https://sputnik.tj/20250521/bastrikin-parvandai-hamlai-terroristi-krokus-1067408047.html
Бастрикин: Парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус бештар аз 500 ҷилд аст
Бастрикин: Парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус бештар аз 500 ҷилд аст
Sputnik Тоҷикистон
Сардори Кумитаи тафтишотии Русия гуфт, парвандаи ҳамлаи террористӣ ба толори консертии Крокус дар Маскав ба зудӣ ба додгоҳ фиристода мешавад
2025-05-21T09:36+0500
2025-05-21T09:36+0500
2025-05-21T09:36+0500
русия
дар русия
амали террористӣ
крокус сити холл
александр бастрикин
парванда
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/1a/1062227284_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_55048aa57fc1886ff6e723e502750421.jpg
ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Парвандаи ҷиноии ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл бештар аз 500 ҷилд буда, ба зудӣ ба додгоҳ ирсол мешавад.Дар ин бора Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия дар Анҷумани байналмилалии ҳуқуқии Санкт-Петербург изҳор дошт."Парвандаи ҷиноӣ аз 500 ҷилд иборат аст. Ҳаҷми ҳангуфти корҳои тафтишотӣ анҷом дода шудааст. 300 санҷиш ва 2,5 ҳазор экспертизаи судӣ гузаронида шудааст. Парванда ба зудӣ ба додгоҳ ирсол мешавад", - гуфт ӯ.Бастрикин ёдовар шуд, ки Кумитаи тафтишотӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва ФСБ ба ҳамлаи террористӣ зуд вокуниш нишон доданд. Дар ибтидо чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳамлаи террористиро анҷом додаанд, боздошт шудаанд.Вай илова кард, ки дар маҷмӯъ, 19 муттаҳам дар ин парванда боздошт шуданд.Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити ХоллРӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.Чанд нафар ва бидуни ниқоб вориди бинои марказӣ шуданд. Онҳо ба рӯи одамон тирандозӣ карданд ва баъд аз он курсиҳои толорро оташ заданду инчунин норинҷакҳои оташзо партоб намуданд, ки боиси сӯхтори шадид ва қисман фурӯ рехтани бино гардид.Тибқи маълумоти охирини Кумитаи тафтишоти Русия, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус беш аз 140 нафар кушта шудаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон мебошанд.Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд.Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон мебошанд. Баъдтар тафтишот муайян кард, ки пеш аз ҳамлаи хунин ду нафар аз ин террористҳо аз Истанбул боздид карданд.Имкон дорад, раҳбари эҳтимолии ин гурӯҳ бо доираҳои тундгаро дар Туркия робита дошта бошанд. Тибқи як фарзия дигар, маҳз дар он ҷо яке аз онҳо барои анҷоми ҳамлаи террористӣ омӯзиши зарурӣ гирифтааст.Дар маҷмӯъ, дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус 12 гумонбар боздошт шудааст. Ҳамаи онҳо ба рӯйхати террористони Росфинмониторинг шомил шудаанд. Чанд нафари дигар бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса низ боздошт шудаанд.Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни муроҷиати худ ба шаҳрвандон қайд кард, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ ҷинояткорон ба самти Украина ҳаракат мекарданд, ки дар он ҷо барои онҳо як "долон"-и вижа омода карда шуда буд. Вай таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз ширкаткунандагон набояд аз ҷазои одилона раҳо ёбад.Путин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар паси ҳамлаҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон "на танҳо гурӯҳҳои тундгаро, балки хадамотҳои вижаи баъзе аз кишварҳо низ даст доранд".Мақсади онҳо вайрон кардани асосҳои конститутсионӣ ва ноором кардани давлатҳои соҳибихтиёр, инчунин барангехтани кинаю адоват байни миллатҳо ва динҳо аст
https://sputnik.tj/20250322/krokus-mujassama-yodgori-qurboniyon-hamla-terroristi-iftitoh-yoft-1066685742.html
https://sputnik.tj/20250322/kumita-taftishot-homilon-hamla-teroristi-krokus-1066683939.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/1a/1062227284_0:0:2671:2003_1920x0_80_0_0_a096b09b0ac5dc023b599e0658c964c0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, крокус сити холл , амали террористӣ, парванда, ҷилд, парванда, бастрикин
русия, крокус сити холл , амали террористӣ, парванда, ҷилд, парванда, бастрикин
Бастрикин: Парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус бештар аз 500 ҷилд аст
Сардори Кумитаи тафтишотии Русия гуфт, парвандаи ҳамлаи террористӣ ба толори консертии Крокус дар Маскав ба зудӣ ба додгоҳ фиристода мешавад
ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Парвандаи ҷиноии ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл бештар аз 500 ҷилд буда, ба зудӣ ба додгоҳ ирсол мешавад.
Дар ин бора Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия дар Анҷумани байналмилалии ҳуқуқии Санкт-Петербург изҳор дошт.
"Парвандаи ҷиноӣ аз 500 ҷилд иборат аст. Ҳаҷми ҳангуфти корҳои тафтишотӣ анҷом дода шудааст. 300 санҷиш ва 2,5 ҳазор экспертизаи судӣ гузаронида шудааст. Парванда ба зудӣ ба додгоҳ ирсол мешавад", - гуфт ӯ.
Бастрикин ёдовар шуд, ки Кумитаи тафтишотӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва ФСБ ба ҳамлаи террористӣ зуд вокуниш нишон доданд. Дар ибтидо чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳамлаи террористиро анҷом додаанд, боздошт шудаанд.
Вай илова кард, ки дар маҷмӯъ, 19 муттаҳам дар ин парванда боздошт шуданд.
Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл
Рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.
Чанд нафар ва бидуни ниқоб вориди бинои марказӣ шуданд. Онҳо ба рӯи одамон тирандозӣ карданд ва баъд аз он курсиҳои толорро оташ заданду инчунин норинҷакҳои оташзо партоб намуданд, ки боиси сӯхтори шадид ва қисман фурӯ рехтани бино гардид.
Тибқи маълумоти охирини Кумитаи тафтишоти Русия, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус беш аз 140 нафар кушта шудаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон мебошанд.
Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд.
Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон мебошанд. Баъдтар тафтишот муайян кард, ки пеш аз ҳамлаи хунин ду нафар аз ин террористҳо аз Истанбул боздид карданд.
Имкон дорад, раҳбари эҳтимолии ин гурӯҳ бо доираҳои тундгаро дар Туркия робита дошта бошанд. Тибқи як фарзия дигар, маҳз дар он ҷо яке аз онҳо барои анҷоми ҳамлаи террористӣ омӯзиши зарурӣ гирифтааст.
Дар маҷмӯъ, дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус 12 гумонбар боздошт шудааст. Ҳамаи онҳо ба рӯйхати террористони Росфинмониторинг шомил шудаанд. Чанд нафари дигар бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса низ боздошт шудаанд.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни муроҷиати худ ба шаҳрвандон қайд кард, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ ҷинояткорон ба самти Украина ҳаракат мекарданд, ки дар он ҷо барои онҳо як "долон"-и вижа омода карда шуда буд. Вай таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз ширкаткунандагон набояд аз ҷазои одилона раҳо ёбад.
Путин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар паси ҳамлаҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон "на танҳо гурӯҳҳои тундгаро, балки хадамотҳои вижаи баъзе аз кишварҳо низ даст доранд".
Мақсади онҳо вайрон кардани асосҳои конститутсионӣ ва ноором кардани давлатҳои соҳибихтиёр, инчунин барангехтани кинаю адоват байни миллатҳо ва динҳо аст