https://sputnik.tj/20250524/vazorati-maorif-dar-5-soli-oyanda-tamomi-maktabhoi-vmkb-ba-internet-payvast-meshavand-1067459056.html
Вазорати маориф: дар 5 соли оянда тамоми мактабҳои ВМКБ ба интернет пайваст мешаванд
Вазорати маориф: дар 5 соли оянда тамоми мактабҳои ВМКБ ба интернет пайваст мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати маориф изҳор дошт, ки ҳоло ба 21 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ таҷҳизоти муосири техникӣ дастрас гардидааст 24.05.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-05-24T17:51+0500
2025-05-24T17:51+0500
2025-05-24T17:51+0500
дар тоҷикистон
маориф
вмкб
мактаб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102093/42/1020934213_0:134:3163:1913_1920x0_80_0_0_0959e5ca01c2c9da22440998a999b5ec.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Дар назар аст, ки дар панҷ соли оянда тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии ВМКБ ба шабакаи интернетӣ, синфхонаҳои компютерӣ, тахтаҳои электронӣ ва китобхонаҳои рақамӣ пайваст гарданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати маорифи Тоҷикистон хабар дод.Манбаъ афзуд, ҳамзамон татбиқи системаи иттилоотии идоракунии соҳаи маориф (EMIS), платформаҳои таълимии электронӣ ва таҳияи ҳазорон китоби рақамӣ ва маводи интерактивӣ дар назар аст.Гуфта мешавад, дар доираи татбиқи қарори Ҳукумат дар бораи Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои солҳои 2024–2028, ба 21 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҷҳизоти муосири техникӣ, аз ҷумла, компютерҳо, тахтаҳои электронии интерактивӣ ва дигар воситаҳои таълимӣ дастрас гардиданд.Вазорат таъйид намуд, ки ин иқдом бо дастгирии Эмомалӣ Раҳмон ва маблағгузории Фонди захиравии президент амалӣ гардидааст.Дар идома ин ниҳод қайд намуд, ки барномаи давлатӣ ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамии омӯзгорон ва хонандагон, инчунин ташкили муҳити рақамии таълимӣ дар муассисаҳо нигаронида шудааст. Вазорат аз хонандагону омӯзгорони ВМКБ дархост намудааст, ки аз ин имкониятҳо самаранок истифода баранд, то сифати таҳсил боз ҳам баланд гардад.
https://sputnik.tj/20250514/vazorat-maorif-zamon-imtihonot-guzarish-khonandagon-elon-1067334111.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102093/42/1020934213_216:0:2947:2048_1920x0_80_0_0_16a38f0df0516084d67c08b6beab95d6.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, маориф, вмкб, мактаб
дар тоҷикистон, маориф, вмкб, мактаб
Вазорати маориф: дар 5 соли оянда тамоми мактабҳои ВМКБ ба интернет пайваст мешаванд
Вазорати маориф изҳор дошт, ки ҳоло ба 21 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ таҷҳизоти муосири техникӣ дастрас гардидааст
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Дар назар аст, ки дар панҷ соли оянда тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии ВМКБ ба шабакаи интернетӣ, синфхонаҳои компютерӣ, тахтаҳои электронӣ ва китобхонаҳои рақамӣ пайваст гарданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати маорифи Тоҷикистон хабар дод.
Манбаъ афзуд, ҳамзамон татбиқи системаи иттилоотии идоракунии соҳаи маориф (EMIS), платформаҳои таълимии электронӣ ва таҳияи ҳазорон китоби рақамӣ ва маводи интерактивӣ дар назар аст.
Гуфта мешавад, дар доираи татбиқи қарори Ҳукумат дар бораи Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои солҳои 2024–2028, ба 21 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҷҳизоти муосири техникӣ, аз ҷумла, компютерҳо, тахтаҳои электронии интерактивӣ ва дигар воситаҳои таълимӣ дастрас гардиданд.
Вазорат таъйид намуд, ки ин иқдом бо дастгирии Эмомалӣ Раҳмон ва маблағгузории Фонди захиравии президент амалӣ гардидааст.
Дар идома ин ниҳод қайд намуд, ки барномаи давлатӣ ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамии омӯзгорон ва хонандагон, инчунин ташкили муҳити рақамии таълимӣ дар муассисаҳо нигаронида шудааст.
"Тибқи нақша, дар оянда ҳамаи муассисаҳои таълимии ВМКБ ба шабакаи ягонаи таълимии миллӣ пайваст хоҳанд шуд ва аз платформаҳои муосири рақамӣ истифода хоҳанд бурд", - омадааст дар хабари ин ниҳод.
Вазорат аз хонандагону омӯзгорони ВМКБ дархост намудааст, ки аз ин имкониятҳо самаранок истифода баранд, то сифати таҳсил боз ҳам баланд гардад.