Захарова: ИИАО ба як бозигари муҳим дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфтааст

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкБрифинг официального представителя МИД России М. Захаровой
Брифинг официального представителя МИД России М. Захаровой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2025
Обуна шудан
Намояндаи расмии ВУХ-и Русияро ҳамкасбонашро аз кишварҳои ИИАО бо Рӯзи Иттиҳодия табрик гуфта, барои ҳамкориҳои судманд изҳори сипос кард
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Имрӯз ИИАО намунаи иттиҳодияи бомуваффақияти ҳамгироӣ мебошад, гуфт намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова зимни нишасти матбуотӣ.
"Имрӯз Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) намунаи Иттиҳодияи бомуваффақияти мебошад, ки ҳамкориҳо дар доираи он бар асоси баробарӣ, боварӣ ва эҳтиром, бо назардошти манфиатҳои ҳар як кишвари узв ташаккул ёфтаанд”, - гуфт сухангӯи расмии вазорати умури хориҷаи Русия хонум Мария Захарова.
Дипломати рус қайд кард, ки Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба як бозигари муҳим дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Вай гуфт, робитаҳои байналмилалии ин Иттиҳодия аз он шаҳодат медиҳад.
Хонум Захарова таъкид кард, ки Иттиҳодия бо Ветнам, Сербистон ва Эрон созишномаҳо дар бораи тиҷорати озод, инчунин як созишнома бо Чин ва беш аз 80 ёддошти ҳамкорӣ бо кишварҳои мухталиф ба имзо расонидааст.
Чрезвычайный и Полномочный посол Индии в РФ Винай Кумар  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2025
Сафири Ҳиндустон: Деҳлӣ бо ИИАО созишнома дар бораи тиҷорати озод имзо хоҳанд кард
Захарова ҳамчунин аз ҳамкориҳои фаъоли ИИАО бо кишварҳои нозир Узбакистон, Куба ва Эрон таъкид кард.
"Мо шуморо бо Рӯзи дарпешистодаи ИИАО табрик мегӯем, ба ҳамкорони худ аз кишварҳои иттиҳодия ва Комиссияи иқтисодии Авруосиё барои ҳамкориҳои судманд изҳори сипос мекунем. Мо ба рушди минбаъдаи иқтидори иқтисодӣ, тавсеа ва таҳкими ҳамгироӣ ба нафъи аҳолӣ ва тиҷорати кишварҳои мо таваҷҷуҳ дорем", - хулоса кард хонум Захарова.
Ёдовар мешавем, ки бо қарори сарони кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ҳамасола 29 май ҳамчун Рӯзи ИИАО таҷлил мешавад.
Лентаи хабарҳо
0