https://sputnik.tj/20220317/taloshi-hinduston-bozori-bonkii-tojikiston-1046880421.html
Талоши Ҳиндустон барои роҳ ёфтан ба бозори бонкии Тоҷикистон
Талоши Ҳиндустон барои роҳ ёфтан ба бозори бонкии Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Ҳиндустон дар дидор бо роҳбарияти Бонки миллӣ аз имкониятҳои низоми бонкии Ҳиндустон, марказҳои муосири протсессингӣ, ки ба тамоми кишварҳои мутараққӣ баромад доранд, инчунин коргоҳи чопи пул ва ғайра маълумоти пурра дод
2022-03-17T20:10+0500
2022-03-17T20:10+0500
2022-03-17T20:10+0500
дар тоҷикистон
ҳиндустон
бонки миллӣ
бонк
молия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/11/1046880350_0:19:769:451_1920x0_80_0_0_57c5d403b3460f198b6f42fff5f346a7.jpg
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Масоили ҳамкорӣ дар низоми бонкӣ байни Тоҷикистону Ҳиндустон дар мулоқоти Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллӣ бо Вираҷ Сингх, сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.Тавре дафтари матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст, Ҳоким Холиқзода зимни мулоқот қайд кардааст, ки баъд аз COVID-19 барқароршавии иқтисоди кишвар, аз ҷумла низоми бонкӣ хуб буда, рушди воқеии иқтисод дар ҷамъбасти соли 2021 таъмин гардид ва ташкилотҳои қарзии молӣ фаъолияти худро бо фоида ҷамъбаст намуда, иҷрои меъёрҳои асосии мақбулро таъмин карданд.Раиси Бонки миллӣ ҳавасмандии худро ба густариши муносибатҳои низоми бонкӣ бо Ҳиндустон, аз ҷумла ба масъалаи барпо кардани муносибатҳои муросилотӣ байни бонкҳои тиҷоратии ду давлат, кушодани суратҳисобҳои муросилотии бонкҳои кишвар дар бонкҳои Ҳиндустон, тавсеаи ҳамкории мутақобили низомҳои пардохтӣ, имконияти таъсис додани намояндагиҳои бонкҳои Ҳиндустон дар Тоҷикистон изҳор дошт.“Бо назардошти низоми бонкии рушдёфтаи Ҳиндустон ва амалияи пешрафта вусъат додани муносибатҳои боэътимод бо бонкҳои Ҳиндустонро ба манфиати кор медонем”, — гуфт Ҳоким Холиқзода.Дар навбати худ сафири Ҳиндустон зимни мулоқот аз имкониятҳои низоми бонкии Ҳиндустон, марказҳои муосири протсессингӣ, ки ба тамоми кишварҳои мутараққӣ роҳи баромад доранд, инчунин коргоҳи чопи пул ва ғайра ёдовар шуд.Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон барои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши низоми бонкӣ изҳори омодагӣ намуд.
https://sputnik.tj/20220316/oriyonbonk-safar-rusiya-puli-naqd-1046829715.html
ҳиндустон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/11/1046880350_0:0:683:512_1920x0_80_0_0_e1c9e8cb042f7c3f3ade756f61c5d97e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҳиндустон, бозори бонкӣ, музокирот, маълумот
тоҷикистон, ҳиндустон, бозори бонкӣ, музокирот, маълумот
Талоши Ҳиндустон барои роҳ ёфтан ба бозори бонкии Тоҷикистон
Сафири Ҳиндустон дар дидор бо роҳбарияти Бонки миллӣ дар бораи имкониятҳои низоми бонкии Ҳиндустон, марказҳои муосири протсессингӣ, ки ба тамоми кишварҳои мутараққӣ роҳи баромад доранд, инчунин коргоҳи чопи пул ва ғайра маълумоти пурра дод
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Масоили ҳамкорӣ дар низоми бонкӣ байни Тоҷикистону Ҳиндустон дар мулоқоти Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллӣ бо Вираҷ Сингх, сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Тавре дафтари матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст, Ҳоким Холиқзода зимни мулоқот қайд кардааст, ки баъд аз COVID-19 барқароршавии иқтисоди кишвар, аз ҷумла низоми бонкӣ хуб буда, рушди воқеии иқтисод дар ҷамъбасти соли 2021 таъмин гардид ва ташкилотҳои қарзии молӣ фаъолияти худро бо фоида ҷамъбаст намуда, иҷрои меъёрҳои асосии мақбулро таъмин карданд.
Раиси Бонки миллӣ ҳавасмандии худро ба густариши муносибатҳои низоми бонкӣ бо Ҳиндустон, аз ҷумла ба масъалаи барпо кардани муносибатҳои муросилотӣ байни бонкҳои тиҷоратии ду давлат, кушодани суратҳисобҳои муросилотии бонкҳои кишвар дар бонкҳои Ҳиндустон, тавсеаи ҳамкории мутақобили низомҳои пардохтӣ, имконияти таъсис додани намояндагиҳои бонкҳои Ҳиндустон дар Тоҷикистон изҳор дошт.
“Бо назардошти низоми бонкии рушдёфтаи Ҳиндустон ва амалияи пешрафта вусъат додани муносибатҳои боэътимод бо бонкҳои Ҳиндустонро ба манфиати кор медонем”, — гуфт Ҳоким Холиқзода.
Дар навбати худ сафири Ҳиндустон зимни мулоқот аз имкониятҳои низоми бонкии Ҳиндустон, марказҳои муосири протсессингӣ, ки ба тамоми кишварҳои мутараққӣ роҳи баромад доранд, инчунин коргоҳи чопи пул ва ғайра ёдовар шуд.
“Барои рушди ҳамкорӣ миёни низоми бонкии Ҳиндустону Тоҷикистон зарурати баргузории видеоконфронси муштарак ҷиҳати муҳокимаи масъалаҳои зикршуда зарур ва ба манфиат хоҳад буд”- гуфт сафири Ҳиндустон.
Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон барои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши низоми бонкӣ изҳори омодагӣ намуд.