Ягон мактаб насохтанд: Нигаронии мақомот аз иҷро нашудани як барномаи муҳими давлатӣ

© Foto / Министерство образования и науки Республики ТаджикистанМинистр образования и науки Республики Таджикистан Рахим Саидзода
Министр образования и науки Республики Таджикистан Рахим Саидзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2025
Обуна шудан
Вазири маорифи Тоҷикистон дар як ҷаласае таъкид кард, ки сатҳи фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нокифоя мебошад
ДУШАНБЕ, 26 мая — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар ҷаласаи корӣ, ки дар он рафти иҷрои Барномаҳои давлатии соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бахшида шуда, қайд кард, ки сатҳи фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нокифоя мебошад.
Вай гуфт, як қатор шаҳру ноҳияҳо на танҳо аз иҷрои нақшаи сохтмони муассисаҳои томактабӣ ақиб мондаанд, балки ягон муассисаро ба истифода надодаанд.
Дар ин ҷаласа таъкид карда шуд, ки фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нокифоя мебошад.
Вайзири маориф, сабаби асосии чунин вазъ дар иҷро нашудани нақшаи сохтмони муассисаҳои томактабӣ донист.
Строитель строит новый дом взамен разрушенного в результате конфликта на таджикско-кыргызской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2025
Муҳоҷирони як деҳаи дурдасти Суғд дар зодгоҳашон мактаб месозанд: Акс
Муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ, ки дар ин ҷаласа иштиролк дошт қайд кард, ки фарогирии нокифоя ва иҷро нашудани барномаҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллӣ қобили қабул нест ва масъулин бояд барои беҳтар намудани вазъ чораҳои мушаххас андешанд.
Таъкид гардид, ки дар ҳар маҳалле, ки беш аз 100 оила истиқомат мекунад, ҳатман муассисаи томактабӣ таъсис дода шавад.
Ҳамзамон дар ин ҷаласа, масъалаи таъсиси марказҳои рушди барвақтии кӯдак, ки шакли алтернативии муассисаҳои томактабӣ маҳсуб меёбад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин ҷаласа зикр карда шуд, ки мутаассифона, нишондиҳандаи иҷрои нақша дар ин самт низ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нокифоя мебошад.
© Foto / Министерство образования и науки Республики ТаджикистанРабочее совещание под председательством Заместителя Премьер-министра Республики Таджикистан Дилрабо Мансури
Рабочее совещание под председательством Заместителя Премьер-министра Республики Таджикистан Дилрабо Мансури - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2025
Рабочее совещание под председательством Заместителя Премьер-министра Республики Таджикистан Дилрабо Мансури
Ҳамчунин, дар ҷаласа масъалаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимии муҷаҳҳаз мавриди муҳокима қарор гирифт.
Бар асоси санҷишҳои ахир, истифода нагардидани таҷҳизоти харидоришуда ва насб нашудани онҳо аз камбудиҳои ҷиддӣ дониста шуда, мақомоти маҳаллӣ дар якҷоягӣ бо мудирони шуъбаҳои маориф муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати таъмини самаранокии истифодаи таҷҳизот, тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон барои иҷрои қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон, супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи самараноки барномаҳои давлатӣ, фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, таъсиси марказҳои инкишофи кӯдак, сохтмони муассисаҳои томактабӣ, муҷаҳҳазгардонии озмоишгоҳҳо ва кабинетҳои фаннии ҳар як муассисаи таълимӣ, омодагӣ ба ҷашни Ваҳдати миллӣ ба масъулони соҳаи маориф, раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар шахсони дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Лентаи хабарҳо
0