https://sputnik.tj/20250608/rahmon-ba-faronsa-safar-kard-1067959589.html
Раҳмон ба Фаронса сафар кард
Раҳмон ба Фаронса сафар кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнусҳо яхшиносӣ ба Фаронса сафар кард
2025-06-08T12:25+0500
2025-06-08T12:25+0500
2025-06-09T11:55+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
фаронса
смм
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/16/1062924449_0:0:1281:721_1920x0_80_0_0_47c5e8776ef0c8404bdb136ca110ea80.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik.Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнусҳо ва муаррифии оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 ба Ҷумҳурии Фаронса сафар намуд.Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.Б иттилои дафтари матбуот кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин чорабиниҳои байналмилалӣ ба ҳайси роҳбари давлати ташаббускор ва пешоҳанг дар умури ҷаҳонии обу иқлим аз ҷониби роҳбарияти давлати Фаронса ва созмони ЮНЕСКО даъват шудааст.Қайд карда шудааст, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе президенти Тоҷикистонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири энергетика ва захираҳои об, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, директори Агентии обуҳавошиносӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.Хотиррасон бояд намуд, ки Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 аз ҷониби СММ бо пешниҳоди якҷояи Тоҷикистон ва Фаронса қабул шудааст.
https://sputnik.tj/20250607/rahmon-shahboz-sharif-suhbat-telefon-anjom-dod-1067946155.html
фаронса
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/16/1062924449_0:0:1137:852_1920x0_80_0_0_e8c77853b565667007be22f535f174d6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, фаронса, сафар, конфронс, смм
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, фаронса, сафар, конфронс, смм
Раҳмон ба Фаронса сафар кард
12:25 08.06.2025 (Навсозишуда: 11:55 09.06.2025) Раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнусҳо яхшиносӣ ба Фаронса сафар кард
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik.Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнусҳо ва муаррифии оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 ба Ҷумҳурии Фаронса сафар намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Б иттилои дафтари матбуот кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин чорабиниҳои байналмилалӣ ба ҳайси роҳбари давлати ташаббускор ва пешоҳанг дар умури ҷаҳонии обу иқлим аз ҷониби роҳбарияти давлати Фаронса ва созмони ЮНЕСКО даъват шудааст.
Қайд карда шудааст, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе президенти Тоҷикистонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири энергетика ва захираҳои об, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, директори Агентии обуҳавошиносӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Хотиррасон бояд намуд, ки Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 аз ҷониби СММ бо пешниҳоди якҷояи Тоҷикистон ва Фаронса қабул шудааст.