https://sputnik.tj/20250420/voridot-rusiya-tojikiston-chi-guna-taghyir-eft-1067053377.html
Воридот аз Русия ба Тоҷикистон дар як сол чӣ гуна тағйир ефт?
Воридот аз Русия ба Тоҷикистон дар як сол чӣ гуна тағйир ефт?
Sputnik Тоҷикистон
Аксари маҳсулоти ба истеъмолкунандагон дар бозорҳои Тоҷикистон фурӯхташуда аз Русия, Қазоқистон ва Чин ворид карда мешаванд 20.04.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-04-20T11:36+0500
2025-04-20T11:36+0500
2025-04-20T13:01+0500
воридот
дар тоҷикистон
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0f/1045863977_0:297:2767:1853_1920x0_80_0_0_033136bd15e35ec652a6fc6701342ddf.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Ҳаҷми воридоти мол ба Тоҷикистон дар соли 2024 беш аз 6,9 млрд долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 18,4% зиёд мебошад.Дар ин бора дар гузориши Агентии омори ҷумҳурӣ гуфта шудааст.Тоҷикистон аз ҳама бештар маҳсулоти нафтӣ (12,2% аз ҳаҷми умумии воридот), мошинҳои сабукрав (7,6%), гандум (4%), гази моеъ (3,7%), пиломатериалҳо (3%), телефонҳои мобилӣ (2,3%), шакар (1,9%), равғани растанӣ (1,4%), гил (1,3%) - ро ворид кардааст.Дар баробари ин, Русия яке аз шарикони асосии тиҷоратии кишвар боқӣ мемонад - 26,9% ҳаҷми умумии он ба Федератсияи Русия рост меояд. Sputnik Тоҷикистон тасмим гирифт, бубинад, ки воридоти маҳсулоти Русия ба Тоҷикистон дар тӯли сол чӣ гуна тақсим шудааст.Ҳамин тавр, интиқоли шакар ба ҷумҳурӣ ба таври назаррас 93,9% афзоиш ёфт. Соли 2023 Тоҷикистон аз Русия 44 ҳазор тон шакар харид, дар ҳоле ки соли 2024 ин нишондиҳанда ба 93,2 ҳазор тонна расид, бармеояд аз омори гумрукӣ.Ҳаҷми воридоти яке аз маҳсулоти муҳимтарини кишвар - орди гандум низ дар як сол ба 79,2% расид. Дар баробари ин, Қазоқистон дар таъмини ин категорияи мол ба Тоҷикистон пешсаф боқӣ мемонад.Бозорҳои нав ва брендҳои нав: тиҷорати миёни Русия ва Тоҷикистон имрӯз чӣ гуна астДар мавриди маҳсулоти нафтӣ, интиқоли онҳо 34,7% афзудааст. Дар ин ҳолат воридоти газҳои нафтӣ ва карбогидратҳои газнок 68,8% (79,8 ҳазор тонна дар соли 2023 ва 17,6 ҳазор тонна дар соли 2024) хеле коҳиш ефт.Нишондиҳандаҳои муфассали тақсимоти воридоти молҳои Русияро ба Тоҷикистон дар тасвирбаёни мо бубинед.
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0f/1045863977_19:0:2750:2048_1920x0_80_0_0_b421894a50e03bf0afb4eb9debe0c004.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
воридот, дар тоҷикистон, русия
воридот, дар тоҷикистон, русия
Воридот аз Русия ба Тоҷикистон дар як сол чӣ гуна тағйир ефт?
11:36 20.04.2025 (Навсозишуда: 13:01 20.04.2025) Аксари маҳсулоти ба истеъмолкунандагон дар бозорҳои Тоҷикистон фурӯхташуда аз Русия, Қазоқистон ва Чин ворид карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Ҳаҷми воридоти мол ба Тоҷикистон дар соли 2024 беш аз 6,9 млрд долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 18,4% зиёд мебошад.
Дар ин бора дар гузориши Агентии омори ҷумҳурӣ гуфта шудааст.
Тоҷикистон аз ҳама бештар маҳсулоти нафтӣ (12,2% аз ҳаҷми умумии воридот), мошинҳои сабукрав (7,6%), гандум (4%), гази моеъ (3,7%), пиломатериалҳо (3%), телефонҳои мобилӣ (2,3%), шакар (1,9%), равғани растанӣ (1,4%), гил (1,3%) - ро ворид кардааст.
Дар баробари ин, Русия яке аз шарикони асосии тиҷоратии кишвар боқӣ мемонад - 26,9% ҳаҷми умумии он ба Федератсияи Русия рост меояд.
Sputnik Тоҷикистон тасмим гирифт, бубинад, ки воридоти маҳсулоти Русия ба Тоҷикистон дар тӯли сол чӣ гуна тақсим шудааст.
Ҳамин тавр, интиқоли шакар ба ҷумҳурӣ ба таври назаррас 93,9% афзоиш ёфт. Соли 2023 Тоҷикистон аз Русия 44 ҳазор тон шакар харид, дар ҳоле ки соли 2024 ин нишондиҳанда ба 93,2 ҳазор тонна расид, бармеояд аз омори гумрукӣ.
Ҳаҷми воридоти яке аз маҳсулоти муҳимтарини кишвар - орди гандум низ дар як сол ба 79,2% расид. Дар баробари ин, Қазоқистон дар таъмини ин категорияи мол ба Тоҷикистон пешсаф боқӣ мемонад.
Дар мавриди маҳсулоти нафтӣ, интиқоли онҳо 34,7% афзудааст. Дар ин ҳолат воридоти газҳои нафтӣ ва карбогидратҳои газнок 68,8% (79,8 ҳазор тонна дар соли 2023 ва 17,6 ҳазор тонна дар соли 2024) хеле коҳиш ефт.
Нишондиҳандаҳои муфассали тақсимоти воридоти молҳои Русияро ба Тоҷикистон дар тасвирбаёни мо бубинед.