сарони кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё эъломияеро дар бораи рушди минбаъдаи равандҳои иқтисодӣ дар чаҳорчӯби ИИАО дар дарозмуддат имзо карданд, ки он “Роҳи иқтисодии АвруОсиё” ном дошт.