https://sputnik.tj/20250612/bunyod-porkhoi-mushtaraki-sanoati-totoriston-tojikiston-1068060636.html
Бунёди порки муштараки саноатӣ бо Тотористон дар Тоҷикистон
Бунёди порки муштараки саноатӣ бо Тотористон дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Тотористон таъсиси поркҳои саноатӣ дар кишварҳои ҳамсояро идома медиҳад. Холо дар Тоҷикистон баррасии лоиҳа ва интихоби макон барои сохтмон идома дорад
2025-06-12T11:02+0500
2025-06-12T11:02+0500
2025-06-12T11:02+0500
дар тоҷикистон
тотористон
порк
саноат
душанбе
ҳамкорӣ
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/04/1063094889_0:272:3158:2048_1920x0_80_0_0_94e4403c46474e11745f099af9c4d83c.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik.Тоҷикистон метавонад бо Тотористон порки муштараки саноатӣ бунёд кунад.Дар ин бора масъулини Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон дар мулоқот бо иштирокдорони экспедитсияи байналмилалии "Сафар ба қалби АвруОсиё" хабар дод.Чорабинӣ дар Агентии рушди сармоягузории Тотористон баргузор гардид.Ба гуфтаи мақомдори тоҷик, кишвар бо технополиси "Химград"-и Тотористон ҳамкорӣ хоҳад кард.Вобаста ба якҷоя тақвият додани саноати кимиёии кишвар созишномаҳо баста шудаанд.Илова бар ин, мақомдори тоҷик қайд кард, ки дар мавриди интиқоли нафт қарордодҳо бо Тотористон вуҷуд доранд.“Дар яке аз минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон сармоягузорони чинӣ як корхонаи коркарди нафт сохтаанд. Ширкати “Татнефт”-и Тотористон ва ширкати озарбойҷонии “Сокар” дар бораи фаъолияти муштараки ин корхона ба мувофиқа расиданд”, - гуфт ӯ.Муовини вазири саноат ва савдои Тотористон Герман Лернер хабар дод, ки дар Озарбойҷон сохтмони як порки технологии муштарак бо Тотористон ба анҷом мерасад.Ҳамчунин дар Узбекистон боз ду технопарк сохта мешавад — инҳо комбинатхои тараққиёти саноатии Бухоро ва Навоӣ мебошанд. Ба гуфтаи муовини вазир, бо чанд кишвари дигар барои ифтитоҳи поркҳои саноатӣ дар қаламрави онҳо музокирот идома дорад.Вай афзуд, ки аввалин ду технопорк дар Узбекистон аллакай фаъолият мекунанд - Чирчиқ ва Ҷиззах."Чаро мо ин корро мекунем: кишвар ба мо майдонҳои тайёр бо таъмир ва зерсохтор бо обу газ ва барқ таъминанд. Мо, Тотористон, Русия, бо салоҳиятҳои худ ворид мешавем, зеро минтақаҳои махсуси иқтисодии мо бомуваффақият фаъолият мекунанд. Ширкати мо ин паркҳои саноатиро идора хоҳанд кард. Инчунин, муҳим он аст, ки мо бо ҷалби ҷойҳои нави корӣ бо сармояи резидентҳо ворид мешавем ва ба буҷа андоз месупорем, ҳамчунин нҳо ба бозорҳои нав роҳ пайдо мекунанд. Ҳоло бисёр ширкатҳое, ки дар Ӯзбекистон филиал доранд ва дар поркҳои технологӣ ҷойгиранд, аллакай ба кишварҳои дигар маҳсулот содир мекунанд”, -- қайд кард Муовини вазири саноат ва савдои Тотористон.Дар ҳамин ҳол, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло аз таъсиси поркҳои муштараки саноатӣ ва IT, поркҳои технологӣ ва кластерҳои илмию истеҳсолӣ бо кишварҳои ИДМ хабар дод."Чунин форматҳо ба мо имкон медиҳанд, ки захираҳо, салоҳиятҳо ва иқтидори инноватсиониро муттаҳид созем. Мехостам кори фаъолро бо Русия дар заминаи таъсиси порки саноатӣ дар Тоҷикистон қайд намоям", - гуфт ӯ.
https://sputnik.tj/20250421/vazorati-sanoat-pork-sanoati-mushtarak-rusiya-tojikiston-idora-1067067630.html
https://sputnik.tj/20250430/peshnihod-tojikiston-eron-tasisi-parki-mushtarak-sanoati-1067176953.html
тотористон
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/04/1063094889_255:0:2986:2048_1920x0_80_0_0_b2022dad6f42f9e42cd5a7bb17261d0a.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, тотористон, порки саноатӣ, таъсис, сохтмон, бунёд, ҳамкорӣ
тоҷикистон, тотористон, порки саноатӣ, таъсис, сохтмон, бунёд, ҳамкорӣ
Бунёди порки муштараки саноатӣ бо Тотористон дар Тоҷикистон
Тотористон таъсиси поркҳои саноатӣ дар кишварҳои ҳамсояро идома медиҳад. Холо дар Тоҷикистон баррасии лоиҳа ва интихоби макон барои сохтмон идома дорад
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik.Тоҷикистон метавонад бо Тотористон порки муштараки саноатӣ бунёд кунад.
Дар ин бора масъулини Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон дар мулоқот бо иштирокдорони экспедитсияи байналмилалии "Сафар ба қалби АвруОсиё" хабар дод.
Чорабинӣ дар Агентии рушди сармоягузории Тотористон баргузор гардид.
Ба гуфтаи мақомдори тоҷик, кишвар бо технополиси "Химград"-и Тотористон ҳамкорӣ хоҳад кард.
Вобаста ба якҷоя тақвият додани саноати кимиёии кишвар созишномаҳо баста шудаанд.
"Мо бо Русия дар мавриди таъсиси як порки бузурги саноатӣ дар Душанбе қарордод имзо кардем. Ҳайати Тотористон низ барои интихоби макон ва дар оянда таъсиси поркҳои саноатии муштарак ба Тоҷикистон омада буд", - гуфт масъули вазорати иқтисоди кишвар.
Илова бар ин, мақомдори тоҷик қайд кард, ки дар мавриди интиқоли нафт қарордодҳо бо Тотористон вуҷуд доранд.
“Дар яке аз минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон сармоягузорони чинӣ як корхонаи коркарди нафт сохтаанд. Ширкати “Татнефт”-и Тотористон ва ширкати озарбойҷонии “Сокар” дар бораи фаъолияти муштараки ин корхона ба мувофиқа расиданд”, - гуфт ӯ.
Муовини вазири саноат ва савдои Тотористон Герман Лернер хабар дод, ки дар Озарбойҷон сохтмони як порки технологии муштарак бо Тотористон ба анҷом мерасад.
Ҳамчунин дар Узбекистон боз ду технопарк сохта мешавад — инҳо комбинатхои тараққиёти саноатии Бухоро ва Навоӣ мебошанд. Ба гуфтаи муовини вазир, бо чанд кишвари дигар барои ифтитоҳи поркҳои саноатӣ дар қаламрави онҳо музокирот идома дорад.
Вай афзуд, ки аввалин ду технопорк дар Узбекистон аллакай фаъолият мекунанд - Чирчиқ ва Ҷиззах.
"Чаро мо ин корро мекунем: кишвар ба мо майдонҳои тайёр бо таъмир ва зерсохтор бо обу газ ва барқ таъминанд. Мо, Тотористон, Русия, бо салоҳиятҳои худ ворид мешавем, зеро минтақаҳои махсуси иқтисодии мо бомуваффақият фаъолият мекунанд. Ширкати мо ин паркҳои саноатиро идора хоҳанд кард. Инчунин, муҳим он аст, ки мо бо ҷалби ҷойҳои нави корӣ бо сармояи резидентҳо ворид мешавем ва ба буҷа андоз месупорем, ҳамчунин нҳо ба бозорҳои нав роҳ пайдо мекунанд. Ҳоло бисёр ширкатҳое, ки дар Ӯзбекистон филиал доранд ва дар поркҳои технологӣ ҷойгиранд, аллакай ба кишварҳои дигар маҳсулот содир мекунанд”, -- қайд кард Муовини вазири саноат ва савдои Тотористон.
Дар ҳамин ҳол, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло аз таъсиси поркҳои муштараки саноатӣ ва IT, поркҳои технологӣ ва кластерҳои илмию истеҳсолӣ бо кишварҳои ИДМ хабар дод.
"Чунин форматҳо ба мо имкон медиҳанд, ки захираҳо, салоҳиятҳо ва иқтидори инноватсиониро муттаҳид созем. Мехостам кори фаъолро бо Русия дар заминаи таъсиси порки саноатӣ дар Тоҷикистон қайд намоям", - гуфт ӯ.