https://sputnik.tj/20230930/tojikiston-belorus-mablaghi-16-mln-dollar-sozishnoma-imzo-1059703971.html
Тоҷикистон ва Белорус ба маблағи 16 млн доллар созишнома имзо карданд
Тоҷикистон ва Белорус ба маблағи 16 млн доллар созишнома имзо карданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамкориҳо дар бахшҳои кишоварзӣ, саноат, таъмини ғизо ва ҳамчунин омода кардани кадрҳо барои комплекси агросаноатиро баррасӣ карданд 30.09.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-09-30T18:27+0500
2023-09-30T18:27+0500
2023-09-30T18:27+0500
дар тоҷикистон
беларус
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/15/1049371996_0:268:3073:1996_1920x0_80_0_0_d4ebc8b34163c4a37a7de6dd28dc25d7.jpg
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар Душанбе нишасти доираҳои бозаргонии Тоҷикистону Беларус баргузор шуд, ки ба масоили тиҷоративу иқтисодӣ бахшида шуд, хабар дод, агентии Ховар. Ба ин тартиб, ба навиштаи нашрия, ҷонибҳо ба маблағи беш аз 16 млн доллар қарордод имзо кардаанд. Комиссияҳои ҳар ду мамлакат масъалаҳои ҳамкориро дар як қатор соҳаҳо: саноат, тайёр кардани кадрҳо барои комплекси агросаноатӣ, хоҷагии қишлоқ, таъминоти озуқаворӣ муҳокима карданд.Гуфта мешавад, ки ҷаласа таҳти раёсати вазирони кишоварзии Тоҷикистону Беларус Қурбон Ҳакимзода ва Сергей Бартош баргузор шуд.Вазири тоҷик зимни ифтитоҳи ҷаласа аз афзоиши шоистаи ҳаҷми муомилоти мутақобила миёни Душанбе ва Минск хабар дод.Ҳамин тариқ, ба гуфтаи ӯ, дар соли 2022 гардиши мол ҳудуди 90 млн долларро ташкил додааст.
https://sputnik.tj/20230928/tojikiston-afzoishi-besobiqai-taboduli-mol-belorus-1059653774.html
беларус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/15/1049371996_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_976217a45e1b1fad28f81d87cc84880a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, беларус, иқтисод
дар тоҷикистон, беларус, иқтисод
Тоҷикистон ва Белорус ба маблағи 16 млн доллар созишнома имзо карданд
Ҳамкориҳо дар бахшҳои кишоварзӣ, саноат, таъмини ғизо ва ҳамчунин омода кардани кадрҳо барои комплекси агросаноатиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар Душанбе нишасти доираҳои бозаргонии Тоҷикистону Беларус баргузор шуд, ки ба масоили тиҷоративу иқтисодӣ бахшида шуд, хабар дод, агентии Ховар.
Ба ин тартиб, ба навиштаи нашрия, ҷонибҳо ба маблағи беш аз 16 млн доллар қарордод имзо кардаанд.
Комиссияҳои ҳар ду мамлакат масъалаҳои ҳамкориро дар як қатор соҳаҳо: саноат, тайёр кардани кадрҳо барои комплекси агросаноатӣ, хоҷагии қишлоқ, таъминоти озуқаворӣ муҳокима карданд.
Гуфта мешавад, ки ҷаласа таҳти раёсати вазирони кишоварзии Тоҷикистону Беларус Қурбон Ҳакимзода ва Сергей Бартош баргузор шуд.
Вазири тоҷик зимни ифтитоҳи ҷаласа аз афзоиши шоистаи ҳаҷми муомилоти мутақобила миёни Душанбе ва Минск хабар дод.
Ҳамин тариқ, ба гуфтаи ӯ, дар соли 2022 гардиши мол ҳудуди 90 млн долларро ташкил додааст.