https://sputnik.tj/20250430/peshnihod-tojikiston-eron-tasisi-parki-mushtarak-sanoati-1067176953.html
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Эрон дар бораи таъсиси Парки муштараки саноатӣ
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Эрон дар бораи таъсиси Парки муштараки саноатӣ
Sputnik Тоҷикистон
Имкон дорад парки саноатӣ ҳамчун як корхонаи муштарак бо сармоягузорӣ ва фанновариҳои Эрон дар ҳудуди Тоҷикистон таъсис ёбад
2025-04-30T14:16+0500
2025-04-30T14:16+0500
2025-04-30T14:16+0500
дар тоҷикистон
шералӣ кабир
саноат
эрон
ҳамкорӣ
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/1e/1067175413_152:42:1439:766_1920x0_80_0_0_afb4bbc52f5f50561d5c499f59b81518.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Тоҷикистон ва Эрон имкони таъсиси як парки технологии муштаракро баррасӣ карданд.Чунин тарҳҳоро вазири саноат ва фанновариҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва муовини аввали раисиҷумҳури Эрон Алӣнаҷафи Хушрудӣ баррасӣ кардаанд.Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии вазорати саноъати Тоҷикистон, ин мулоқот дар чаҳорчӯби ҳафтумин Намоишгоҳи зарфияти содиротии Эрон Expo 2025 дар Теҳрон баргузор шуд.Ба иттилои манбаъ, ҳайати Тоҷикистонро дар Теҳрон Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир роҳбарӣ мекунад.Шералӣ Кабир дар мулоқот дар бораи таъсиси як парки саноатӣ дар қаламрави Тоҷикистон бо ширкату сармоягузорӣ ва фанновариҳои Эрон пешниҳод кард.Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои густариши равобит ва ҳамкориҳои минтақавии ду кишварро баррасӣ намуда, ба дурнамои ҳамкориҳои саноатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.Зимнан зикр мегардад, ки ширкатҳои саноатии Эрон барои ширкат дар лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон барои рушди иқтидори саноатӣ даъват шудаанд.Бино ба иттилоъи вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, то поёни соли 2024 ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Эрон ба 378 миллион доллар баробар шуда юуд. Ин ракам нисбат ба соли гузашта якуним баробар афзуд.Дар семоҳаи аввали соли 2025 ҳаҷми муомилоти мол миёни ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 қариб 43% афзуда, 111 миллион долларро ташкил додааст.
https://sputnik.tj/20250421/vazorati-sanoat-pork-sanoati-mushtarak-rusiya-tojikiston-idora-1067067630.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/1e/1067175413_227:0:1330:827_1920x0_80_0_0_b387f2c59968a55378891d8fa1ca2c1a.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, равобит, парки саноатӣ, пешниҳод, шералӣ кабир
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, равобит, парки саноатӣ, пешниҳод, шералӣ кабир
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Эрон дар бораи таъсиси Парки муштараки саноатӣ
Имкон дорад парки саноатӣ ҳамчун як корхонаи муштарак бо сармоягузорӣ ва фанновариҳои Эрон дар ҳудуди Тоҷикистон таъсис ёбад
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Тоҷикистон ва Эрон имкони таъсиси як парки технологии муштаракро баррасӣ карданд.
Чунин тарҳҳоро вазири саноат ва фанновариҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва муовини аввали раисиҷумҳури Эрон Алӣнаҷафи Хушрудӣ баррасӣ кардаанд.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии вазорати саноъати Тоҷикистон, ин мулоқот дар чаҳорчӯби ҳафтумин Намоишгоҳи зарфияти содиротии Эрон Expo 2025 дар Теҳрон баргузор шуд.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати Тоҷикистонро дар Теҳрон Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир роҳбарӣ мекунад.
Шералӣ Кабир дар мулоқот дар бораи таъсиси як парки саноатӣ дар қаламрави Тоҷикистон бо ширкату сармоягузорӣ ва фанновариҳои Эрон пешниҳод кард.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои густариши равобит ва ҳамкориҳои минтақавии ду кишварро баррасӣ намуда, ба дурнамои ҳамкориҳои саноатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Зимнан зикр мегардад, ки ширкатҳои саноатии Эрон барои ширкат дар лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон барои рушди иқтидори саноатӣ даъват шудаанд.
Бино ба иттилоъи вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, то поёни соли 2024 ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Эрон ба 378 миллион доллар баробар шуда юуд. Ин ракам нисбат ба соли гузашта якуним баробар афзуд.
Дар семоҳаи аввали соли 2025 ҳаҷми муомилоти мол миёни ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 қариб 43% афзуда, 111 миллион долларро ташкил додааст.