Дар ИИАО нархи маҳсулоти кишоварзӣ 10,5% боло рафт

© Unsplash / Nithin P JohnОвощи на рынке
Овощи на рынке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2025
Обуна шудан
Таъйи моҳи март дар ИИАО ба ҷуз аз Қазоқистон қимати маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи кишварҳои узви созмон мизони болоравиро нишон додаанд
ДУШАНБЕ, 18 май— Sputnik. Истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар моҳи март нархи маҳсулоти худро нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта 10,5% боло бурдаанд.
Дар ин бора дафтари матбуои Кумиссиюни иқтисодии Авруосиё хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар муқоиса бо моҳи феврал динамикаи нархҳо бетағйир боқӣ монда, аз аввали сол афзоиш 2,4%-ро ташкил дод.
Дар се моҳи аввали соли 2025 нархи истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ 3,6% ва маҳсулоти чорводорӣ 1,4% боло рафтааст.
Аз ҳама баландтарин болоравии нархҳо дар моҳи март дар Қирғизистон ба қайд гирифта шудааст - 13,1%.
Дар Россия нарҳо 12%, дар Беларуссия 9,7% ва дар Арманистон 6,5% афзуд. Баръакси ин ҳама дар Қазоқистон нархҳо 4,4% арзон шудаанд.
Грузовые составы на участке Байкало-Амурской магистрали (БАМ) в Тынде. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2025
Афғонистон омода аст ба транзити молҳо байни кишварҳои ИИАО мусоидат кунад
Дар моҳҳои аввали соли 2025 нархҳо дар Русия 12,7%, дар Қирғизистон 10,6%, Беларус 10,1%, Арманистон 4,2% ва дар Қазоқистон 3,7% коҳиш ёфта буданд.
Дар соли 2024 истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии ИИАО нархҳоро барои маҳсулоти худ 6,4% боло бурда буданд.
Чунончи, дар ФР 8,4%, дар Белоруссия 4,6% афзуд. Дар Қазоқистон нархҳо 1,9%, дар Арманистон 1,7% ва дар Қирғизистон 0,2% арзон шудаанд.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ буда, аз 1 январи соли 2015 фаъолият дорад. Узви ин иттиҳодия Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0