Кумитаи тафтишот ҳомилони ҳамлаи террористӣ дар "Крокус"- ро номбар кард

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкОбстановка у "Крокус Сити Холл"
Обстановка у Крокус Сити Холл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2025
Обуна шудан
Намояндаи расмии Кумитаи тафтишотии РУСИЯ Светлана Петренко мушаххас накард, Ки дар бораи кадом кишвар сухан меравад
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Хадамоти махсуси давлати ғайридӯст дар паси банақшагирӣ ва ташкили ҳамлаи террористӣ дар толори консертии "Крокус сити холл", ки як сол пеш анҷом дода шуда буд, қарор дорад.
Ҳадафи онҳо ноором кардани вазъ дар Русия буд, гуфт намояндаи расмии Кумитаи тафтишотии Русия Светлана Петренко ба ТАСС.
"Дар асоси далелҳои ҷамъоваришуда тафтишот ба хулосае омад, ки амали террористӣ аз ҷониби хадамоти махсуси давлати ғайридӯст бо мақсади ноором кардани вазъ дар Русия ба нақша гирифта ва ташкил карда шудааст. Барои содир кардани он аъзои созмони байналмилалии террористӣ ҷалб карда шудаанд", - гуфт ӯ.
Намояндаи Кумитаи тафтишот мушаххас накард, ки дар бораи кадом кишвар сухан меравад.
Пештар директори ФСБ Русия Александр Бортников хабар дод, ки иктишоти ҳарбии Украина ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус" алоқамандии бевосита дорад ва ҷалбкунандагони иҷрокунандагони ҳамла иштирокчиени ташкилоти террористии манъшуда дар Русия "Вилояти Хуросон" буданд, ки Ғарб то ҳол ба онҳо дастгирии захиравӣ мерасонад.

Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл

Рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.
Чанд нафар ва бидуни ниқоб вориди бинои марказӣ шуданд. Онҳо ба рӯи одамон тирандозӣ карданд ва баъд аз он курсиҳои толорро оташ заданду инчунин норинҷакҳои оташзо партоб намуданд, ки боиси сӯхтори шадид ва қисман фурӯ рехтани бино гардид.
Тибқи маълумоти охирини Кумитаи тафтишоти Русия, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус беш аз 140 нафар кушта шудаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон мебошанд. Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд.
Обстановка у Крокус Сити Холл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2025
Се муттаҳам дар парвандаи Крокус мехостанд дар Каспийск ҳамлаи террористӣ анҷом диҳанд
Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон мебошанд. Баъдтар тафтишот муайян кард, ки пеш аз ҳамлаи хунин ду нафар аз ин террористҳо аз Истанбул боздид карданд. Имкон дорад, раҳбари эҳтимолии ин гурӯҳ бо доираҳои тундгаро дар Туркия робита дошта бошанд. Тибқи як фарзия дигар, маҳз дар он ҷо яке аз онҳо барои анҷоми ҳамлаи террористӣ омӯзиши зарурӣ гирифтааст.
Дар маҷмӯъ, дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус 12 гумонбар боздошт шудааст. Ҳамаи онҳо ба рӯйхати террористони Росфинмониторинг шомил шудаанд. Чанд нафари дигар бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса низ боздошт шудаанд.
Крокусро интихоб карданд: Майдони Сурху Каниса ҳам аз ҳадафҳои ҳамлаи террористон буд
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни муроҷиати худ ба шаҳрвандон қайд кард, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ ҷинояткорон ба самти Украина ҳаракат мекарданд, ки дар он ҷо барои онҳо як "долон"-и вижа омода карда шуда буд. Вай таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз ширкаткунандагон набояд аз ҷазои одилона раҳо ёбад.
Путин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар паси ҳамлаҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон "на танҳо гурӯҳҳои тундгаро, балки хадамотҳои вижаи баъзе аз кишварҳо низ даст доранд".
Мақсади онҳо вайрон кардани асосҳои конститутсионӣ ва ноором кардани давлатҳои соҳибихтиёр, инчунин барангехтани кинаю адоват байни миллатҳо ва динҳо аст.
Лентаи хабарҳо
0