https://sputnik.tj/20250614/pizishkiyon-eron-hamla-isroil-posukh-1068104177.html
Пизишкиён: Эрон ба ҳамлаи давлати Исроил посухи шадид хоҳад дод
Пизишкиён: Эрон ба ҳамлаи давлати Исроил посухи шадид хоҳад дод
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён ваъда дод, ки кишвараш ба Исроил посух хоҳад дод ва Тел-Авив аз кори кардаи худ пушаймон мешавад
2025-06-14T10:21+0500
2025-06-14T10:21+0500
2025-06-14T10:34+0500
эрон
исроил
посух
масъуд пизишкиён
вокуниш
ҷанг
ховари миёна
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/10/1065887179_0:55:1280:776_1920x0_80_0_0_c4c6422d1e7c54db6698f6d2fc2f8074.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Масъуд Пезешкиён, раисҷумҳури Эрон, ҳамлаи Исроил ба Эронро аблаҳона номид ва ваъдаи посух дод.Дар баёнияе, ки дар сомонаи расмии раисиҷумҳур мунташир шудааст, омадааст: "Албатта, мардум ва мақомоти Эрон дар посух ба ин ҷиноят хомӯш нахоҳанд монд ва посухи қонунӣ ва тавоно хоҳанд дод, ки душман аз иқдоми аблаҳонааш пушаймоншавад".Пизишкиён ҳамчунин қайд кард, ки Эрон ба ҳамон андоза, ки "барои сулҳу оромӣ дар минтақа талош кардааст" посухи қотеъ хоҳад дод.Вай ҳамчунин аз эрониҳо даъват кард, ки муттаҳид шаванд ва "ба маълумоти бардурӯғ ҳамчун ҷузъи ҷанги равонӣ бовар накунанд".Ёдовар мешавем, ки субҳи 13 июн нирӯҳои дифои Исроил амалиёти густардаеро оғоз карданд, ки дар он нерӯҳои ҳавоӣ ба ҳадафҳои низомӣ ва мавзеъҳои барномаи ҳастаии Эрон зарба заданд.Нерӯҳои ҳавоии Исроил дар манотиқи мухталифи Эрон, аз ҷумла Теҳрон, чанд мавҷи ҳамла анҷом доданд, ки дар он ба гуфтаи расонаҳои эронӣ, чанд афсари баландрутбаи низомии Эрон ва теъдоде аз донишмандони ҳастаӣ кушта шудаанд.Исроил ба иншооти ҳастаии Натанз, зарба зад.Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломии Эрон дар паёмаш ба шаҳрвандони Эрон ҳамлаҳои Исроил ба Эронро ҷиноят хонд ва гуфтааст, ки Исроилро "сарнавишти талх ва даҳшатнок" интизор аст.
https://sputnik.tj/20250613/khomanai-isroil-sarnavishti-talkhu-dardnok-vada-dod-1068092580.html
эрон
исроил
ховари миёна
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/10/1065887179_66:0:1205:854_1920x0_80_0_0_1e5188fef7d8ee5406e262a49a14cc78.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, пизикиён, ҳамла, теҳрон, вокуниш, посух, раисҷумҳур
эрон, пизикиён, ҳамла, теҳрон, вокуниш, посух, раисҷумҳур
Пизишкиён: Эрон ба ҳамлаи давлати Исроил посухи шадид хоҳад дод
10:21 14.06.2025 (Навсозишуда: 10:34 14.06.2025) Раисҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён ваъда дод, ки кишвараш ба Исроил посух хоҳад дод ва Тел-Авив аз кори кардаи худ пушаймон мешавад
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Масъуд Пезешкиён, раисҷумҳури Эрон, ҳамлаи Исроил ба Эронро аблаҳона номид ва ваъдаи посух дод.
Дар баёнияе, ки дар сомонаи расмии раисиҷумҳур мунташир шудааст, омадааст: "Албатта, мардум ва мақомоти Эрон дар посух ба ин ҷиноят хомӯш нахоҳанд монд ва посухи қонунӣ ва тавоно хоҳанд дод, ки душман аз иқдоми аблаҳонааш пушаймоншавад".
Пизишкиён ҳамчунин қайд кард, ки Эрон ба ҳамон андоза, ки "барои сулҳу оромӣ дар минтақа талош кардааст" посухи қотеъ хоҳад дод.
Вай ҳамчунин аз эрониҳо даъват кард, ки муттаҳид шаванд ва "ба маълумоти бардурӯғ ҳамчун ҷузъи ҷанги равонӣ бовар накунанд".
Ёдовар мешавем, ки субҳи 13 июн нирӯҳои дифои Исроил амалиёти густардаеро оғоз карданд, ки дар он нерӯҳои ҳавоӣ ба ҳадафҳои низомӣ ва мавзеъҳои барномаи ҳастаии Эрон зарба заданд.
Нерӯҳои ҳавоии Исроил дар манотиқи мухталифи Эрон, аз ҷумла Теҳрон, чанд мавҷи ҳамла анҷом доданд, ки дар он ба гуфтаи расонаҳои эронӣ, чанд афсари баландрутбаи низомии Эрон ва теъдоде аз донишмандони ҳастаӣ кушта шудаанд.
Исроил ба иншооти ҳастаии Натанз, зарба зад.
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломии Эрон дар паёмаш ба шаҳрвандони Эрон ҳамлаҳои Исроил ба Эронро ҷиноят хонд ва гуфтааст, ки Исроилро "сарнавишти талх ва даҳшатнок" интизор аст.