https://sputnik.tj/20250421/vazorati-sanoat-pork-sanoati-mushtarak-rusiya-tojikiston-idora-1067067630.html
Вазорати саноат гуфт, Порки саноатӣ”-и муштараки Русияву Тоҷикистонро кӣ идора мекунад
Вазорати саноат гуфт, Порки саноатӣ”-и муштараки Русияву Тоҷикистонро кӣ идора мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистн эълон кард, ки “Порки саноатӣ”-и муштараки Русия ва Тоҷикистон таҳти идораи Русия хоҳад буд
2025-04-21T19:03+0500
2025-04-21T19:03+0500
2025-04-21T19:03+0500
дар тоҷикистон
саноат
русия
бозор
маҳсулот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/15/1067068759_0:45:3480:2003_1920x0_80_0_0_f670234490e9177c5113f51fc0756121.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. “Порки саноатӣ”-и муштараки Русия ва Тоҷикистон таҳти идораи Русия хоҳад буд ва ширкатҳои Русия ва кишварҳои дигар метавонанд узви ин лоиҳа шаванд.Дар ин бора вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, ин иқдом имкон медиҳад, маҳсулот ба бозорҳои Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя содирот шавад.Ёдовар мешавем, ки Русия ва Тоҷикистон як парки муштараки саноатӣ таъсис медиҳанд.Ин Порки саноатӣ имкон медиҳад то соли 2030, гардиши мол миёни кишварҳоро ба маротиб афзоиш диҳад.Вазорат хабар додааст, ки ахиран муовини директори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иҷозатномадиҳӣ дар умури савдои хориҷии Вазорати саноат ва савдои Русия Артур Галиуллин ҷанбаҳои асосии лоиҳаро дар Душанбе дар майдони Корхонаи воҳиди давлатии "Коргоҳи мошинсозӣ" муаррифӣ намуд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ҳукумат созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи таъсиси парки саноатиро қабул кард.Қаблан хабар дода шуда буд, ки “Порки саноатӣ”-и муштараки Русия ва Тоҷикистон метавонад дар ҳудуди корхонаи "Коргоҳи мошинсозӣ" (собиқ иттиҳодияи истеҳсолии "Тоҷиктекстилмаш") таъсис ёбад.
https://sputnik.tj/20250310/tojikiston-hajm-istehsol-mahsulot-sanoat-afzud-1066506619.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/15/1067068759_375:0:3106:2048_1920x0_80_0_0_8e1f8926190e4405d769455631ce27ec.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, саноат, русия, бозор, маҳсулот
дар тоҷикистон, саноат, русия, бозор, маҳсулот
Вазорати саноат гуфт, Порки саноатӣ”-и муштараки Русияву Тоҷикистонро кӣ идора мекунад
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистн эълон кард, ки “Порки саноатӣ”-и муштараки Русия ва Тоҷикистон таҳти идораи Русия хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. “Порки саноатӣ”-и муштараки Русия ва Тоҷикистон таҳти идораи Русия хоҳад буд ва ширкатҳои Русия ва кишварҳои дигар метавонанд узви ин лоиҳа шаванд.
Дар ин бора вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин иқдом имкон медиҳад, маҳсулот ба бозорҳои Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя содирот шавад.
Ёдовар мешавем, ки Русия ва Тоҷикистон як парки муштараки саноатӣ таъсис медиҳанд.
Ин Порки саноатӣ имкон медиҳад то соли 2030, гардиши мол миёни кишварҳоро ба маротиб афзоиш диҳад.
"Русия ва Тоҷикистон як парки муштараки саноатӣ таъсис медиҳанд. Таъсиси парки саноатӣ шумораи операторони иқтисодии саноатии Русияро дар кишвар афзоиш медиҳад ва ба афзоиши 2,5 баробарии гардиши моли миёни Русия ва Тоҷикистон (то соли 2030) мусоидат хоҳад кард", - қайд кардааст вазорати саноат.
Вазорат хабар додааст, ки ахиран муовини директори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иҷозатномадиҳӣ дар умури савдои хориҷии Вазорати саноат ва савдои Русия Артур Галиуллин ҷанбаҳои асосии лоиҳаро дар Душанбе дар майдони Корхонаи воҳиди давлатии "Коргоҳи мошинсозӣ" муаррифӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ҳукумат созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи таъсиси парки саноатиро қабул кард.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки “Порки саноатӣ”-и муштараки Русия ва Тоҷикистон метавонад дар ҳудуди корхонаи "Коргоҳи мошинсозӣ" (собиқ иттиҳодияи истеҳсолии "Тоҷиктекстилмаш") таъсис ёбад.