https://sputnik.tj/20250613/rohbari-totoriston-nbo-roghun-bozdid-kard-1068098306.html
Роҳбари Тотористон аз НБО “Роғун” боздид кард
Роҳбари Тотористон аз НБО “Роғун” боздид кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷараёни сафари расмӣ роҳбари Тотористон бо рафти сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ ва кори чархаҳои “Роғун” шинос шуданд
2025-06-13T15:59+0500
2025-06-13T15:59+0500
2025-06-13T15:59+0500
дар тоҷикистон
тотористон
роғун
нбо "роғун"
энергетика
русия
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/0d/1068092857_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_693aea5b05457567efd555c334336f6d.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Дар доираи сафари расмии худ ба Тоҷикистон Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов бо ҳайати ҳамроҳон аз Неругоҳи барқи обии "Роғун" боздид кард.Дар ин бора дафтари матбуоти НБО “Роғун” хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, меҳмонон зимни боздид бо раванди корҳои сохтмонӣ ва фаъолияти агрегатҳои амалкунандаи неругоҳ аз наздик шинос гардиданд.Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки НБО "Роғун" бо иқтидори лоиҳавии 3600 мегаватт калонтарин иншооти гидроэнергетикии минтақа ба шумор меравад ва ба рушди устувори иқтисодӣ ва истиқлоли энергетикии Тоҷикистон саҳми назаррас мегузорад.Зимни шиносоӣ роҳбарияти неругоҳ оид ба иҷрои корҳои муҳандисиву техникӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва раванди омодасозии марҳилаҳои минбаъдаи сохтмон суҳбат карданд.Дар ҷараёни суҳбат бо намояндагони неругоҳ, Рустам Минниханов ибрози назар кард, ки: Роғун - на танҳо як иншооти бузурги гидроэнергетикӣ, балки ифтихори мардуми Тоҷикистон ва намунаи таҷрибаи беназири муҳандисӣ дар минтақа мебошад.“Мо дар Тотористон низ бо таваҷҷуҳ фаъолияти иншооти стратегиро пайгирӣ менамоем ва омодаем дар оянда доир ба густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла энергетика, иқтисод ва саноат, иқдом намоем”, - гуфт ӯ.Дар анҷоми боздид Рустам Минниханов ба Китоби ифтихории НБО "Роғун – Кохи Нур" соядаст гузошта, аз дидани иншооти нодиру умедбахши энергетикӣ изҳори хушнудӣ намуд ва онро рамзи ояндаи пешрафти минтақа номид.Қайд карда шудааст, ки боздиди роҳбари Тотористон аз НБО "Роғун" як заминаи хубе барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Тотористон хоҳад буд.
https://sputnik.tj/20250612/totoriston-tijorat-tojikiston-afzoish-1068061373.html
тотористон
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/0d/1068092857_62:109:989:804_1920x0_80_0_0_c7056e9e083baab2ddda308adf8d2584.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, тотористон, рустам миниханов, роғун, боздид, сохтмон, энергетика
тоҷикистон, тотористон, рустам миниханов, роғун, боздид, сохтмон, энергетика
Роҳбари Тотористон аз НБО “Роғун” боздид кард
Дар ҷараёни сафари расмӣ роҳбари Тотористон бо рафти сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ ва кори чархаҳои “Роғун” шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Дар доираи сафари расмии худ ба Тоҷикистон Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов бо ҳайати ҳамроҳон аз Неругоҳи барқи обии "Роғун" боздид кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти НБО “Роғун” хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, меҳмонон зимни боздид бо раванди корҳои сохтмонӣ ва фаъолияти агрегатҳои амалкунандаи неругоҳ аз наздик шинос гардиданд.
Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки НБО "Роғун" бо иқтидори лоиҳавии 3600 мегаватт калонтарин иншооти гидроэнергетикии минтақа ба шумор меравад ва ба рушди устувори иқтисодӣ ва истиқлоли энергетикии Тоҷикистон саҳми назаррас мегузорад.
Зимни шиносоӣ роҳбарияти неругоҳ оид ба иҷрои корҳои муҳандисиву техникӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва раванди омодасозии марҳилаҳои минбаъдаи сохтмон суҳбат карданд.
Дар ҷараёни суҳбат бо намояндагони неругоҳ, Рустам Минниханов ибрози назар кард, ки: Роғун - на танҳо як иншооти бузурги гидроэнергетикӣ, балки ифтихори мардуми Тоҷикистон ва намунаи таҷрибаи беназири муҳандисӣ дар минтақа мебошад.
“Мо дар Тотористон низ бо таваҷҷуҳ фаъолияти иншооти стратегиро пайгирӣ менамоем ва омодаем дар оянда доир ба густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла энергетика, иқтисод ва саноат, иқдом намоем”, - гуфт ӯ.
Дар анҷоми боздид Рустам Минниханов ба Китоби ифтихории НБО "Роғун – Кохи Нур" соядаст гузошта, аз дидани иншооти нодиру умедбахши энергетикӣ изҳори хушнудӣ намуд ва онро рамзи ояндаи пешрафти минтақа номид.
Қайд карда шудааст, ки боздиди роҳбари Тотористон аз НБО "Роғун" як заминаи хубе барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Тотористон хоҳад буд.