https://sputnik.tj/20250614/vukh-tojikiston-hamlahoi-isroil-ba-eronro-shadidan-mahkum-kard-1068115859.html
ВУХ Тоҷикистон ҳамлаҳои Исроил ба Эронро шадидан маҳкум кард
ВУХ Тоҷикистон ҳамлаҳои Исроил ба Эронро шадидан маҳкум кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба зарурати риояи қатъии қонунҳои байналмилалӣ ва принсипҳои ҳамзистии осоишта таъкид кард 14.06.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-06-14T10:44+0500
2025-06-14T10:44+0500
2025-06-14T10:50+0500
дар тоҷикистон
вух-и тоҷикистон
сиёсат
эрон
исроил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/17/1060113459_248:179:3566:2046_1920x0_80_0_0_7d537e41d8c329c9de32b364ad111205.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳамлаҳои Исроил ба қаламрави Эронро шадидан маҳкум кард. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод. "Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамлаи Исроил ба қаламрави Эронро маҳкум карда, аз афзоиши ташаннуҷ дар минтақа изҳори нигаронии амиқ мекунад", - омадааст дар баёнияи вазорат.Ин ниҳод зарурати қатъиян риоя намудани қонунҳои байналхалқӣ ва принсипҳои ҳамзистии осоиштаро қайд намуд. Шаби 13 июн нирӯҳои дифои Исроил алайҳи Эрон амалиёти густурдаеро бо номи "Шери барҷаста" оғоз карданд. Нерӯҳои ҳавоии Исроил ба ҳадафҳои низомӣ ва мавзеъҳои барномаи ҳастаии Эрон зарба мезанад.Нерӯҳои ҳавоии Исроил чанд мавҷи ҳамларо дар манотиқи мухталифи Эрон, аз ҷумла Теҳрон анҷом доданд, ки дар он чанд мақоми баландпояи низомии эронӣ, аз ҷумла раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва дастикам шаш донишманд дар соҳаи ҳастаӣ кушта шуданд.Ҳамчунин ба муассисаи ҳастаии Натанз, пойгоҳе барои амалиёти низомии Эрон дар шимолу ғарби кишвар низ зарба зад. Дар ҳамин ҳол, оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии Эрон дар паёме ба шаҳрвандони Эрон ҳамлаҳои Исроилро ҷиноят номид ва ваъда дод, ки ин кишварро "сарнавишти талху даҳшатнок" интизор аст. Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон, дар як сӯҳбати телефонӣ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфт, Теҳрон ба ҳамлаҳои Исроил посухи муносиб хоҳад дод. Ба гуфтаи вай, Эрон ҳеҷ гоҳ талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ накардааст ва омода аст, ки инро ба созмонҳои байналмилалӣ собит кунад. Шоми 13 июн Теҳрон ба иншооти низомии Исроил ва як маркази тавлиди мушак зарба зад. Ба гузориши хабаргузории ИРНА, дар як ҳамлаи ҷавобӣ ба Исроил, нерӯҳои мусаллаҳи Эрон барои нахустин бор дар ҷанг аз мушакҳои баллистикии зериобӣ истифода карданд.
https://sputnik.tj/20250614/pizishkiyon-eron-hamla-isroil-posukh-1068104177.html
эрон
исроил
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/17/1060113459_549:0:3280:2048_1920x0_80_0_0_3295ad083fa4d7b7adb05ce94c33e159.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, вух-и тоҷикистон, сиёсат , эрон, исроил
дар тоҷикистон, вух-и тоҷикистон, сиёсат , эрон, исроил
ВУХ Тоҷикистон ҳамлаҳои Исроил ба Эронро шадидан маҳкум кард
10:44 14.06.2025 (Навсозишуда: 10:50 14.06.2025) Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба зарурати риояи қатъии қонунҳои байналмилалӣ ва принсипҳои ҳамзистии осоишта таъкид кард
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳамлаҳои Исроил ба қаламрави Эронро шадидан маҳкум кард.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.
"Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамлаи Исроил ба қаламрави Эронро маҳкум карда, аз афзоиши ташаннуҷ дар минтақа изҳори нигаронии амиқ мекунад", - омадааст дар баёнияи вазорат.
Ин ниҳод зарурати қатъиян риоя намудани қонунҳои байналхалқӣ ва принсипҳои ҳамзистии осоиштаро қайд намуд.
"Тоҷикистон аз ҳама ҷонибҳо даъват мекунад, ки худдорӣ ва риояи принсипҳои бунёдии равобити байналмилалиро риоят кунанд", - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Шаби 13 июн нирӯҳои дифои Исроил алайҳи Эрон амалиёти густурдаеро бо номи "Шери барҷаста" оғоз карданд. Нерӯҳои ҳавоии Исроил ба ҳадафҳои низомӣ ва мавзеъҳои барномаи ҳастаии Эрон зарба мезанад.
Нерӯҳои ҳавоии Исроил чанд мавҷи ҳамларо дар манотиқи мухталифи Эрон, аз ҷумла Теҳрон анҷом доданд, ки дар он чанд мақоми баландпояи низомии эронӣ, аз ҷумла раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва дастикам шаш донишманд дар соҳаи ҳастаӣ кушта шуданд.
Ҳамчунин ба муассисаи ҳастаии Натанз, пойгоҳе барои амалиёти низомии Эрон дар шимолу ғарби кишвар низ зарба зад.
Дар ҳамин ҳол, оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии Эрон дар паёме ба шаҳрвандони Эрон ҳамлаҳои Исроилро ҷиноят номид ва ваъда дод, ки ин кишварро "сарнавишти талху даҳшатнок" интизор аст.
Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон, дар як сӯҳбати телефонӣ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфт, Теҳрон ба ҳамлаҳои Исроил посухи муносиб хоҳад дод.
Ба гуфтаи вай, Эрон ҳеҷ гоҳ талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ накардааст ва омода аст, ки инро ба созмонҳои байналмилалӣ собит кунад.
Шоми 13 июн Теҳрон ба иншооти низомии Исроил ва як маркази тавлиди мушак зарба зад. Ба гузориши хабаргузории ИРНА, дар як ҳамлаи ҷавобӣ ба Исроил, нерӯҳои мусаллаҳи Эрон барои нахустин бор дар ҷанг аз мушакҳои баллистикии зериобӣ истифода карданд.