https://sputnik.tj/20250605/belorus-istehsol-mushtarak-tojikiston-zaminai-peshburd-manfiat-1067882322.html
Белорус: Истеҳсоли муштарак бо Тоҷикистон заминаи пешбурди манфиатҳои ҳарду кишвар аст
Белорус: Истеҳсоли муштарак бо Тоҷикистон заминаи пешбурди манфиатҳои ҳарду кишвар аст
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар дидор бо ҳамтои белорусиаш қайд кард, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи ду кишвар кайҳо ба сатҳи шарикии стратегӣ расидааст.
2025-06-05T11:02+0500
2025-06-05T11:02+0500
2025-06-05T11:54+0500
дар тоҷикистон
белорус
ҳамкорӣ
сиёсат
иқтисод
истеҳсол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/05/1067889551_0:0:2832:1592_1920x0_80_0_0_627d2eae1e6e26df80b2434f9b636d64.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Нахуствазири Белорус Александр Турчин дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Қоҳир Расулзода гуфт, ки истеҳсолии муштараки ду кишвар як заминаи пешбурди манфиатҳои Тоҷикистону Белорус аст.Мулоқоти ду сарвазир дар ҳошияи ҷаласаи сарони ҳукуматҳои ИДМ дар Душанбе сурат гирифт.Вай таъкид кард, ки таъсиси корхонаҳои муштарак як заминаи асосӣ барои пешбурди манофеи иқтисодии ду кишвар аст."Имрӯз мо аз корхонаи васли таҷҳизот дар Тоҷикистон дидан мекунем (Агротехсервис). Ифтитоҳи корхонаҳои муштарак ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Белорус як самти муҳимест, ки мо бояд ба он ҳаракат кунем. Ин мушкилоти умумии моро ҳал мекунад", - қайд кард сарвазири Беларус.Ба гуфтаи вай, ҳамкориҳои Белорус ва Тоҷикистон аз рушди босуръати тиҷоратӣ ва иқтисодӣ шаҳодат медиҳад.Дар навбати худ Қоҳир Расулзода қайд кард, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи Белорус ва Тоҷикистон кайҳо ба сатҳи шарикии стратегӣ расидааст."Равобити Белорусу Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ бо суръат рушд дорад. Равобити самимӣ, дӯстона ва бародаронаи президентҳои ду кишвар дар нигоҳ доштани сатҳи баланди муносибатҳо нақши калидӣ доранд. Ҳамагӣ дар чаҳор моҳи соли ҷорӣ миёни сарони давлатҳо ду гуфтугӯи телефонӣ сурат гирифт, ки дар ҷараёни он масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ ва қадамҳои минбаъда барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд баррасӣ шуданд. Беларус ва Тоҷикистон дар бисёр масъалаҳои байналмилалӣ мавқеъи ягона доранд, дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд", - қайд кард Расулзода.Пас аз ин мулоқот Александр Турчин аз корхонаи тавлиди техникаи кишоварзии Белорус "Агротехсервис" дидан кард.Корхонаи муштарак дар шаҳри Ҳисор соли 2017 таъсис ёфта, дар он тракторҳои, мошинҳои кишоварзии ва присепҳо истеҳсол мешаванд.Ёдоапр мешавем, ки сарвазири Белорус Александр Турчин барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ бо як сафари корӣ ба Тоҷикистон омад.
https://sputnik.tj/20250604/rahmon-sarvazir-rusiyaro-qabul-kard-1067875236.html
https://sputnik.tj/20230930/tojikiston-belorus-mablaghi-16-mln-dollar-sozishnoma-imzo-1059703971.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/05/1067889551_30:0:2761:2048_1920x0_80_0_0_3479c2fc91f4c29bae13fef7621e53e0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, белорус, ҳамкорӣ, равобит, манфиат, замина, шарикии стратегӣ, сарвазир
тоҷикистон, белорус, ҳамкорӣ, равобит, манфиат, замина, шарикии стратегӣ, сарвазир
Белорус: Истеҳсоли муштарак бо Тоҷикистон заминаи пешбурди манфиатҳои ҳарду кишвар аст
11:02 05.06.2025 (Навсозишуда: 11:54 05.06.2025) Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар дидор бо ҳамтои белорусиаш қайд кард, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи ду кишвар кайҳо ба сатҳи шарикии стратегӣ расидааст.
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Нахуствазири Белорус Александр Турчин дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Қоҳир Расулзода гуфт, ки истеҳсолии муштараки ду кишвар як заминаи пешбурди манфиатҳои Тоҷикистону Белорус аст.
Мулоқоти ду сарвазир дар ҳошияи ҷаласаи сарони ҳукуматҳои ИДМ дар Душанбе сурат гирифт.
"Асоси ҳамкориҳои мо муносибатҳои раҳбарони мост. Мо аз ҳамкориҳоямон эҳсоси қаноатмандӣ дорем. Ташкили Утоқи тиҷорати Тоҷикистон дар Минск ба он такони ҷиддӣ хоҳад дод. Тамоми тасмимҳо гирифта шудааст, бояд амалӣ шудани ин лоиҳаи кор кард. Ин як қадами дигаре барои шиносоии наздики кишварҳои мо ва пешрафти равобити тиҷоративу иқтисодии мо хоҳад буд”, - гуфт Александр Турчин.
Вай таъкид кард, ки таъсиси корхонаҳои муштарак як заминаи асосӣ барои пешбурди манофеи иқтисодии ду кишвар аст.
"Имрӯз мо аз корхонаи васли таҷҳизот дар Тоҷикистон дидан мекунем (Агротехсервис). Ифтитоҳи корхонаҳои муштарак ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Белорус як самти муҳимест, ки мо бояд ба он ҳаракат кунем. Ин мушкилоти умумии моро ҳал мекунад", - қайд кард сарвазири Беларус.
Ба гуфтаи вай, ҳамкориҳои Белорус ва Тоҷикистон аз рушди босуръати тиҷоратӣ ва иқтисодӣ шаҳодат медиҳад.
"Дар асоси натоиҷи соли гузашта мо натиҷаҳои хуб ба даст овардем. Табодули коло беш аз 168 миллион долларро ташкил дод, ки ин имкон дод, ки кишвари мо ба даҳгонаи шарикони асосии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ворид шавад", — гуфт нахуствазири Белорус.
Дар навбати худ Қоҳир Расулзода қайд кард, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи Белорус ва Тоҷикистон кайҳо ба сатҳи шарикии стратегӣ расидааст.
"Равобити Белорусу Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ бо суръат рушд дорад. Равобити самимӣ, дӯстона ва бародаронаи президентҳои ду кишвар дар нигоҳ доштани сатҳи баланди муносибатҳо нақши калидӣ доранд. Ҳамагӣ дар чаҳор моҳи соли ҷорӣ миёни сарони давлатҳо ду гуфтугӯи телефонӣ сурат гирифт, ки дар ҷараёни он масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ ва қадамҳои минбаъда барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд баррасӣ шуданд. Беларус ва Тоҷикистон дар бисёр масъалаҳои байналмилалӣ мавқеъи ягона доранд, дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд", - қайд кард Расулзода.
Пас аз ин мулоқот Александр Турчин аз корхонаи тавлиди техникаи кишоварзии Белорус "Агротехсервис" дидан кард.
Корхонаи муштарак дар шаҳри Ҳисор соли 2017 таъсис ёфта, дар он тракторҳои, мошинҳои кишоварзии ва присепҳо истеҳсол мешаванд.
Ёдоапр мешавем, ки сарвазири Белорус Александр Турчин барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ бо як сафари корӣ ба Тоҷикистон омад.