https://sputnik.tj/20250521/safiri-hinduston-dehli-iiao-sozishnoma-tijorati-ozod-imzo-1067418229.html
Сафири Ҳиндустон: Деҳлӣ бо ИИАО созишнома дар бораи тиҷорати озод имзо хоҳанд кард
Сафири Ҳиндустон: Деҳлӣ бо ИИАО созишнома дар бораи тиҷорати озод имзо хоҳанд кард
Sputnik Тоҷикистон
Сафирири Ҳиндустон дар Русия гуфт, Деҳлӣ инчунин нақша дорад, ки хариди нафт ва гази моеъ аз Русияро ба маротиб афзоиш диҳад
2025-05-21T18:59+0500
2025-05-21T18:59+0500
2025-05-21T18:59+0500
ииао
авруосиё
ҳиндустон
ҳамкорӣ
созишнома
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/15/1067420148_58:49:3170:1800_1920x0_80_0_0_80fda18cf875b575abe477ba10045a8d.jpg
ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Ҳиндустон ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) барои ба таври қобили мулоҳиза афзоиш додани тиҷорати дуҷониба созишнома дар бораи тиҷорати озодро имзо хоҳанд кард.Дар ин бора сафири Ҳиндустон дар Русия Винай Кумар дар мусоҳиба бо хабаргузории "Известия" хабар дод.Ба гуфтаи дипломат, Ҳиндустон ҳамчунин нақша дорад, ки харидории нафт ва гази моеъ аз Русияро афзоиш диҳад."Бастани созишнома дар бораи тиҷорати озод миёни Ҳиндустон ва ИИАО дар ҳоли баррасист. Маҳз ба далели афзоиши тиҷорати дуҷониба тайи панҷ соли охир, ҳадаф то соли 2030 ба 100 миллиард доллар расонидани тиҷорат аст. Мо мусоидат ба воридоти нафти Русия ба бозори Ҳиндустонро идома медиҳем", — қайд кард Кумар.Вай гуфт, ки тайи панҷ соли ахир гази моеъ аз Русия ба Ҳиндустон интиқол дода мешавад.Гарчанде, тағйирёбии нарх вуҷуд дорад, мақомоти ин кишвар сабаберо намебинанд, ки содирот кам кунад. Ҳиндустон ҳатто мехоҳад харидли газу нафти Русияро афзоиш диҳад.Қаблан маълум шуд, ки Русия бори аввал дар таърих ба панҷгонаи бузургтарин шарикони тиҷоратии Ҳиндустон ворид шуд. Тибқи натиҷаҳои даҳ моҳи соли молиявии 2022-2023, гардиши мол миёни Русия ва Ҳиндустон ба 39,8 миллиард доллар расид.
https://sputnik.tj/20250520/tarufahoi-voridoti-kolo-az-iiao-ba-eron-sifr-meshavad-1067403048.html
ҳиндустон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/15/1067420148_439:0:3170:2048_1920x0_80_0_0_6de640d423c243108528fee4d9153b57.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳиндустон, ҳамкорӣ, ииао, авруосиё, созишнома, тиҷорати озод, имзо
ҳиндустон, ҳамкорӣ, ииао, авруосиё, созишнома, тиҷорати озод, имзо
Сафири Ҳиндустон: Деҳлӣ бо ИИАО созишнома дар бораи тиҷорати озод имзо хоҳанд кард
Сафирири Ҳиндустон дар Русия гуфт, Деҳлӣ инчунин нақша дорад, ки хариди нафт ва гази моеъ аз Русияро ба маротиб афзоиш диҳад
ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Ҳиндустон ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) барои ба таври қобили мулоҳиза афзоиш додани тиҷорати дуҷониба созишнома дар бораи тиҷорати озодро имзо хоҳанд кард.
Дар ин бора сафири Ҳиндустон дар Русия Винай Кумар дар мусоҳиба бо хабаргузории "Известия" хабар дод.
Ба гуфтаи дипломат, Ҳиндустон ҳамчунин нақша дорад, ки харидории нафт ва гази моеъ аз Русияро афзоиш диҳад.
"Бастани созишнома дар бораи тиҷорати озод миёни Ҳиндустон ва ИИАО дар ҳоли баррасист. Маҳз ба далели афзоиши тиҷорати дуҷониба тайи панҷ соли охир, ҳадаф то соли 2030 ба 100 миллиард доллар расонидани тиҷорат аст. Мо мусоидат ба воридоти нафти Русия ба бозори Ҳиндустонро идома медиҳем", — қайд кард Кумар.
Вай гуфт, ки тайи панҷ соли ахир гази моеъ аз Русия ба Ҳиндустон интиқол дода мешавад.
Гарчанде, тағйирёбии нарх вуҷуд дорад, мақомоти ин кишвар сабаберо намебинанд, ки содирот кам кунад. Ҳиндустон ҳатто мехоҳад харидли газу нафти Русияро афзоиш диҳад.
Қаблан маълум шуд, ки Русия бори аввал дар таърих ба панҷгонаи бузургтарин шарикони тиҷоратии Ҳиндустон ворид шуд. Тибқи натиҷаҳои даҳ моҳи соли молиявии 2022-2023, гардиши мол миёни Русия ва Ҳиндустон ба 39,8 миллиард доллар расид.