https://sputnik.tj/20250607/tramp-ukraina-rusiya-dalel-bombaboron-kunad-1067951978.html
Трамп гуфт, Украина ба Русия далеле дод, ки онро бомбаборон кунад
Трамп гуфт, Украина ба Русия далеле дод, ки онро бомбаборон кунад
Sputnik Тоҷикистон
Ин ҳарфҳоро кишвардори Трамп пас аз ҳамлаи Украина ба ҳавопаймоҳои бесарнишин ба фурудгоҳҳои панҷ минтақаи Русия баён дошт 07.06.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-06-07T18:17+0500
2025-06-07T18:17+0500
2025-06-09T12:25+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар ҷаҳон
амрико
доналд трамп
русия
украина
сиёсат
амалиёти вижа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/14/1067408290_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_f37807b0d986e4df353a62bfa3368011.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Украина ба Русия сабабе дод, ки онро бомбаборон кунад, иттилоъ дод кишвардори Амрико Доналд Трамп ба хабарнигорон, менависад РИА Новости. Изҳороти дигари Трамп: Ёдовар мешавем, ки шоми чаҳоршанбе руасои ҷумҳури Русия ва Амрико гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд, ки беш аз як соат идома кард. Аз ҷумла, онҳо натиҷаҳои музокирот дар Истанбул ва ҳамлаҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба фурудгоҳҳои Русияро баррасӣ карданд.Трамп қайд кард, ки режими Киев ӯро аз нақшаҳои худ огоҳ накардааст. Аммо Путин гуфт, ки Маскав зарбаҳои Украинаро беҷавоб намегузорад. Рӯзи якшанбеи гузашта вазорати дифоъ аз ҳамлаҳои террористии нерӯҳои мусаллаҳи Украина бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишини FPV дар фурудгоҳҳои панҷ минтақа хабар дод. Ҳамла ба вилоятҳои Иваново, Рязанӣ ва Амур сурат гирифт. Бар асари ҳамалот дар иншооти вилоятҳои Мурманск ва Иркутск сӯхтор зад ва оташнишонон онро бидуни талафоти ҷонӣ хомӯш карданд.Бархе аз афроди даст доштан дар ҳамлаҳо боздошт шуданд. Масъулияти ҳамлаҳои террористиро раҳбари режими Киев бар ӯҳда гирифт.
https://sputnik.tj/20250601/rusiya-takror-sozishnoma-minsk-ukraina-ijozat-namedihad-nebenzya-1067770357.html
амрико
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/14/1067408290_324:0:3055:2048_1920x0_80_0_0_fe4b3c899daf2e8b964e7527f794e7d9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, амрико, доналд трамп, русия, украина, сиёсат , амалиёти вижа
дар ҷаҳон, амрико, доналд трамп, русия, украина, сиёсат , амалиёти вижа
Трамп гуфт, Украина ба Русия далеле дод, ки онро бомбаборон кунад
18:17 07.06.2025 (Навсозишуда: 12:25 09.06.2025) Ин ҳарфҳоро кишвардори Трамп пас аз ҳамлаи Украина ба ҳавопаймоҳои бесарнишин ба фурудгоҳҳои панҷ минтақаи Русия баён дошт
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Украина ба Русия сабабе дод, ки онро бомбаборон кунад, иттилоъ дод кишвардори Амрико Доналд Трамп ба хабарнигорон, менависад РИА Новости.
"Украина ба Путин далел дод, ки шаби гузашта рафта онҳоро бомбаборон кунад. Ин ба ман писанд наомад. Вақте инро дидам, гуфтам: "Хуб, ҳоло бомбаборон сурат мегирад", - гуфт роҳбари Кохи сафед.
вай умедвор аст, ки Русия музокирот барои ҳалли низоъ дар Украинаро қатъ намекунад;
рохбари Амрико метарсад, ки вазъият ба ҷанги ядроӣ табдил ёфта метавонад;
президент аз сенат талаб накард, ки таҳримҳои зидди Маскавро, ки дар конгресс тайёр карда шуда буд, нарм кунад ва ӯ ҳуқуқи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои навро дар худ нигоҳ медорад.
Ёдовар мешавем, ки шоми чаҳоршанбе руасои ҷумҳури Русия ва Амрико гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд, ки беш аз як соат идома кард.
Аз ҷумла, онҳо натиҷаҳои музокирот дар Истанбул ва ҳамлаҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба фурудгоҳҳои Русияро баррасӣ карданд.
Трамп қайд кард, ки режими Киев ӯро аз нақшаҳои худ огоҳ накардааст. Аммо Путин гуфт, ки Маскав зарбаҳои Украинаро беҷавоб намегузорад.
Рӯзи якшанбеи гузашта вазорати дифоъ аз ҳамлаҳои террористии нерӯҳои мусаллаҳи Украина бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишини FPV дар фурудгоҳҳои панҷ минтақа хабар дод.
Ҳамла ба вилоятҳои Иваново, Рязанӣ ва Амур сурат гирифт. Бар асари ҳамалот дар иншооти вилоятҳои Мурманск ва Иркутск сӯхтор зад ва оташнишонон онро бидуни талафоти ҷонӣ хомӯш карданд.
Бархе аз афроди даст доштан дар ҳамлаҳо боздошт шуданд. Масъулияти ҳамлаҳои террористиро раҳбари режими Киев бар ӯҳда гирифт.