Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

"Касе фикр намекард": Трамп дар бораи низоъ дар Украина изҳороти нав кард

© AP / POOLПрезидент США Дональд Трамп. Архивное фото
Президент США Дональд Трамп. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2025
Обуна шудан
Раисумҳури ИМА Доналд Трамп муноқишаи Русия ва Украинаро ҷанги муоссир ва паҳподӣ номид
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Президенти ИМА Доналд Трамп низоъ байни Русия ва Украинаро шарҳ дода таъкид кард, ки ба ин низоъ ҳавопаймоҳои бесарнишин таъсири назаррас расонида симои ҷангро иваз намудааст.
Вай дар ин бора дар як суҳбате дар подкасти “Pod Force One” изҳор доштааст.
“Агар ба ин ҷанги мудҳиш миёни Русия ва Украина, ки мо кӯшиши хотимаи онро дорем, шоҳиди он ҳастем, ки ин низоъ ба як ҷанги ҳавопаймоҳои бесарнишин мубаддал гаштааст”, - гуфт Трамп.
Трамп афзуд, ки ҳавопаймоҳои бесарнишин дорои системаи ҳуш масъснуӣ ҳастанд ва се сол пеш касе тасаввур намекард, ки паҳподҳо дар майдони ҷанг нақши муҳимро бозӣ хоҳанд кард.
Президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Трамп гуфт, Украина ба Русия далеле дод, ки онро бомбаборон кунад
"Кӣ фикр мекард, ки як ҳавопаймои бесарнишин ин қадар силоҳи тавоно мешавад! Паҳподҳо ҷойгузини аксари навъҳои силоҳ, ҳатто ҳавопаймоҳо шудааст", - қайд кард президенти ИМА.
Ҳафтаи гузашта Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, системаҳои бесарнишини русиро дар бахшҳои муайян пешрафтатарин дар ҷаҳон номид ва хориҷиён аксаран онҳоро нусхабардорӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0