https://sputnik.tj/20250615/ima-mamnuiyat-vurud-tojikistoniho-amriko-barrasi-1068145123.html
ИМА мамнуияти вуруди тоҷикистониҳоро ба Амрико баррасӣ мекунад
ИМА мамнуияти вуруди тоҷикистониҳоро ба Амрико баррасӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Ёддошти дахлдори департаменти давлатӣ аз ҷониби Марко Рубио имзо шуда, ба дипломатҳои амрикоӣ, ки бо ин кишварҳо кор мекунанд, фиристода шудааст
2025-06-15T15:39+0500
2025-06-15T15:39+0500
2025-06-15T15:55+0500
дар тоҷикистон
има
тоҷикон
маҳдудият
муҳоҷират
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/0f/1056480097_0:149:3109:1898_1920x0_80_0_0_b523cb3c2efbc3758673e576c03e5974.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июн – Sputnik. Кохи Сафед масъалаи ворид кардани Тоҷикистон ва 35 кишвари дигарро ба феҳристи давлатҳое, ки вуруди шаҳрвандонашон ба ИМА мамнуъ мешавад, баррасӣ дорад.Дар ин бора нашрияи Washington Post бо истинод ба ҳуҷҷатҳои дохилии Департаменти давлатӣ гузориш медиҳад.Ба навиштаи рӯзнома, ба ин рӯйхат 25 кишвари африқоӣ, аз ҷумла Мисру Ҷибутӣ ва чанд кишвари Осиёи Марказӣ, ҳавзаи Кариб ва ҷазираҳои Уқёнуси Ором шомил хоҳанд шуд.Тавсеаи нави рӯйхат бузургтарин дар таърихи он хоҳад буд.Ёддошти дахлдори департаменти давлатӣ аз ҷониби Марко Рубио имзо шуда, ба дипломатҳои амрикоӣ, ки бо ин кишварҳо кор мекунанд, фиристода шудааст, менависад нашрия. Дар он гуфта мешавад, ки Иёлоти Муттаҳида ба кишварҳо 60 рӯз додааст, то талаботи нави Департаменти давлатиро иҷро кунанд. Меъёрҳои гуногун муайян карда шуданд, ки ин кишварҳо натавонистаанд ҷавобгӯ бошанд. Рӯзи 4 июн Трамп вуруди шаҳрвандони 12 кишвар ба Амрикоро комилан манъ карда буд.Ба он аз ҷумла Афғонистон, Чад, Конго, Гвинеяи Экваториалӣ, Ҳаитӣ, Сомалӣ ва Эронро шомил шуда буданд. Илова бар ин, раҳбари Кохи Сафед фармонеро имзо кард, ки вуруди шаҳрвандони ҳафт кишвар, аз ҷумла Узбекистон, Туркманистон, Куба ва Венесуэла ба Иёлоти Муттаҳидаро маҳдуд мекунад.
https://sputnik.tj/20250223/ima-muhojiron-osiyoi-markazi-kosta-rika-ikhroj-1066331378.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/0f/1056480097_190:0:2919:2047_1920x0_80_0_0_7e512d885b109b44701fdf8c0222a1c5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има мамнуият вуруд тоҷикистониҳо амрико баррасӣ
има мамнуият вуруд тоҷикистониҳо амрико баррасӣ
ИМА мамнуияти вуруди тоҷикистониҳоро ба Амрико баррасӣ мекунад
15:39 15.06.2025 (Навсозишуда: 15:55 15.06.2025) Ёддошти дахлдори департаменти давлатӣ аз ҷониби Марко Рубио имзо шуда, ба дипломатҳои амрикоӣ, ки бо ин кишварҳо кор мекунанд, фиристода шудааст
ДУШАНБЕ, 15 июн – Sputnik. Кохи Сафед масъалаи ворид кардани Тоҷикистон ва 35 кишвари дигарро ба феҳристи давлатҳое, ки вуруди шаҳрвандонашон ба ИМА мамнуъ мешавад, баррасӣ дорад.
Дар ин бора нашрияи Washington Post бо истинод ба ҳуҷҷатҳои дохилии Департаменти давлатӣ гузориш медиҳад.
"Иёлоти Муттаҳида имкони маҳдуд кардани вуруди шаҳрвандони 36 кишвари дигарро баррасӣ мекунад",- гуфта мешавад дар матлаб.
Ба навиштаи рӯзнома, ба ин рӯйхат 25 кишвари африқоӣ, аз ҷумла Мисру Ҷибутӣ ва чанд кишвари Осиёи Марказӣ, ҳавзаи Кариб ва ҷазираҳои Уқёнуси Ором шомил хоҳанд шуд.
Тавсеаи нави рӯйхат бузургтарин дар таърихи он хоҳад буд.
Ёддошти дахлдори департаменти давлатӣ аз ҷониби Марко Рубио имзо шуда, ба дипломатҳои амрикоӣ, ки бо ин кишварҳо кор мекунанд, фиристода шудааст, менависад нашрия.
Дар он гуфта мешавад, ки Иёлоти Муттаҳида ба кишварҳо 60 рӯз додааст, то талаботи нави Департаменти давлатиро иҷро кунанд.
Меъёрҳои гуногун муайян карда шуданд, ки ин кишварҳо натавонистаанд ҷавобгӯ бошанд.
Рӯзи 4 июн Трамп вуруди шаҳрвандони 12 кишвар ба Амрикоро комилан манъ карда буд.
Ба он аз ҷумла Афғонистон, Чад, Конго, Гвинеяи Экваториалӣ, Ҳаитӣ, Сомалӣ ва Эронро шомил шуда буданд.
Илова бар ин, раҳбари Кохи Сафед фармонеро имзо кард, ки вуруди шаҳрвандони ҳафт кишвар, аз ҷумла Узбекистон, Туркманистон, Куба ва Венесуэла ба Иёлоти Муттаҳидаро маҳдуд мекунад.