https://sputnik.tj/20250406/nodiri-eron-boyad-qudrati-hastai-doshta-boshad-1066877499.html
Нодирӣ: Эрон бояд қудрати ҳастаӣ дошта бошад
Нодирӣ: Эрон бояд қудрати ҳастаӣ дошта бошад
Sputnik Тоҷикистон
Бо назардошти таҳдидоти рӯзафзуни ношӣ аз хориҷ Ҷумҳурии Исломии Эронро зарур аст, ки силоҳи боздорандагии ҳастаӣ дошта бошад, мегӯяд вакили порлуомни ин кишвар
2025-04-06T14:31+0500
2025-04-06T14:31+0500
2025-04-06T14:31+0500
эрон
има
тавофуқи ҳастаӣ
барҷом
сиёсат
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/03/1066849435_0:328:2047:1479_1920x0_80_0_0_38158e143af1f999af7345ecf7d80ee7.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Набудани ҷилавгирии муассир, аз ҷумла ҳастаӣ (яъне қобилияти садо додани таҳдиди истифода аз силоҳи ҳастаӣ) ин кишварро ба таҳдидҳои ҷиддӣ дучор мекунад Дар ин бора Аҳмад Нодирӣ, узви раёсати парлумони Эрон ба РИА "Новости" изҳор дошт.Ӯ гуфт, ки идеяи боздорандагӣ ҳар рӯз тарафдорони бештар пайдо мекунад, зеро новобаста аз он ки кадом президенти ИМА дар сари қудрат аст, ӯ ҳамеша бо Теҳрон гуфтугӯ мекунад ва дар сари миз як гузинаи низомии ҳалли ихтилофотро нигоҳ медорад. Вакили порлумон ин нуктаро дар пасманзари фаъъолияти равобити Теҳрон ва Вошингтон барои баррасии мавзӯъи достони ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ баён кард. Пештар Масъуд Пезешкиён, раиси ҷумҳури Эрон гуфт, Теҳрон дар номаи ҷавобӣ ба Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, аз музокироти мустақими Вошингтон дар мавриди барномаи ҳастаӣ даст кашид ва афзуд, ки равзанаи гуфтушунид танҳо бо миёнаравии мамлакатҳои сеюм боз аст. Дар ҳамин ҳол, Трамп дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии NBC News таҳдид кард, ки агар Иёлоти Муттаҳида ва Эрон созиш набанданд, "бомбандозиҳои бесобиқа" хоҳанд кард.Ба таъкиди вай, ба ин далел, бисёре аз онҳое, ки дар бораи инқилоб ва кишвар ғамхорӣ мекунанд, бахусус пас аз таҷрибаи музокироти ҳастаӣ ва хурӯҷи якҷонибаи ИМА аз БАРҶОМ, ба хулосае омаданд, ки дипломатия бидуни дастгирии қудрати сахт наметавонад амнияти пойдорро кафолат диҳад.Ӯ гуфт, ки ин ақидаро на ҳама яксон қабул мекунанд: "баъзеҳо то ҳол зери таъсири таблиғоти васеъи зидди силоҳи ҳастаӣ қарор доранд ё аз вокуниши байналмилалӣ нигаронанд". Аммо дар идома вакили порлумони Эрон, "бо афзоиши таҳдидҳои беруна ва мушоҳидаи натиҷаҳои амалӣ дар кишварҳои дигар, гуфт, ки ин ақида ҳамарӯза ҷонибдорони бештар пайдо мекунад".Ин бори аввал нест, ки вакил ин андешаро ироа мекунад, ки Теҳрон бояд ба тавонмандиҳои ҳастаии худ таваҷҷӯҳ кунад. Ҳамин тавр, рӯзи 31-уми март дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии X навишт, ки "бисёре аз намояндагони элита ва онҳое, ки аз кишвар ва инқилоби нигаронанд, ба озмоиш ва эълони (офариниш – ред.) бомби атомӣ даъват мекунанд". Моҳи ноябри соли гузашта ӯ ҳамчунин гуфта буд, ки Эрон бояд доктринаи ҳастаӣ ва низомии худро тағир дода, бомби атомиро озмоиш кунад. Ба гуфтаи вакили порлумон, то замоне, ки Эрон ва Исроил силоҳи мутаносиби қудрат надошта бошанд, тавозуни нерӯҳо дар минтақаи Ховари Миёна барқарор нахоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20250331/khomanai-ima-zarba-eron-javob-sakht-megirad-1066789468.html
эрон
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/03/1066849435_0:117:2047:1652_1920x0_80_0_0_7cf73a25e59e352865297d762f7ef298.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нодирӣ эрон қудрат ҳастаӣ созад
нодирӣ эрон қудрат ҳастаӣ созад
Нодирӣ: Эрон бояд қудрати ҳастаӣ дошта бошад
Бо назардошти таҳдидоти рӯзафзуни ношӣ аз хориҷ Ҷумҳурии Исломии Эронро зарур аст, ки силоҳи боздорандагии ҳастаӣ дошта бошад, мегӯяд вакили порлуомни ин кишвар
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Набудани ҷилавгирии муассир, аз ҷумла ҳастаӣ (яъне қобилияти садо додани таҳдиди истифода аз силоҳи ҳастаӣ) ин кишварро ба таҳдидҳои ҷиддӣ дучор мекунад
Дар ин бора Аҳмад Нодирӣ, узви раёсати парлумони Эрон ба РИА "Новости" изҳор дошт.
Ӯ гуфт, ки идеяи боздорандагӣ ҳар рӯз тарафдорони бештар пайдо мекунад, зеро новобаста аз он ки кадом президенти ИМА дар сари қудрат аст, ӯ ҳамеша бо Теҳрон гуфтугӯ мекунад ва дар сари миз як гузинаи низомии ҳалли ихтилофотро нигоҳ медорад.
Вакили порлумон ин нуктаро дар пасманзари фаъъолияти равобити Теҳрон ва Вошингтон барои баррасии мавзӯъи достони ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ баён кард.
Пештар Масъуд Пезешкиён, раиси ҷумҳури Эрон гуфт, Теҳрон дар номаи ҷавобӣ ба Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, аз музокироти мустақими Вошингтон дар мавриди барномаи ҳастаӣ даст кашид ва афзуд, ки равзанаи гуфтушунид танҳо бо миёнаравии мамлакатҳои сеюм боз аст.
Дар ҳамин ҳол, Трамп дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии NBC News таҳдид кард, ки агар Иёлоти Муттаҳида ва Эрон созиш набанданд, "бомбандозиҳои бесобиқа" хоҳанд кард.
"Мо дар тамоми давраҳои (ҳукмронии – таҳ) президентҳои ИМА таҳти таҳдид қарор доштем ва (онҳо – таҳ) ҳамеша бо мо (нигоҳ доштани – таҳ) бо гузинаҳои ҳарбӣ дар рӯи миз сӯҳбат мекарданд, Таҳдидҳои батакрори мақомоти Амрико, аз ҷумла изҳороти Трамп дар бораи эҳтимоли ҳамлаи низомӣ нишон медиҳад, ки набуди ҷилавгирии муассир ин кишварро ба таҳдидҳои ҷиддӣ рӯбарӯ мекунад",- гуфт Нодирӣ.
Ба таъкиди вай, ба ин далел, бисёре аз онҳое, ки дар бораи инқилоб ва кишвар ғамхорӣ мекунанд, бахусус пас аз таҷрибаи музокироти ҳастаӣ ва хурӯҷи якҷонибаи ИМА аз БАРҶОМ, ба хулосае омаданд, ки дипломатия бидуни дастгирии қудрати сахт наметавонад амнияти пойдорро кафолат диҳад.
Ӯ гуфт, ки ин ақидаро на ҳама яксон қабул мекунанд: "баъзеҳо то ҳол зери таъсири таблиғоти васеъи зидди силоҳи ҳастаӣ қарор доранд ё аз вокуниши байналмилалӣ нигаронанд".
Аммо дар идома вакили порлумони Эрон, "бо афзоиши таҳдидҳои беруна ва мушоҳидаи натиҷаҳои амалӣ дар кишварҳои дигар, гуфт, ки ин ақида ҳамарӯза ҷонибдорони бештар пайдо мекунад".
Ин бори аввал нест, ки вакил ин андешаро ироа мекунад, ки Теҳрон бояд ба тавонмандиҳои ҳастаии худ таваҷҷӯҳ кунад. Ҳамин тавр, рӯзи 31-уми март дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии X навишт, ки "бисёре аз намояндагони элита ва онҳое, ки аз кишвар ва инқилоби нигаронанд, ба озмоиш ва эълони (офариниш – ред.) бомби атомӣ даъват мекунанд".
Моҳи ноябри соли гузашта ӯ ҳамчунин гуфта буд, ки Эрон бояд доктринаи ҳастаӣ ва низомии худро тағир дода, бомби атомиро озмоиш кунад.
Ба гуфтаи вакили порлумон, то замоне, ки Эрон ва Исроил силоҳи мутаносиби қудрат надошта бошанд, тавозуни нерӯҳо дар минтақаи Ховари Миёна барқарор нахоҳад шуд.