https://sputnik.tj/20250615/vazir-khorija-eron-shart-khatm-hamla-isroil-guft-1068142788.html
Вазири хориҷаи Эрон шарти хатми ҳамла ба Исроилро гуфт
Вазири хориҷаи Эрон шарти хатми ҳамла ба Исроилро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷии Эрон гуфт, ҳадафи ҳамлаи Исроил халалдор кардани музокирот дар бораи барномаи ҳастаӣ аст, ки ИМА аз ин ҳамла пуштибонӣ кардааст
2025-06-15T13:59+0500
2025-06-15T13:59+0500
2025-06-15T13:59+0500
эрон
исроил
дар ҷаҳон
низоъ
сиёсат
има
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/12/1067046021_0:59:3086:1795_1920x0_80_0_0_61a9ebd081931e35d1068a579405611b.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Эрон омода аст, ки аз ҳамла ба Исроил даст кашад, агар он низ аз ҳамла ба Ҷумҳурии Исломӣ даст кашад.Дар ин бора Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломӣ изҳор дошт. Ироқчӣ қайд кард, ки амалкарди Эрон "вокуниш ба таҷовуз" аст, дар ҳоле ки Исроил "ҳеҷ созиш дар масъалаи ҳастаӣ намехоҳад, музокиротро намехоҳад ва дипломатияро намепазирад". Ӯ афзуд, ки Эрон омода аст созишномаеро ба имзо расонад, ки кафолат медиҳад, ки силоҳи ҳастаиро нахоҳад дошт.Вазири умури хориҷии Эрон гуфт, ҳадафи ҳамлаи Исроил халалдор кардани музокирот дар бораи барномаи ҳастаӣ аст, ки Иёлоти Муттаҳида аз ин ҳамла пуштибонӣ кардааст. Ба таъкиди Ироқчӣ, Эрон ба иддаои Амрико бовар надорад, ки онҳо дар ҳамла ба ин ҷумҳурӣ ширкат накардаанд.Шаби 13 июн Исроил амалиёти низомиро оғоз кард, ки ҳадафаш алайҳи барномаи ҳастаии Эрон аст. Камтар аз як рӯз баъд Ҷумҳурии Исломӣ ҳамлаи ҷавобӣ анҷом дод. 14-уми июн ва шаби 15-уми июн Исроил ва Эрон дубора ба табодули зарбаҳои шадид заданд. Ҳарду ҷониб дар бораи талафот дар натиҷаи ин ҳамлаҳо хабар доданд, иқрор шуданд, ки ба як қатор объектҳо дар қаламрави худ зарба расидааст, аммо изҳор доштанд, ки хисорот маҳдуд аст. Аз моҳи апрели соли ҷорӣ Эрон ва Амрико барои ҳалли вазъ дар атрофи барномаи ҳастаии Теҳрон бо миёнҷигарии Уммон музокироти ғайримустақим доранд. Пас аз чанд талош барои ба даст овардани созиши нав, машваратҳо ба далели ихтилофи назарҳо дар мавриди ғанисозии уран зери хатари суқут қарор доштанд. Даври шашуми музокироти ду ҳайат рӯзи 15 июн дар Маскат бояд баргузор мешуд, аммо пас аз ҳамлаи Исроил ба Эрон, машваратҳо лағв шуданд.
https://sputnik.tj/20250615/kishvarho-shsh-hamalot-isroil-eron-mahkum-kardand-1068137941.html
эрон
исроил
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/12/1067046021_81:0:2810:2047_1920x0_80_0_0_a687b6d94ea12992cb12ce94bd940eb4.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазир хориҷа эрон шарт хатм ҳамла исроил
вазир хориҷа эрон шарт хатм ҳамла исроил
Вазири хориҷаи Эрон шарти хатми ҳамла ба Исроилро гуфт
Вазири умури хориҷии Эрон гуфт, ҳадафи ҳамлаи Исроил халалдор кардани музокирот дар бораи барномаи ҳастаӣ аст, ки ИМА аз ин ҳамла пуштибонӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Эрон омода аст, ки аз ҳамла ба Исроил даст кашад, агар он низ аз ҳамла ба Ҷумҳурии Исломӣ даст кашад.
Дар ин бора Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломӣ изҳор дошт.
"Ҳимояи мо комилан қонунӣ аст ва аз мавқеъи тавоно сурат мегирад. Агар таҷовуз қатъ шавад, табиист, ки иқдомоти ҷавобии мо низ қатъ хоҳад шуд",- гуфт вай дар дидор бо дипломатҳои хориҷӣ дар Теҳрон.
Ироқчӣ қайд кард, ки амалкарди Эрон "вокуниш ба таҷовуз" аст, дар ҳоле ки Исроил "ҳеҷ созиш дар масъалаи ҳастаӣ намехоҳад, музокиротро намехоҳад ва дипломатияро намепазирад".
Ӯ афзуд, ки Эрон омода аст созишномаеро ба имзо расонад, ки кафолат медиҳад, ки силоҳи ҳастаиро нахоҳад дошт.
Вазири умури хориҷии Эрон гуфт, ҳадафи ҳамлаи Исроил халалдор кардани музокирот дар бораи барномаи ҳастаӣ аст, ки Иёлоти Муттаҳида аз ин ҳамла пуштибонӣ кардааст.
Ба таъкиди Ироқчӣ, Эрон ба иддаои Амрико бовар надорад, ки онҳо дар ҳамла ба ин ҷумҳурӣ ширкат накардаанд.
Шаби 13 июн Исроил амалиёти низомиро оғоз кард, ки ҳадафаш алайҳи барномаи ҳастаии Эрон аст.
Камтар аз як рӯз баъд Ҷумҳурии Исломӣ ҳамлаи ҷавобӣ анҷом дод. 14-уми июн ва шаби 15-уми июн Исроил ва Эрон дубора ба табодули зарбаҳои шадид заданд.
Ҳарду ҷониб дар бораи талафот дар натиҷаи ин ҳамлаҳо хабар доданд, иқрор шуданд, ки ба як қатор объектҳо дар қаламрави худ зарба расидааст, аммо изҳор доштанд, ки хисорот маҳдуд аст.
Аз моҳи апрели соли ҷорӣ Эрон ва Амрико барои ҳалли вазъ дар атрофи барномаи ҳастаии Теҳрон бо миёнҷигарии Уммон музокироти ғайримустақим доранд.
Пас аз чанд талош барои ба даст овардани созиши нав, машваратҳо ба далели ихтилофи назарҳо дар мавриди ғанисозии уран зери хатари суқут қарор доштанд.
Даври шашуми музокироти ду ҳайат рӯзи 15 июн дар Маскат бояд баргузор мешуд, аммо пас аз ҳамлаи Исроил ба Эрон, машваратҳо лағв шуданд.