Ҷайшанкар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост бештар бо Ҳиндустон тиҷорат кунанд

© Foto / Пресс-служба МИД ТаджикистанаСовет предпринимателей на уровне министров иностранных дел на полях 4-й сессии Диалога Центральная Азия-Индия
Совет предпринимателей на уровне министров иностранных дел на полях 4-й сессии Диалога Центральная Азия-Индия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2025
Обуна шудан
Вазири хориҷаи Ҳиндустон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват кард, ки бояд ҳаҷми корҳои муштаракро барои афзоиши тиҷорат зиёд кард
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Субраманям Ҷайшанкар, вазири умури хориҷии Ҳиндустон, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост, ҳамкориҳояшонро бо Деҳли аз лиҳози “ҳаҷм ва сифат” амиқтар кунанд, хабар медиҳад “The ​​Indian Express”.
Ёдовар мешавем, ки дар Деҳлӣ чаҳорумин нишасти 4-уми Муколамаи "Осиёи Марказӣ – Ҳиндустон" ҷараён дорад, ки дар он ба ҷуз аз вазири умури хориҷии Ҳинд, ҳамтоёни ӯ аз Туркманистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон ширкат доранд.
Ҷайшанкар дар ҷаласаи Шӯрои тиҷоратии Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ таъкид кард, ки робитаҳои тиҷорӣ ва иқтисодии Ҳиндустон бо Осиёи Марказӣ дар даҳ соли охир тамоюли мусбати хеле қавӣ нишон додааст.
“Даҳ сол пеш, дар соли 2014, ҳаҷми муомилоти мутақобила камтар аз 500 миллион доллар буд... Ҳоло ҳаҷм ба 2 миллиард доллар наздик мешавад", - гуфт ӯ.
Оқои Ҷайшанкар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват кард, ки ҳаҷми корҳои муштаракро бояд зиёд кард.
Посоли Индии в Душанбе встретился с главой НБТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
Талоши Ҳиндустон барои роҳ ёфтан ба бозори бонкии Тоҷикистон
Вазир ба шартномаю созишномаҳои дарозмуддат, сармоягузории байнидавлатӣ, корхонаҳои муштарак ишора кард.
Вай хусусан дар бораи энергетика (уран, нафт, газ, ангишт, нуриҳо), иқтисодиёти рақамӣ ва хидматрасонии молиявӣ қайд кард.
Вай аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват кард, ки дар ин заминаи таъмини таҷҳизоти пизишкӣ ҳамкорӣ кунанд.
Дар ҳамин ҳол тавре вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханрониаш дар Шурои соҳибкорон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ, ки дар доираи ҷаласаи 4-уми Муколамаи "Осиёи Марказӣ – Ҳиндустон" баргузор шуд қайд кард, ки Тоҷикистону Ҳиндустон ҳамкориҳои судманди худро тавассути ҳамкориҳои мутақбоилан муфид дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва саноат таҳким мебахшанд.
Вазири тоҷик қайд кард, ки рӯзҳои 8-10 июли соли 2025 дар Душанбе Шурои байналмилалии нассоҷӣ доир мегардад, барои тавсеаи бештари равобити саноатӣ аз ширкатҳои ҳузурдошта барои иштирок дар он чорабинӣ даъват кард.
Встреча главы Согдийской области с послом Индии в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2024
Аз саноату кишоварзӣ то истеҳсоли дору: Суғд ҳамкориҳояшро бо Ҳинд тақвият медиҳад
Ҳамчунин, таваҷҷуҳи махсус ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои рақамикунонӣ, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ равона гардид.
ВУХ-и Тоҷикистон хабар додааст, ки ҷонибҳо самтҳои муҳими ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, зарурати рушди долонҳои нақлиётӣ – аз ҷумла бандари Чобаҳор ва долони "Шимол – Ҷануб", пешниҳодҳоро оид ба таъсиси марказҳои муштараки логистикӣ ва соддагардонии расмиёти транзитӣ ироа намуданд.
Қайд карда шудааст, ки муколама бозгӯи иродаи муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон дар таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷанба ва талошҳои муштарак барои субот ва рушди устувори минтақа мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар Деҳлӣ ҷаласаи 4-уми Муколамаи "Осиёи Марказӣ – Ҳиндустон" доир гардид.
Лентаи хабарҳо
0