https://sputnik.tj/20250524/ima-tahrimho-ziddi-suriya-mutavaqqif-kard-1067454836.html
ИМА таҳримҳои зидди Сурияро барои 180 рӯз мутаваққиф кард
ИМА таҳримҳои зидди Сурияро барои 180 рӯз мутаваққиф кард
Sputnik Тоҷикистон
Ба изҳори роҳбари департаменти давлатии Амрико, мутаваққиф шудани таҳримҳо қадами аввал дар роҳи эҳёи равобити нав миёни ИМА ва Сурия аст 24.05.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-05-24T15:53+0500
2025-05-24T15:53+0500
2025-05-24T15:53+0500
дар ҷаҳон
амрико
сурия
иқтисод
таҳрим
лағв
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/13/1065574754_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_e86a02955c308c53fdfa6edcc1aceaff.jpg
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. ИМА таҳримот алайҳи Сурияро ба муддати 180 рӯз ба хотири таъмини ин кишвар бо нерӯи барқ, об ва дигар кумакҳои башардӯстона мутаваққиф кард.Дар ин бора роҳбари департаменти давлатӣ Марко Рубио изҳор дошт, иттилоъ медиҳад РИА Новости.Раҳбари департаменти давлатӣ қайд кард, ки мутаваққиф шудани таҳримҳо қадами аввал дар роҳи эҳёи равобити нав миёни ИМА ва Сурия аст. Ба гуфтаи вай, Трамп интизор дорад, ки Димишқ дар самтҳои афзалиятноки сиёсат "иқдомҳои зуд" бигирад. Раисиҷумҳури Амрико дар пайи музокирот бо Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, дар ҷараёни боздидаш аз Риёз аз лағви таҳримҳо алайҳи Сурия хабар дод. Трамп дар Риёз бо раҳбари Сурия Аҳмад ал-Шаро низ мулоқот кард. Асад ал-Шибонӣ, вазири умури хориҷии Сурия, аз тасмими лағви таҳримҳо истиқбол кард ва онро як нуқтаи гардиш барои мардуми Сурия дар роҳи субот ва эҳёи пас аз солҳои ҷанги харобиовар хонд.
https://sputnik.tj/20250413/pushkov-netanyahu-khostori-jang-miyoni-ima-va-eron-ast-1066962608.html
амрико
сурия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/13/1065574754_256:0:2987:2048_1920x0_80_0_0_842e188305fd1595569f0eb1b50d702c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, амрико, сурия, иқтисод, таҳрим, лағв
дар ҷаҳон, амрико, сурия, иқтисод, таҳрим, лағв
ИМА таҳримҳои зидди Сурияро барои 180 рӯз мутаваққиф кард
Ба изҳори роҳбари департаменти давлатии Амрико, мутаваққиф шудани таҳримҳо қадами аввал дар роҳи эҳёи равобити нав миёни ИМА ва Сурия аст
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. ИМА таҳримот алайҳи Сурияро ба муддати 180 рӯз ба хотири таъмини ин кишвар бо нерӯи барқ, об ва дигар кумакҳои башардӯстона мутаваққиф кард.
Дар ин бора роҳбари департаменти давлатӣ Марко Рубио изҳор дошт, иттилоъ медиҳад РИА Новости.
"Бо риояи ваъдаи президент (Доналд Трамп) дар бораи сабук кардани таҳримҳо дар Сурия, ман 180 рӯз аз таҳримҳои ҳатмӣ даст кашидам... Ин ба таъмини нерӯи барқ, об, беҳдошт ва имкон фароҳам меорад, ки кумакҳои башардӯстона дар саросари кишвар муассиртар шавад."
Раҳбари департаменти давлатӣ қайд кард, ки мутаваққиф шудани таҳримҳо қадами аввал дар роҳи эҳёи равобити нав миёни ИМА ва Сурия аст.
Ба гуфтаи вай, Трамп интизор дорад, ки Димишқ дар самтҳои афзалиятноки сиёсат "иқдомҳои зуд" бигирад.
Раисиҷумҳури Амрико дар пайи музокирот бо Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, дар ҷараёни боздидаш аз Риёз аз лағви таҳримҳо алайҳи Сурия хабар дод.
Трамп дар Риёз бо раҳбари Сурия Аҳмад ал-Шаро низ мулоқот кард. Асад ал-Шибонӣ, вазири умури хориҷии Сурия, аз тасмими лағви таҳримҳо истиқбол кард ва онро як нуқтаи гардиш барои мардуми Сурия дар роҳи субот ва эҳёи пас аз солҳои ҷанги харобиовар хонд.