Хоманаӣ ба Исроил сарнавишти талху дарднок ваъда дод

© AP / Office of the Iranian Supreme Leader Верховный лидер Ирана Али Хаменеи
Верховный лидер Ирана Али Хаменеи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.06.2025
Обуна шудан
Пас аз ҳамлаи Исроил ба Эрон Алӣ Хоманаӣ, раҳбари Эрон бо судури як баёния гуфт, ки Исроил "бояд мунтазири муҷозотӣ сахт бошад"
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Хоманаӣ дар баёнияи худ таъкид кард, ки и дасти қудратманди неруии мусаллаҳи Эрон Исроилро раҳо нахоҳад кард.
Раҳбари Эрон кушта шудани чанд тан аз фармондеҳони низомӣ ва донишмандони ҳастаии ин кишварро тасдиқ карда, гуфтааст, "ҷонишинон ва ҳамкорони онон бедаранг вазоифи худро пай хоҳанд гирифт".
“Ҷонишинону ҳамкорони онон бе диранги вазоифи худро пай хоҳанд гирифт. Исроил бо ин ҷиноят, барои худ сарнавишти талху дарднокӣ тадорук дид ва онро қатъан дарёфт хоҳад кард”, - қайд кард Хоманаӣ.
Ба иттилои хабаргузории ИРНА, дар пайи ҳамлаи террористии режими саҳюнӣ ба Теҳрону теъдоде аз шаҳрҳои кишвар, шуморе аз фармондиҳони Низомӣ, донишмандону мардуми ғайринизомӣ ба шаҳодати расиданд.
Дар ҳамин ҳол , ситоди мудирияти буҳрон аз шаҳрвандон дархост кард оромиши худро ҳифз кунанд, ба манзури ҳифзи назми умумӣ, аз ҳаргуна иқдомҳо ки муҷиби изтироб умумӣ мешавад, худдорӣ кунанд ва фақат ба иттилооти расмӣ ва муътабар тавваҷуҳ кунанд.
Начальник генерального штаба вооруженных сил Ирана генерал Мохаммад Хоссейн Багери - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.06.2025
Ҳамлаи Исроил ба Теҳрон: Фармондеҳони баландпоя ва донишмандони эронӣ кушта шуданд
Мақомоти Эрон аз сокинон хоҳиш кардааст, ки ахбору дастуруламалҳои расмиро фақат аз расонаи миллӣ, каналҳои иртиботии муътабару расонаҳои расмӣ дарёфт кунанд ва фаъолони фазои маҷозӣ низ амнияти равонии ҷомеъаро увлавияти аввал дар назар бигиранд, аз тараддудҳои ғайризарурӣ ҳатто алимкон худдорӣ кунанд ва дар сурати ниёз бо кадри имдодӣ ҳамкорӣ кунанд.
Ёдовар мешавем, ки Исроил бо истифода аз паҳподҳо ва 200 ҳавопаймои ҷангӣ ба қаламрави Эрон ҳамлаи густарджа анҷом дод, ки дар он чан тан аз фармондеҳони аршад ва донишмандони бахши ҳастаии Эрон кушта шуданд.
Лентаи хабарҳо
0