https://sputnik.tj/20241207/sanoat-kishovarzi-istehsoli-doru-sugd-hamkori-hind-taqviyat-1065406343.html
Аз саноату кишоварзӣ то истеҳсоли дору: Суғд ҳамкориҳояшро бо Ҳинд тақвият медиҳад
Аз саноату кишоварзӣ то истеҳсоли дору: Суғд ҳамкориҳояшро бо Ҳинд тақвият медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Суғд дар мулоқот ба сафири Ҳинд дар Тоҷикистон соҳибкорони ин кишварро ба вилоят барои шиносоии бештари онҳо бо имкониятҳои мавҷуда даъват кард
2024-12-07T11:36+0500
2024-12-07T11:36+0500
2024-12-07T11:36+0500
дар тоҷикистон
ҳиндустон
ҳамкорӣ
сармоягузорӣ
суғд
иқтисод
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/06/1065403017_0:63:720:468_1920x0_80_0_0_0b1245ed7afad2317a10e1ead67ef6a0.jpg
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар мулоқот бо Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Раҷеш Уикеро масоили тақвияти ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳоро баррасӣ карданд.Дар ин бора дафтари матбуоти раисивилояти Суғд хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, зимни суҳбат ҷонибҳо иброз доштанд, ки имрӯзҳо ҳамкорӣ дар ҳамаи самту соҳаҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.Раиси вилоят дар ин мулоқот ба сафир дар бораи имкониятҳои саноати куҳкорӣ, саноати сабуку хурока, соҳаҳои кишоварзӣ, сайёҳӣ ва дорусозӣ маълумот дод.Тарафҳо ҳамчунин, масъалаи татбиқи лоиҳа дар самти бунёди корхонаи коркарди чарм ва истеҳсоли маҳсулот аз он, корхонаҳои коркарди пахтаро баррасӣ карданд.Ҷонибҳо таъкид карданд, ки метавонанд дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ, истеҳсоли доруворӣ, коркарди пахта ҳамкории густардаро ба роҳ монанд.Ҳамчунин дар ин дидор ташкили сафари соҳибкорони Ҳиндустон ба вилояти Суғд ва шиносоии бештари онҳо бо имкониятҳои мавҷуда ба манфиати кор арзёбӣ гардид.Ёдовар мешавем, ки Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо Ҳиндустон 28 августи соли 1992 барқарор шуданд.Миёни Тоҷикистону Ҳинд зиёда аз 73 санади байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсиву дипломатӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмӣ-техникӣ, кишоварзӣ, саноат, энергетика, бонкдорӣ, гумрук ва андоз, бофандагӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ ва меҳнат, тиббу тандурустӣ, фарҳанг, санъат ва ҳунар, маориф, илм ва технология, сайёҳӣ, варзиш, ҳифзи муҳити зист ва идоракунии офатҳои табиӣ, воситаҳои ахбори умум, телевизион ва радио, амният, мудофиа ва ҳарбӣ, алоқаи ҳавоӣ ва ғайра ба имзо расидааст.Дар соли 2021 гардиши мол байни ду кишвар ба 122 млн. 607 ҳазор доллари ИМА расидааст, ки нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2020 ба андозаи 308,8% афзоиш ёфтааст.Аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон асосан маҳсулоти гӯштӣ, қаҳва, чой, доруворӣ, ҷавоҳирот, таҷҳизоти тиббӣ ва маҳсулоти нассоҷӣ ворид мешаванд. Растаниҳои шифобахш ва меваи хушк маҳсулоти содиротии Тоҷикистонро ба Ҳиндустон ташкил медиҳанд.Айни ҳол, дар Тоҷикистон беш аз 57 ширкати ҳиндустонӣ фаъолият доранд ва дар реестри давлатӣ зиёда аз 1083 номгӯи маводди доруворӣ ва молҳои тиббии Ҳиндустон сабт шудааст.
https://sputnik.tj/20241030/tojikiston-hinduston-tasisi-parkhoi-tekhnologi-sanoati-1064923454.html
ҳиндустон
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/06/1065403017_60:0:700:480_1920x0_80_0_0_b27439c37700bd4b80a97a7b23bee31d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кишвоарзӣ, саноат, ҳиндустон, ҳамкорӣ, равобит, тақвият, суғд, раҷаббой аҳмадзода, соҳибкорон
тоҷикистон, кишвоарзӣ, саноат, ҳиндустон, ҳамкорӣ, равобит, тақвият, суғд, раҷаббой аҳмадзода, соҳибкорон
Аз саноату кишоварзӣ то истеҳсоли дору: Суғд ҳамкориҳояшро бо Ҳинд тақвият медиҳад
Раиси вилояти Суғд дар мулоқот ба сафири Ҳинд дар Тоҷикистон соҳибкорони ин кишварро ба вилоят барои шиносоии бештари онҳо бо имкониятҳои мавҷуда даъват кард
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар мулоқот бо Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Раҷеш Уикеро масоили тақвияти ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳоро баррасӣ карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисивилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни суҳбат ҷонибҳо иброз доштанд, ки имрӯзҳо ҳамкорӣ дар ҳамаи самту соҳаҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Раиси вилоят дар ин мулоқот ба сафир дар бораи имкониятҳои саноати куҳкорӣ, саноати сабуку хурока, соҳаҳои кишоварзӣ, сайёҳӣ ва дорусозӣ маълумот дод.
Тарафҳо ҳамчунин, масъалаи татбиқи лоиҳа дар самти бунёди корхонаи коркарди чарм ва истеҳсоли маҳсулот аз он, корхонаҳои коркарди пахтаро баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо таъкид карданд, ки метавонанд дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ, истеҳсоли доруворӣ, коркарди пахта ҳамкории густардаро ба роҳ монанд.
Ҳамчунин дар ин дидор ташкили сафари соҳибкорони Ҳиндустон ба вилояти Суғд ва шиносоии бештари онҳо бо имкониятҳои мавҷуда ба манфиати кор арзёбӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо Ҳиндустон 28 августи соли 1992 барқарор шуданд.
Миёни Тоҷикистону Ҳинд зиёда аз 73 санади байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсиву дипломатӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмӣ-техникӣ, кишоварзӣ, саноат, энергетика, бонкдорӣ, гумрук ва андоз, бофандагӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ ва меҳнат, тиббу тандурустӣ, фарҳанг, санъат ва ҳунар, маориф, илм ва технология, сайёҳӣ, варзиш, ҳифзи муҳити зист ва идоракунии офатҳои табиӣ, воситаҳои ахбори умум, телевизион ва радио, амният, мудофиа ва ҳарбӣ, алоқаи ҳавоӣ ва ғайра ба имзо расидааст.
Дар соли 2021 гардиши мол байни ду кишвар ба 122 млн. 607 ҳазор доллари ИМА расидааст, ки нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2020 ба андозаи 308,8% афзоиш ёфтааст.
Аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон асосан маҳсулоти гӯштӣ, қаҳва, чой, доруворӣ, ҷавоҳирот, таҷҳизоти тиббӣ ва маҳсулоти нассоҷӣ ворид мешаванд. Растаниҳои шифобахш ва меваи хушк маҳсулоти содиротии Тоҷикистонро ба Ҳиндустон ташкил медиҳанд.
Айни ҳол, дар Тоҷикистон беш аз 57 ширкати ҳиндустонӣ фаъолият доранд ва дар реестри давлатӣ зиёда аз 1083 номгӯи маводди доруворӣ ва молҳои тиббии Ҳиндустон сабт шудааст.