https://sputnik.tj/20250608/emomali-rahmon-ozimi-shahri-nitsai-faronsa-shud-1067965152.html
Эмомалӣ Раҳмон озими шаҳри Нитсаи Фаронса шуд
Эмомалӣ Раҳмон озими шаҳри Нитсаи Фаронса шуд
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон барои иштирок дар конфронси байналмилалӣ бо сафари корӣ вориди шаҳри Нитсаи Фаронса шуд
2025-06-08T18:06+0500
2025-06-08T18:06+0500
2025-06-08T18:06+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
фаронса
смм
конфронс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/08/1067964984_0:72:1279:791_1920x0_80_0_0_cc10eb577a4fbcb31f9ee49734669e92.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Нитсаи Фаронса шуд.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷкистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии Кот-д’Азури шаҳри Нитса Президенти Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Фаронса самимона истиқбол гирифтанд.Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнусҳо ва маросими муаррифии оғози Даҳсолаи байналмилалии барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 дар Ҷумҳурии Фаронса иштирок ва суханронӣ хоҳанд кард.Қайд карда шудааст, ки кишвардори Тоҷикистон ба ин чорабиниҳои байналмилалӣ ба ҳайси роҳбари давлати ташаббускор ва пешоҳанг дар умури ҷаҳонии обу иқлим аз ҷониби роҳбарияти давлати Фаронса ва созмони ЮНЕСКО даъват шудаанд.Ёдовар мешавем, ки дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири энергетика ва захираҳои об, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, директори Агентии обуҳавошиносӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.Хотиррасон бояд намуд, ки Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 аз ҷониби СММ бо пешниҳоди якҷояи Тоҷикистон ва Фаронса қабул шудааст.
https://sputnik.tj/20250608/rahmon-ba-faronsa-safar-kard-1067959589.html
фаронса
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/08/1067964984_55:0:1192:853_1920x0_80_0_0_1c0b34ae706a35c67ed31d9fdf2042f9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, раисҷумҳур, эмомалӣ раҳмон, нитса, фаронса, смм, конфронс, сиёсат
тоҷикистон, раисҷумҳур, эмомалӣ раҳмон, нитса, фаронса, смм, конфронс, сиёсат
Эмомалӣ Раҳмон озими шаҳри Нитсаи Фаронса шуд
Президенти Тоҷикистон барои иштирок дар конфронси байналмилалӣ бо сафари корӣ вориди шаҳри Нитсаи Фаронса шуд
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Нитсаи Фаронса шуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷкистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии Кот-д’Азури шаҳри Нитса Президенти Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Фаронса самимона истиқбол гирифтанд.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнусҳо ва маросими муаррифии оғози Даҳсолаи байналмилалии барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 дар Ҷумҳурии Фаронса иштирок ва суханронӣ хоҳанд кард.
Қайд карда шудааст, ки кишвардори Тоҷикистон ба ин чорабиниҳои байналмилалӣ ба ҳайси роҳбари давлати ташаббускор ва пешоҳанг дар умури ҷаҳонии обу иқлим аз ҷониби роҳбарияти давлати Фаронса ва созмони ЮНЕСКО даъват шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири энергетика ва захираҳои об, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, директори Агентии обуҳавошиносӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Хотиррасон бояд намуд, ки Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 аз ҷониби СММ бо пешниҳоди якҷояи Тоҷикистон ва Фаронса қабул шудааст.