https://sputnik.tj/20250526/tavlid-ravghan-tojikiston-ziyod-hamono-nokifoya-1067465681.html
Тавлиди равған дар Тоҷикистон зиёд шуд, аммо ҳамоно нокифоя
Тавлиди равған дар Тоҷикистон зиёд шуд, аммо ҳамоно нокифоя
Sputnik Тоҷикистон
Корхонаҳои Тоҷикистон истеҳсоли равғани растаниро нисбат ба семоҳам аввали соли қаблӣ ба таври қобили мулоҳиза афзоиш додаанд
2025-05-26T10:41+0500
2025-05-26T10:41+0500
2025-05-26T10:41+0500
дар тоҷикистон
равған
истеҳсолот
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/07/1056284622_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_8e0e0088848b5cc4fe0c00f01b07af31.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон зарфи се моҳи аввали соли ҷорӣ 7566,3 тонна равғани растанӣ истеҳсол карда шудааст. Ба гузориши Оҷонси омори кишвар, ин баробари 113,4%-и нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблӣ мебошад.Ба иттилои манбаъ, дар ҳамин давраи соли 2024 истеҳсоли ин маҳсулот дар кишвар ба 6670,8 тонна расида буд.Таъмини аҳолии кишвар бо ин маҳсулот аз истеҳсолоти худӣ то кунун дар назди ҳукумати кишвар масъалаи ҳалталаб боқӣ мемонад.Дар ҳоли ҳозир корхонаҳои кишвар ҳаддақал 50% тавони таъмини аҳолиро надоранд ва ҷумҳурӣ дар ин самт, вобастаи воридот аст.Бар асоси таҳлили мақомот ҳоло аз ҳисоби маҳсулоти равғандиҳанда танҳо аз 28 то 30% аҳолӣ бо истеҳсолоти худӣ таъмин асту бас.Тибқи барномаҳои дар ҷумҳурӣ амалишаванда, ки аз қабили сабукиҳо барои воридоту кишти зироати равғандиҳанда пешбинӣ шудааст, вазъ бидуни тағйир аст.Ба иттилои расмӣ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ танҳо 1227 гектар зироати равғандиҳанда кишт шудааст. Тавре қаблан мақомот изҳор дошта буданд, талаботи солонаи кишвар ба равғани растани болотар аз 150 ҳазор тонна буда беш аз 70 корхона барои истеҳсол машғул аст.Воридкунандагони аслии равғани растанӣ Русия ва Қазоқистонанд буда, ҷумҳурӣ солона барои хариди ин маҳсулот наздики 200 млн доллар медиҳад.
https://sputnik.tj/20250420/voridot-rusiya-tojikiston-chi-guna-taghyir-eft-1067053377.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/07/1056284622_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_e580fa404e3fdf38bf59131d80be2646.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тавлид равған тоҷикистон зиёд нокифоя
тавлид равған тоҷикистон зиёд нокифоя
Тавлиди равған дар Тоҷикистон зиёд шуд, аммо ҳамоно нокифоя
Корхонаҳои Тоҷикистон истеҳсоли равғани растаниро нисбат ба семоҳам аввали соли қаблӣ ба таври қобили мулоҳиза афзоиш додаанд
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон зарфи се моҳи аввали соли ҷорӣ 7566,3 тонна равғани растанӣ истеҳсол карда шудааст.
Ба гузориши Оҷонси омори кишвар, ин баробари 113,4%-и нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблӣ мебошад.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳамин давраи соли 2024 истеҳсоли ин маҳсулот дар кишвар ба 6670,8 тонна расида буд.
Таъмини аҳолии кишвар бо ин маҳсулот аз истеҳсолоти худӣ то кунун дар назди ҳукумати кишвар масъалаи ҳалталаб боқӣ мемонад.
Дар ҳоли ҳозир корхонаҳои кишвар ҳаддақал 50% тавони таъмини аҳолиро надоранд ва ҷумҳурӣ дар ин самт, вобастаи воридот аст.
Бар асоси таҳлили мақомот ҳоло аз ҳисоби маҳсулоти равғандиҳанда танҳо аз 28 то 30% аҳолӣ бо истеҳсолоти худӣ таъмин асту бас.
Тибқи барномаҳои дар ҷумҳурӣ амалишаванда, ки аз қабили сабукиҳо барои воридоту кишти зироати равғандиҳанда пешбинӣ шудааст, вазъ бидуни тағйир аст.
Ба иттилои расмӣ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ танҳо 1227 гектар зироати равғандиҳанда кишт шудааст.
Тавре қаблан мақомот изҳор дошта буданд, талаботи солонаи кишвар ба равғани растани болотар аз 150 ҳазор тонна буда беш аз 70 корхона барои истеҳсол машғул аст.
Воридкунандагони аслии равғани растанӣ Русия ва Қазоқистонанд буда, ҷумҳурӣ солона барои хариди ин маҳсулот наздики 200 млн доллар медиҳад.