Вазири хориҷаи Эрон ифшо кард, ки Теҳрон аз созиши ҳастаӣ бо Амрико чӣ мехоҳад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел Ирана Аббас Аракчи. Архивное фото
Министр иностранных дел Ирана Аббас Аракчи. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2025
Обуна шудан
Ҷониби Эрон ҳамчунин таъкид кард, ки Теҳрон омода аст, агар дар баробари худ "иродаи воқеӣ ва бархӯрди мустақил" бубинад, дар равобит бо Аврупо саҳифаи нав боз кунад
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Теҳрон хоҳони як тавофуқи одилона ва мутавозин бо Иёлоти Муттаҳида дар масоили ҳастаӣ дар чаҳорчӯби Паймони манъи густариши силоҳи ҳастаӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқи ҳастаии Эрон аст.
Дар ин бора вазири корхои хоричии Эрон Аббос Ироқчӣ изҳор дошт.
"Мо мехоҳем як созишномаи одилона ва мутавозин (бо ИМА дар соҳаи ҳастаӣ - ред.) - созишномае, ки дар чаҳорчӯби БАРҶОМ таҳия шуда, бо эҳтироми комил ба ҳуқуқи Эрон дар соҳаи ҳастаӣ ва ба таври возеҳ кафолати лағви пурраи таҳримҳо дар назар дошта шавад", - гуфт Ироқчӣ.
Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин таъкид кард, ки Теҳрон омода аст, агар дар баробари худ "иродаи воқеӣ ва бархӯрди мустақил" бубинад, дар равобит бо Аврупо як саҳифаи нав боз кунад.
Флаг Ирана на фоне ракеты на военном параде в Тегеране, Иран, 10 января 2025 г - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2025
Нодирӣ: Эрон бояд қудрати ҳастаӣ дошта бошад
Як рӯз пеш Муовини вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломӣ Козим Ғарибободӣ гуфт, ки Эрон дар Истанбул бо "сегонаи аврупоӣ" (Бритониёи Кабир, Олмон, Фаронса) охирин ҳолати музокираҳои ғайримустақим бо Амрико дар масъалаи ҳастаиро баррасӣ кардааст.
Ҳамзамон хабаргузории "Ройтерз" бо такя ба як шоҳиди айнӣ хабар дод, ки Марко Рубио, вазири хориҷаи Амрико низ дар Истамбул қарор дорад ва пас аз дидор бо ҳайати Украина, бо мушовирони амнияти миллии “сегонаи аврупоӣ” дидоре доир ба Украина ва Эронро баррасӣ кардааст.
Пештар сухангӯи ҳукумати Эрон Фотима Моҳаҷеронӣ ба хабаргузории РИА "Новости" гуфта буд, ки "сегонаи аврупоӣ" барои ширкат дар музокирот дар бораи созиши ҳастаӣ бо Эрон бояд "ниятҳои нек"-и худро собит кунад.
Дар ҳамин рӯз Маҷид Тахтиравончӣ, муовини вазири умури хориҷии Эрон, ба хабаргузории РИА "Новости" гуфт, таърихи сафари Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо барои баррасии барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ ҳанӯз мушаххас нашудааст ва ӯ таъкид кард, ки машваратҳо бо ин кишварҳо сурат гирифта, ҳоло идома доранд ва дар оянда низ баргузор хоҳанд шуд.
Председатель Временной комиссии Совета Федерации РФ по информационной политике и взаимодействию со СМИ Алексей Пушков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2025
Пушков: Нетаняҳу хостори ҷанг миёни ИМА ва Эрон аст
Чаҳорумин даври музокироти Эрон ва Амрико рӯзи 11 май баргузор шуд.Намояндаи расмии вазорати хориҷаи Эрон ин даври музокира бо Вошингтонро мушкил хонд. Ва ба гуфтаи Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон, мавзеъгирии ҷонибҳо дар ин давр наздиктар шуда ва дар музокирот "пешрафте мушоҳида мешавад".
Ҳамзамон вай таъкид кард, ки Эрон омода аст мизони ғанисозии ураниумро ба манзури эҷоди эътимод бо Омрико ислоҳ кунад, аммо қасди комилан даст кашидан аз ғанисозии уранро надорад.
Даври аввал ва саввуми музокироти ғайримустақими Теҳрон ва Вошингтон рӯзҳои 12 ва 26 апрел дар Уммон ва дувум дар Рум 19 апрел баргузор шуд.Ҷониби Эронро дар музокирот раҳбари Вазорати хориҷа ва ҷониби Амрикоро Стив Уиткофф, фиристодаи вижаи раисиҷумҳури Амрико, намояндагӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0