Пешвоз бо рақсу хӯроки миллӣ: Сафари меҳмонони хориҷӣ ба НБО "Роғун" - видео

Обуна шудан
Меҳмонони хориҷӣ, ки дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иштирок доштанд, аз корҳои сохтмонӣ дар НБО "Роғун" шинос шуданд
Як гурӯҳ меҳмонони хориҷӣ ва шахсони мақомдори кишварҳои мухталиф, ки дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иштирок доштанд бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии "Роғун" шинос шуданд.
Онҳо аз минтақаи обқабулкунанда, сарбанди асосӣ ва толори мошинҳои неругоҳ аз наздик шинос шуда, аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ НБО "Роғун" дар ин иншооти бузург дидан намуданд.
Бояд гуфт, ки ин лоиҳа на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои минтақа ва ҷаҳони муосир аҳамияти ҳаётан муҳим дорад.
Раҳмон пешниҳод кард, дар Тоҷикистон Озмоишгоҳи минтақавии яхшиносӣ ташкил шавад
Ёдовар мешавем, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо рӯзҳои 29–31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе доир шуда, яке аз муҳимтарин чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар самти экология ва иқлим гардид.
Дар ин Конфронс зиёда аз 2600 намоянда аз 90 кишвари ҷаҳон иштирок намуда, барномаи он ду ҷаласаи умумӣ, 12 нишасти мавзӯӣ, 2 мизи мудаввари сатҳи баланд, инчунин чорабиниҳои пешазконфронсӣ, аз ҷумла 8 форуми сатҳи баланд ва 17 чорабинии канориро дар бар гирифт.
Лентаи хабарҳо
0