https://sputnik.tj/20250322/krokus-mujassama-yodgori-qurboniyon-hamla-terroristi-iftitoh-yoft-1066685742.html
Назди "Крокус" муҷассамаи ёдгории қурбониёни ҳамлаи террористӣ ифтитоҳ ёфт
Назди "Крокус" муҷассамаи ёдгории қурбониёни ҳамлаи террористӣ ифтитоҳ ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Маросим бахшида ба солгарди ҳамлаи террористӣ дар Крокус бо як дақиқа сукут оғоз шуд. Пас аз ифтитоҳ маросими ёдбуди қурбониёни фоҷиа баргузор шуд 22.03.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-03-22T18:14+0500
2025-03-22T18:14+0500
2025-03-22T18:27+0500
русия
крокус сити холл
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/16/1066685833_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_0ad6ce1d810473a5a9dc54bb10d0261d.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Дар паҳлӯи толори консертӣ ба муносибати солгарди фоҷеа ёдгории қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл" ифтитоҳ ёфт, хабар медиҳад хабарнигори РИА Новости.Дар маросими ифтитоҳи ёдгорӣ хабарнигори Sputnik Тоҷикистон низ иштирок кард. Ба иттилои ӯ, ёдгорӣ аз ду пояи сангини ба боло барафрохта ва як села кабутарони дар ҳоли парвоз ба осмон иборат аст.Аз видео ҳувайдост, ки мардумони зиёд ба ин чорабинӣ ташриф оварданд ва ҳама қариб ҳамагон ба хотири қурбониёни ин ҳодисаи даҳшатбор гул оварданду назди муҷассамаи ёдгорӣ шамъ афрӯхтанд.Маросим бо лаҳзаи хомӯшӣ оғоз шуд. Пас аз ифтитоҳ маросими ёдбуди қурбониёни ҳамлаи террористӣ баргузор шуд.Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити ХоллРӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.Чанд нафар ва бидуни ниқоб вориди бинои марказӣ шуданд. Онҳо ба рӯи одамон тирандозӣ карданд ва баъд аз он курсиҳои толорро оташ заданду инчунин норинҷакҳои оташзо партоб намуданд, ки боиси сӯхтори шадид ва қисман фурӯ рехтани бино гардид.Тибқи маълумоти охирини Кумитаи тафтишоти Русия, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус беш аз 140 нафар кушта шудаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон мебошанд. Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд.Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон мебошанд. Баъдтар тафтишот муайян кард, ки пеш аз ҳамлаи хунин ду нафар аз ин террористҳо аз Истанбул боздид карданд. Имкон дорад, раҳбари эҳтимолии ин гурӯҳ бо доираҳои тундгаро дар Туркия робита дошта бошанд. Тибқи як фарзия дигар, маҳз дар он ҷо яке аз онҳо барои анҷоми ҳамлаи террористӣ омӯзиши зарурӣ гирифтааст.Дар маҷмӯъ, дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус 12 гумонбар боздошт шудааст. Ҳамаи онҳо ба рӯйхати террористони Росфинмониторинг шомил шудаанд. Чанд нафари дигар бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса низ боздошт шудаанд.Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни муроҷиати худ ба шаҳрвандон қайд кард, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ ҷинояткорон ба самти Украина ҳаракат мекарданд, ки дар он ҷо барои онҳо як "долон"-и вижа омода карда шуда буд. Вай таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз ширкаткунандагон набояд аз ҷазои одилона раҳо ёбад.Путин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар паси ҳамлаҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон "на танҳо гурӯҳҳои тундгаро, балки хадамотҳои вижаи баъзе аз кишварҳо низ даст доранд".Мақсади онҳо вайрон кардани асосҳои конститутсионӣ ва ноором кардани давлатҳои соҳибихтиёр, инчунин барангехтани кинаю адоват байни миллатҳо ва динҳо аст.
https://sputnik.tj/20250322/kumita-taftishot-homilon-hamla-teroristi-krokus-1066683939.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/16/1066685833_171:0:2900:2047_1920x0_80_0_0_f798118de5774bd861bd37bde2d64d2e.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, крокус сити холл, иҷтимоъ
русия, крокус сити холл, иҷтимоъ
Назди "Крокус" муҷассамаи ёдгории қурбониёни ҳамлаи террористӣ ифтитоҳ ёфт
18:14 22.03.2025 (Навсозишуда: 18:27 22.03.2025) Маросим бахшида ба солгарди ҳамлаи террористӣ дар Крокус бо як дақиқа сукут оғоз шуд. Пас аз ифтитоҳ маросими ёдбуди қурбониёни фоҷиа баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Дар паҳлӯи толори консертӣ ба муносибати солгарди фоҷеа ёдгории қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл" ифтитоҳ ёфт, хабар медиҳад хабарнигори РИА Новости.
Дар маросими ифтитоҳи ёдгорӣ хабарнигори Sputnik Тоҷикистон низ иштирок кард. Ба иттилои ӯ, ёдгорӣ аз ду пояи сангини ба боло барафрохта ва як села кабутарони дар ҳоли парвоз ба осмон иборат аст.
Аз видео ҳувайдост, ки мардумони зиёд ба ин чорабинӣ ташриф оварданд ва ҳама қариб ҳамагон ба хотири қурбониёни ин ҳодисаи даҳшатбор гул оварданду назди муҷассамаи ёдгорӣ шамъ афрӯхтанд.
Маросим бо лаҳзаи хомӯшӣ оғоз шуд. Пас аз ифтитоҳ маросими ёдбуди қурбониёни ҳамлаи террористӣ баргузор шуд.
Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл
Рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.
Чанд нафар ва бидуни ниқоб вориди бинои марказӣ шуданд. Онҳо ба рӯи одамон тирандозӣ карданд ва баъд аз он курсиҳои толорро оташ заданду инчунин норинҷакҳои оташзо партоб намуданд, ки боиси сӯхтори шадид ва қисман фурӯ рехтани бино гардид.
Тибқи маълумоти охирини Кумитаи тафтишоти Русия, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус беш аз 140 нафар кушта шудаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон мебошанд. Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд.
Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон мебошанд. Баъдтар тафтишот муайян кард, ки пеш аз ҳамлаи хунин ду нафар аз ин террористҳо аз Истанбул боздид карданд. Имкон дорад, раҳбари эҳтимолии ин гурӯҳ бо доираҳои тундгаро дар Туркия робита дошта бошанд. Тибқи як фарзия дигар, маҳз дар он ҷо яке аз онҳо барои анҷоми ҳамлаи террористӣ омӯзиши зарурӣ гирифтааст.
Дар маҷмӯъ, дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус 12 гумонбар боздошт шудааст. Ҳамаи онҳо ба рӯйхати террористони Росфинмониторинг шомил шудаанд. Чанд нафари дигар бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса низ боздошт шудаанд.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни муроҷиати худ ба шаҳрвандон қайд кард, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ ҷинояткорон ба самти Украина ҳаракат мекарданд, ки дар он ҷо барои онҳо як "долон"-и вижа омода карда шуда буд. Вай таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз ширкаткунандагон набояд аз ҷазои одилона раҳо ёбад.
Путин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар паси ҳамлаҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон "на танҳо гурӯҳҳои тундгаро, балки хадамотҳои вижаи баъзе аз кишварҳо низ даст доранд".
Мақсади онҳо вайрон кардани асосҳои конститутсионӣ ва ноором кардани давлатҳои соҳибихтиёр, инчунин барангехтани кинаю адоват байни миллатҳо ва динҳо аст.