https://sputnik.tj/20250530/rahmon-peshnihod-tojikiston-ozmoishgoh-mintaqavi-yakhshinosi-tashkil-1067576285.html
Раҳмон пешниҳод кард, дар Тоҷикистон Озмоишгоҳи минтақавии яхшиносӣ ташкил шавад
Раҳмон пешниҳод кард, дар Тоҷикистон Озмоишгоҳи минтақавии яхшиносӣ ташкил шавад
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари давлат зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо аз ҳамаи шарикон даъват кард, ташаббуси ӯро дастгирӣ кунанд
2025-05-30T12:28+0500
2025-05-30T12:28+0500
2025-05-30T12:32+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
конфронс
пирях
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/1e/1067575187_411:335:1992:1224_1920x0_80_0_0_d501e6e1e7c8d2c1a03907777e222f60.jpg
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар Душанбе ҷараён дорад, суханронӣ кард.Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат иттилоъ дод.Ба иттилои президент беш аз 60% пиряхҳои минтақа маҳз дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгиранд. Бинобар ин президент пешниҳод намуд, ки дар Тоҷикистон якҷо бо шарикони рушд ва пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ Озмоишгоҳи минтақавии яхшиносӣ таъсис дода шавад.Сарвари давлат таъкид намуданд, ки пиряхҳои Тоҷикистон на танҳо манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд, балки дар нигоҳдории устувории иқлими минтақа нақши калидӣ иҷро намуда, барои ҳифзи иқлими глобалӣ низ аҳаммияти муҳим доранд.Президент барои мисол пиряхи Ванҷяхро, ки ба номи Федченко машҳур аст намуна овард ва гуфт. агар ин пирях мавриди озмоиш қарор дода шавад, барои инсоният таърихи ҳазорсолаи иқлим ошкор мешавад.Маврид ба зикр аст, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо рӯзи 29 май дар Душанбе ба кор оғоз кард ва то 31 май идома меёбад.Маҳз бо ибтикори Тоҷикистон соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуд ва ҳамзамон 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил мешавад.Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар ним асри гузашта аз 14 ҳазор пиряхи ҷумҳурӣ бар асари тағйири иқлим ҳудуди 1,3 ҳазораш комилан аз байн рафтаанд.
https://sputnik.tj/20250530/korshinoson-munosibat-globali-masala-piryakhho-taghyir-doda-shavad-1067565700.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/1e/1067575187_377:135:2017:1365_1920x0_80_0_0_ee292e13c5427c17b175f959ab47404c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон конфронс пирях
эмомалӣ раҳмон конфронс пирях
Раҳмон пешниҳод кард, дар Тоҷикистон Озмоишгоҳи минтақавии яхшиносӣ ташкил шавад
12:28 30.05.2025 (Навсозишуда: 12:32 30.05.2025) Роҳбари давлат зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо аз ҳамаи шарикон даъват кард, ташаббуси ӯро дастгирӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар Душанбе ҷараён дорад, суханронӣ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат иттилоъ дод.
Ба иттилои президент беш аз 60% пиряхҳои минтақа маҳз дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгиранд. Бинобар ин президент пешниҳод намуд, ки дар Тоҷикистон якҷо бо шарикони рушд ва пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ Озмоишгоҳи минтақавии яхшиносӣ таъсис дода шавад.
"Мо аз ҳамаи шарикон ва ҷонибҳои манфиатдор даъват менамоем, ки ин ташаббусро дастгирӣ намоянд ва ба ин васила дар татбиқи "Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ – солҳои 2025-2034" саҳми муносиб гузоранд", - иброз намуд Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки пиряхҳои Тоҷикистон на танҳо манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд, балки дар нигоҳдории устувории иқлими минтақа нақши калидӣ иҷро намуда, барои ҳифзи иқлими глобалӣ низ аҳаммияти муҳим доранд.
Президент барои мисол пиряхи Ванҷяхро, ки ба номи Федченко машҳур аст намуна овард ва гуфт. агар ин пирях мавриди озмоиш қарор дода шавад, барои инсоният таърихи ҳазорсолаи иқлим ошкор мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо рӯзи 29 май дар Душанбе ба кор оғоз кард ва то 31 май идома меёбад.
Маҳз бо ибтикори Тоҷикистон соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуд ва ҳамзамон 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил мешавад.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар ним асри гузашта аз 14 ҳазор пиряхи ҷумҳурӣ бар асари тағйири иқлим ҳудуди 1,3 ҳазораш комилан аз байн рафтаанд.