https://sputnik.tj/20250413/pushkov-netanyahu-khostori-jang-miyoni-ima-va-eron-ast-1066962608.html
Пушков: Нетаняҳу хостори ҷанг миёни ИМА ва Эрон аст
Пушков: Нетаняҳу хостори ҷанг миёни ИМА ва Эрон аст
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Исроил дер боз мехост ва талош дорад, ки Трампро водор ба оғози ҷанг алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон кунад, бовар дорад вакили порлумони Русия
2025-04-13T16:35+0500
2025-04-13T16:35+0500
2025-04-13T16:35+0500
дар ҷаҳон
има
эрон
исроил
бинёмин нетаняҳу
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102940/14/1029401472_0:70:3071:1797_1920x0_80_0_0_b1db3709d0607039d1f9f84b2d8992c3.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, муддати тӯлонӣ талош дорад, раисиҷумҳури Амрико Доналд Трампро барои оғози ҷанг алайҳи Эрон водор созад ва ӯ ба ҳадафаш наздик аст.Дар ин бора вакили парлумони Русия Алексей Пушков дар Telegram-каналаш навиштааст.Сенатор хотиррасон кард, ки дар тӯли 30 соли охир "ҳар як президенти ИМА ҷанги худро дошт". "Клинтон бар зидди Югославия, Буши хурдӣ дар Ироқу Афғонистон, Обама бар зидди Либия ва ҷанги эълоннашудаи зидди Сурия, Байден дар Украина бар зидди Русия ҷанг дошт. То кунун Трамп ягона президенти ИМА буд, ки ҷанги худро оғоз накардааст. Оё Трамп ҷанги худро алайҳи Эрон оғоз мекунад?" — суол гузоштааст вакили парлумон. Дар авоили моҳи март Трамп ба Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ-раҳбари рӯҳонии Эрон бо ирсоли номае гуфт, ки ӯ бартарӣ додани созиш бо Теҳрон дар мавриди барномаи ҳастаияшро авлавият мешуморад, аммо дар акси ҳол бо вокуниши низомӣ таҳдид кардааст. Ба гуфтаи Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон, Теҳрон дар номаи посухӣ аз музокироти мустақими Амрико дар мавриди барномаи ҳастаӣ даст кашид ва равзанаи музокира танҳо бо миёнҷигарии кишварҳои сеюм боз аст.Ахиран рӯзи 12 апрел тимҳои музокиротии Теҳрону Вашингтон дар Уммон музокироти ғайримустақим доштанд, ки пасон эълон шуд, ки он хуб гузаштаву ҷонибҳо гуфтугӯро идома медиҳанд.Соли 2015 Британияи Кабир, Олмон, Чин, Русия, ИМА, Фаронса ва Эрон як тавофуқи ҳастаӣ (Нақшаи муштараки ҳамаҷонибаи амал, БАРҶОМ) ба имзо расониданд, ки бар ивази ҷилавгирӣ аз барномаи ҳастаии Эрон лағви таҳримҳоро фароҳам мекард. Иёлоти Муттаҳида дар давраи раёсати ҷумҳурии қаблии Трамп дар моҳи майи соли 2018 аз БАРҶОМ хориҷ шуд ва таҳримҳо алайҳи Теҳронро барқарор кард. Дар посух Эрон эълом дошт, ки тааҳҳудоти худ дар чаҳорчӯби ин тавофуқро тадриҷан коҳиш дода, аз ҷумла аз маҳдудиятҳо дар пажӯҳишҳои ҳастаӣ ва мизони ғанисозии уран даст кашидааст.
https://sputnik.tj/20250413/eron-tahdid-tajovuz-ima-isroil-vokunish-shadid-1066958333.html
има
эрон
исроил
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102940/14/1029401472_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_0c1ecd0591858c74c68de7509b5abdd5.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пушков нетаняҳу хостор ҷанг има эрон
пушков нетаняҳу хостор ҷанг има эрон
Пушков: Нетаняҳу хостори ҷанг миёни ИМА ва Эрон аст
Сарвазири Исроил дер боз мехост ва талош дорад, ки Трампро водор ба оғози ҷанг алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон кунад, бовар дорад вакили порлумони Русия
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, муддати тӯлонӣ талош дорад, раисиҷумҳури Амрико Доналд Трампро барои оғози ҷанг алайҳи Эрон водор созад ва ӯ ба ҳадафаш наздик аст.
Дар ин бора вакили парлумони Русия Алексей Пушков дар Telegram-каналаш навиштааст.
"Дарвоқеъ ташаннуҷ дар атрофи Эрон афзоиш меёбад. Нетаняҳу дер боз талош дорад, ки Амрико алайҳи Эрон ҷанг оғоз кунад, то тавоноии ин кишварро барои эҷоди силоҳи ҳастаӣ аз байн барад. Чунин ба назар мерасад, ки ҳоло вай беш аз пеш ба ҳадафаш наздиктар шудааст",- афзудааст Пушков.
Сенатор хотиррасон кард, ки дар тӯли 30 соли охир "ҳар як президенти ИМА ҷанги худро дошт".
"Клинтон бар зидди Югославия, Буши хурдӣ дар Ироқу Афғонистон, Обама бар зидди Либия ва ҷанги эълоннашудаи зидди Сурия, Байден дар Украина бар зидди Русия ҷанг дошт. То кунун Трамп ягона президенти ИМА буд, ки ҷанги худро оғоз накардааст. Оё Трамп ҷанги худро алайҳи Эрон оғоз мекунад?" — суол гузоштааст вакили парлумон.
Дар авоили моҳи март Трамп ба Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ-раҳбари рӯҳонии Эрон бо ирсоли номае гуфт, ки ӯ бартарӣ додани созиш бо Теҳрон дар мавриди барномаи ҳастаияшро авлавият мешуморад, аммо дар акси ҳол бо вокуниши низомӣ таҳдид кардааст.
Ба гуфтаи Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон, Теҳрон дар номаи посухӣ аз музокироти мустақими Амрико дар мавриди барномаи ҳастаӣ даст кашид ва равзанаи музокира танҳо бо миёнҷигарии кишварҳои сеюм боз аст.
Ахиран рӯзи 12 апрел тимҳои музокиротии Теҳрону Вашингтон дар Уммон музокироти ғайримустақим доштанд, ки пасон эълон шуд, ки он хуб гузаштаву ҷонибҳо гуфтугӯро идома медиҳанд.
Соли 2015 Британияи Кабир, Олмон, Чин, Русия, ИМА, Фаронса ва Эрон як тавофуқи ҳастаӣ (Нақшаи муштараки ҳамаҷонибаи амал, БАРҶОМ) ба имзо расониданд, ки бар ивази ҷилавгирӣ аз барномаи ҳастаии Эрон лағви таҳримҳоро фароҳам мекард.
Иёлоти Муттаҳида дар давраи раёсати ҷумҳурии қаблии Трамп дар моҳи майи соли 2018 аз БАРҶОМ хориҷ шуд ва таҳримҳо алайҳи Теҳронро барқарор кард.
Дар посух Эрон эълом дошт, ки тааҳҳудоти худ дар чаҳорчӯби ин тавофуқро тадриҷан коҳиш дода, аз ҷумла аз маҳдудиятҳо дар пажӯҳишҳои ҳастаӣ ва мизони ғанисозии уран даст кашидааст.