https://sputnik.tj/20250604/rahmon-sarvazir-rusiyaro-qabul-kard-1067875236.html
Раҳмон сарвазири Русияро қабул кард
Раҳмон сарвазири Русияро қабул кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад 04.06.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-06-04T19:15+0500
2025-06-04T19:15+0500
2025-06-04T19:17+0500
русия
дар тоҷикистон
михаил мишустин
эмомалӣ раҳмон
сиёсат
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/04/1067871132_207:56:2969:1610_1920x0_80_0_0_b50d1f5b1a34e36212996967e9da0c71.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Сарвазири Русия Михаил Мишустин ба қасди иштирок дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМа озими Тоҷикистон шуд.Ӯро кишвардори Тоҷикистон, Эмомалӣ раҳмон ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад дафтари матбуоти роҳбари давлат.Мишустин нахуст ба Эмомалӣ Раҳмон барои истиқболи самимии ҳайати Русия дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ, ки таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор мешавад, изҳори сипос кард.Зимнан, дуруду паёми президенти Русия, Владимр Путинро ба Эмомалӣ Раҳмон расонд.Дар ҷараёни суҳбат дар Қасри миллат сарвазири Русия изҳор дошт, ки ҳаҷми тиҷорати мутақобилаи Русия ва Тоҷикистон дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ 7% афзуда, аз 44 миллиард рубл зиёд шудааст.Ба гуфтаи вай, имкони зиёд кардани таъминот ва лоиҳаҳои мутақобила дар соҳаи мошинсозӣ, кишоварзӣ, истихроҷи маъдан, энергетика ва соҳаҳои дигар вуҷуд дорад. Раҳмон дар навбати худ қайд кард, ки ҳамкориҳои ду кишвар динамикаи баланд дорад ва таъкид кард, ки мақомоти кишвар ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо бо Федератсияи Русия нигаронида шудаанд. Сафари кории сарвазири Русия ба Тоҷикистон ду рӯз идома хоҳад кард. Интизор меравад Мишустин рӯзи панҷшанбе дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ ширкат хоҳад кард.Ёдовар мешавем, ки соли равон Тоҷикистон раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро бар ӯҳда дорад.
https://sputnik.tj/20250604/raisi-hukumati-rusiya-mikhail-mishustin-ozimi-tojikiston-1067868542.html
русия
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/04/1067871132_235:0:2966:2048_1920x0_80_0_0_884ff00bf10e8338f331ab0a5a0de5bc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, дар тоҷикистон, михаил мишустин, эмомалӣ раҳмон, сиёсат , душанбе
русия, дар тоҷикистон, михаил мишустин, эмомалӣ раҳмон, сиёсат , душанбе
Раҳмон сарвазири Русияро қабул кард
19:15 04.06.2025 (Навсозишуда: 19:17 04.06.2025) Дар доираи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Сарвазири Русия Михаил Мишустин ба қасди иштирок дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМа озими Тоҷикистон шуд.
Ӯро кишвардори Тоҷикистон, Эмомалӣ раҳмон ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад дафтари матбуоти роҳбари давлат.
Мишустин нахуст ба Эмомалӣ Раҳмон барои истиқболи самимии ҳайати Русия дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ, ки таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор мешавад, изҳори сипос кард.
Зимнан, дуруду паёми президенти Русия, Владимр Путинро ба Эмомалӣ Раҳмон расонд.
Дар ҷараёни суҳбат дар Қасри миллат сарвазири Русия изҳор дошт, ки ҳаҷми тиҷорати мутақобилаи Русия ва Тоҷикистон дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ 7% афзуда, аз 44 миллиард рубл зиёд шудааст.
Ба гуфтаи вай, имкони зиёд кардани таъминот ва лоиҳаҳои мутақобила дар соҳаи мошинсозӣ, кишоварзӣ, истихроҷи маъдан, энергетика ва соҳаҳои дигар вуҷуд дорад.
Раҳмон дар навбати худ қайд кард, ки ҳамкориҳои ду кишвар динамикаи баланд дорад ва таъкид кард, ки мақомоти кишвар ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо бо Федератсияи Русия нигаронида шудаанд.
"Русия шарики муҳими стратегии мост", - гуфт президенти Тоҷикистон.
Сафари кории сарвазири Русия ба Тоҷикистон ду рӯз идома хоҳад кард. Интизор меравад Мишустин рӯзи панҷшанбе дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ ширкат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки соли равон Тоҷикистон раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро бар ӯҳда дорад.