https://sputnik.tj/20250514/vazorat-maorif-zamon-imtihonot-guzarish-khonandagon-elon-1067334111.html
Вазорати маориф замони гузаронидани имтиҳоноти гузариш барои хонандагонро эълон кард
Вазорати маориф замони гузаронидани имтиҳоноти гузариш барои хонандагонро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазир ба раҳбарони муассисаҳо дастур додааст, ки тамоми раванди гузаронидани аттестатсияро зери назорати қатъӣ гирифта аз натиҷҷаш гузориш диҳанд
2025-05-14T09:22+0500
2025-05-14T09:22+0500
2025-05-16T17:58+0500
дар тоҷикистон
вазорати маорифу илми тоҷикистон
таътил
аттестатсия
хонандагон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102854/25/1028542519_0:161:3070:1888_1920x0_80_0_0_fda9362bf5e38d5f6f60ad9fc213d6b7.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Вазорати маорифи Тоҷикистон замони оғози имтиҳонҳои гузариш барои муҳассилини мауотиби кишварро эълон кард.Тавре аз ин ниҳод ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, пас аз анҷоми дарсҳо сар аз моҳи оянда имтиҳоноти аз синф ба синф гузаронидан оғоз мешавад.Таъкид шуд, ки бо анҷоми дарсҳо, марҳилаи санҷиши аз синф ба синф гузаронидан оғоз мешавад, ки он барои синфҳои 4-8 ва 10 аз 2 то 10 июн идома мекунад.Марҳилаи имтиҳонсупорӣ барои толибилмони синфҳои 9 аз 2 то 16 июн, ва хатмкунандагон аз 2 то 20 июн давом мекунад.Ҳамин тариқ барои аз син ба синф гузаштан хонандагони синфҳои 4-8 ду имтиҳон, синфҳои 9 панҷ, чинфҳои 10 се ва хатмкунандагон шаш имтиҳон месупоранд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазорати маориф хабар дод, ки соли нави хониш макотиби Тоҷикистон тахминан 250 ҳазор хонандаро ба синфи як қабул мекунад.Ҳамчунин вазорат қайд кард, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ имсол 40 ҳазор донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ донишгоҳҳоро хатм мекунанд.Тибқи додаҳои охирин, дар беш аз 4000 муассисаи таълимии кишвар 2 миллиону 280 ҳазор нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд ва ин нисбат ба соли таҳсили 1991-1992 800 мактаб ва 1 миллион хонанда зиёд мебошад.Қаблан мақомоти Тоҷикистон дастур дода буданд, ки осоишгоҳҳоро барои истироҳати кӯдакон омода кунанд.Мақомот ва идораҳо вазифадоранд, ки то 1 июн тамоми майдонҳои фароғатии наздишаҳриро барои омадани кӯдакон фароҳам оваранд.Ҳукумати кишвар инчунин супориш дод, ки дар тафреҳгоҳҳо барои кӯдакони ятим, болаёқат ва камбизоат роҳхатҳо дода шаванд.
https://sputnik.tj/20250513/donishju-kishvarho-uzv-shsh-tojikiston-tahsil-1067330601.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102854/25/1028542519_171:0:2900:2047_1920x0_80_0_0_2dfdc3cc63427ed0f21e885c533befed.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон маориф имтиҳонот гузариш хонандагон эълон
тоҷикистон маориф имтиҳонот гузариш хонандагон эълон
Вазорати маориф замони гузаронидани имтиҳоноти гузариш барои хонандагонро эълон кард
09:22 14.05.2025 (Навсозишуда: 17:58 16.05.2025) Вазир ба раҳбарони муассисаҳо дастур додааст, ки тамоми раванди гузаронидани аттестатсияро зери назорати қатъӣ гирифта аз натиҷҷаш гузориш диҳанд
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Вазорати маорифи Тоҷикистон замони оғози имтиҳонҳои гузариш барои муҳассилини мауотиби кишварро эълон кард.
Тавре аз ин ниҳод ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, пас аз анҷоми дарсҳо сар аз моҳи оянда имтиҳоноти аз синф ба синф гузаронидан оғоз мешавад.
“Бар асоси фармоили Вазири маориф таътили тобистона дар макотиби Тоҷикистон барои синфҳои якум аз 25 май оғоз мешавад. Дарсҳо барои синфҳои аз 2 то 11 рӯзи 31 май анҷом меёбад”,- афзуд манбаъ.
Таъкид шуд, ки бо анҷоми дарсҳо, марҳилаи санҷиши аз синф ба синф гузаронидан оғоз мешавад, ки он барои синфҳои 4-8 ва 10 аз 2 то 10 июн идома мекунад.
Марҳилаи имтиҳонсупорӣ барои толибилмони синфҳои 9 аз 2 то 16 июн, ва хатмкунандагон аз 2 то 20 июн давом мекунад.
Ҳамин тариқ барои аз син ба синф гузаштан хонандагони синфҳои 4-8 ду имтиҳон, синфҳои 9 панҷ, чинфҳои 10 се ва хатмкунандагон шаш имтиҳон месупоранд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазорати маориф хабар дод, ки соли нави хониш макотиби Тоҷикистон тахминан 250 ҳазор хонандаро ба синфи як қабул мекунад.
Ҳамчунин вазорат қайд кард, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ имсол 40 ҳазор донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ донишгоҳҳоро хатм мекунанд.
Тибқи додаҳои охирин, дар беш аз 4000 муассисаи таълимии кишвар 2 миллиону 280 ҳазор нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд ва ин нисбат ба соли таҳсили 1991-1992 800 мактаб ва 1 миллион хонанда зиёд мебошад.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон дастур дода буданд, ки осоишгоҳҳоро барои истироҳати кӯдакон омода кунанд.
Мақомот ва идораҳо вазифадоранд, ки то 1 июн тамоми майдонҳои фароғатии наздишаҳриро барои омадани кӯдакон фароҳам оваранд.
Ҳукумати кишвар инчунин супориш дод, ки дар тафреҳгоҳҳо барои кӯдакони ятим, болаёқат ва камбизоат роҳхатҳо дода шаванд.