https://sputnik.tj/20250614/namoyandai-tijorati-tojikiston-rusiya-bunyodi-porki-sanoati-1068102856.html
Намояндаи тиҷоратӣ: Тоҷикистону Русия омода ҳастанд, барои бунёди порки саноатӣ кор кунанд
Намояндаи тиҷоратӣ: Тоҷикистону Русия омода ҳастанд, барои бунёди порки саноатӣ кор кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Александр Рибас гуфт, ки ҷонибҳо омодаанд, дар Душанбе порки технологӣ таъсис диҳанд, барои ҳамоҳангсозии фаъолияти он корҳои густурда анҷом дода шудаанд
2025-06-14T12:59+0500
2025-06-14T12:59+0500
2025-06-14T12:59+0500
дар тоҷикистон
русия
тиҷорат
саноат
ҳамкорӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/0d/1068095560_149:195:1089:724_1920x0_80_0_0_fb2b15a635bbfaeaa5fbf92a112a89fe.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Русия ва Тоҷикистон омодаанд дар бунёди як порки саноатӣ дар Душанбе ҳамкорӣ кунанд.Дар ин бора намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Александр Рибас дар чаҳорчӯби Анҷумани имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақа, ки дар шаҳри Хуҷанд ҷараён дорад, изҳор дошт, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон."Барои ҳамоҳангсозии фаъолияти он, ташхиси оператори эҳтимолӣ ва муайян кардани ҳаҷми маблағгузории зарурӣ корҳои васеъмиқёс анҷом дода шуданд", - таъкид кард намояндаи тиҷоратӣ.Рибас дар инчунин хотиррасон кард, ки молҳои асосии ба Тоҷикистон содирот мешаванд ғайр аз махсулоти нефтӣ аз рӯи анъана маҳсулоти озукаворӣ ва химиявӣ, чӯбу тахта ва металлҳои сиёҳ мебошанд.Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вай, афзоиши содироти маҳсулоти тайёр барои Тоҷикистон муҳим аст."Вазифаи асосие, ки ҳукумати Русия дар назди намояндагиҳои тиҷоратӣ гузоштааст, афзоиши пешбурди содироти ашёи хом ва ғайриэнергетикӣ буд. Имрӯз дар назди мо вазифа қарор дорад, ки воридотро аз кишварҳое, ки дар онҳо фаъолият дорем, зиёд кунем. Ман фикр мекунам, ки барои Тоҷикистон афзоиши содироти маҳсулоти тайёр дар тамоми бахшҳо муҳим аст. Ва мо, албатта, ба ин мусоидат хоҳем кард", - қайд кард ӯ.Ҳамин тариқ, дар соли 2024 ба ҷумҳурӣ ба миқдори назаррас ашёи хоми озуқаворӣ ва кишоварзӣ, маҳсулоти селлюлозаю коғаз ва металл ворид карда шуд, гуфт намояндаи тиоратии Русия.Қаблан маълум шуд, ки фарқияти байни содирот ва воридоти Тоҷикистон то 4 маротиба афзоиш ёфтааст.Коҳиши содирот ба коҳиши фурӯши металлу сангҳои қиматбаҳо дар ҷумҳурӣ марбут аст – дар 4 моҳи соли ҷорӣ ин рақам 247 маротиба коҳиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20250613/rohbari-totoriston-nbo-roghun-bozdid-kard-1068098306.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/0d/1068095560_93:0:1058:724_1920x0_80_0_0_341cbca2659d5174b09df84cb411bfe5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, равобит, тиҷорат, порки саноатӣ, душанбе
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, равобит, тиҷорат, порки саноатӣ, душанбе
Намояндаи тиҷоратӣ: Тоҷикистону Русия омода ҳастанд, барои бунёди порки саноатӣ кор кунанд
Александр Рибас гуфт, ки ҷонибҳо омодаанд, дар Душанбе порки технологӣ таъсис диҳанд, барои ҳамоҳангсозии фаъолияти он корҳои густурда анҷом дода шудаанд
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Русия ва Тоҷикистон омодаанд дар бунёди як порки саноатӣ дар Душанбе ҳамкорӣ кунанд.
Дар ин бора намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Александр Рибас дар чаҳорчӯби Анҷумани имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақа, ки дар шаҳри Хуҷанд ҷараён дорад, изҳор дошт, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
"Барои ҳамоҳангсозии фаъолияти он, ташхиси оператори эҳтимолӣ ва муайян кардани ҳаҷми маблағгузории зарурӣ корҳои васеъмиқёс анҷом дода шуданд", - таъкид кард намояндаи тиҷоратӣ.
Рибас дар инчунин хотиррасон кард, ки молҳои асосии ба Тоҷикистон содирот мешаванд ғайр аз махсулоти нефтӣ аз рӯи анъана маҳсулоти озукаворӣ ва химиявӣ, чӯбу тахта ва металлҳои сиёҳ мебошанд.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вай, афзоиши содироти маҳсулоти тайёр барои Тоҷикистон муҳим аст.
"Вазифаи асосие, ки ҳукумати Русия дар назди намояндагиҳои тиҷоратӣ гузоштааст, афзоиши пешбурди содироти ашёи хом ва ғайриэнергетикӣ буд. Имрӯз дар назди мо вазифа қарор дорад, ки воридотро аз кишварҳое, ки дар онҳо фаъолият дорем, зиёд кунем. Ман фикр мекунам, ки барои Тоҷикистон афзоиши содироти маҳсулоти тайёр дар тамоми бахшҳо муҳим аст. Ва мо, албатта, ба ин мусоидат хоҳем кард", - қайд кард ӯ.
Ҳамин тариқ, дар соли 2024 ба ҷумҳурӣ ба миқдори назаррас ашёи хоми озуқаворӣ ва кишоварзӣ, маҳсулоти селлюлозаю коғаз ва металл ворид карда шуд, гуфт намояндаи тиоратии Русия.
Қаблан маълум шуд, ки фарқияти байни содирот ва воридоти Тоҷикистон то 4 маротиба афзоиш ёфтааст.
Коҳиши содирот ба коҳиши фурӯши металлу сангҳои қиматбаҳо дар ҷумҳурӣ марбут аст – дар 4 моҳи соли ҷорӣ ин рақам 247 маротиба коҳиш ёфтааст.