https://sputnik.tj/20250517/afghoniston-tranzit-mol-kishvarho-iiao-musoidat-kunad-1067366282.html
Афғонистон омода аст ба транзити молҳо байни кишварҳои ИИАО мусоидат кунад
Афғонистон омода аст ба транзити молҳо байни кишварҳои ИИАО мусоидат кунад
Sputnik Тоҷикистон
Кишвар инчунин метавонад як чорроҳаи транзитӣ барои ҳамлу нақли маҳсулот байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ гардад 17.05.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-05-17T18:36+0500
2025-05-17T18:36+0500
2025-05-17T18:36+0500
осиёи марказӣ
афғонистон
ииао
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/0c/1066200469_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_b48c63fe1c25cd50c4cddac6bf560f85.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Мавқеъи нодири ҳудудии Афғонистон ба ин кишвар барои транзити мол ва ҳамкориҳои иқтисодӣ имкони фаровон фароҳам меорад. Дар ин бора вазири саноат ва савдои Толибон* Нуриддин Азизӣ дар ҳошияи Форуми XVI байналмилалии иқтисодии "Русия - ҷаҳони ислом: KazanForum" изҳор дошт, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон. Ба гуфтаи ӯ, масирҳои транзитӣ метавонанд хароҷоти ҳамлу нақлиро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дода, ҳамзамон суръати тиҷоратро суръат бахшанд. Азизӣ зимни суханронии худ дар KazanForum ҳамчунин изҳор дошт, ки Афғонистон мехоҳад ҳаҷми тиҷорат бо Русияро афзоиш диҳад. Ҳамин тавр, ин кишвар омода аст, ба Русия мева, зироат ва қолин фиристад. Қаблан муовини нахуствазири Толибон* дар умури иқтисод Абдулғанӣ Бародар дар доираи форуми "Русия ва ҷаҳони ислом" ширкатҳои Федератсияи Русияро барои кор дар Афғонистон даъват карда буд. Вай таъкид кард, ки тамоми шароит барои соҳибкорон ва сармоягузорон аз нигоҳи амният ва қонун риоя хоҳад шуд. Ёдовар мешавем, ки аз 13 то 18 май дар пойтахти Тотористон форуми байналмилалии иқтисодии “Русия – ҷаҳони ислом: KazanForum 2025” ҷараён дорад. Лоиҳа худро ҳамчун як платформаи муассири байналмилалӣ барои рушди шарикӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Русия ва давлатҳои ҷаҳони исломӣ собит кардааст. KazanForum ҳамчун платформаи муколамаи ошкоро ва манфиатдор, муҳокимаи масъалаҳои мубрами замони мо ва табодули таҷрибаи пешқадам байни кишварҳое, ки ба ташаккули тартиботи бисёрқутбӣ ва одилонаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунанд, аҳамияти хоса дорад. * Ташкилот барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20250515/ishtiroki-sadho-hayathoi-khoriji-kazanforum-video-1067353884.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/0c/1066200469_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_00da8bad5b38e614ed21f7bd547aaffa.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
осиёи марказӣ, афғонистон, ииао, иқтисод
осиёи марказӣ, афғонистон, ииао, иқтисод
Афғонистон омода аст ба транзити молҳо байни кишварҳои ИИАО мусоидат кунад
Кишвар инчунин метавонад як чорроҳаи транзитӣ барои ҳамлу нақли маҳсулот байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ гардад
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Мавқеъи нодири ҳудудии Афғонистон ба ин кишвар барои транзити мол ва ҳамкориҳои иқтисодӣ имкони фаровон фароҳам меорад.
Дар ин бора вазири саноат ва савдои Толибон* Нуриддин Азизӣ дар ҳошияи Форуми XVI байналмилалии иқтисодии "Русия - ҷаҳони ислом: KazanForum" изҳор дошт, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
"Афғонистон ҳамчун чорроҳаи тиҷоратӣ метавонад дар осон кардани транзити молҳо байни кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ нақши муҳим бозад", - қайд кард роҳбари Вазорати саноат ва савдо.
Ба гуфтаи ӯ, масирҳои транзитӣ метавонанд хароҷоти ҳамлу нақлиро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дода, ҳамзамон суръати тиҷоратро суръат бахшанд.
Азизӣ зимни суханронии худ дар KazanForum ҳамчунин изҳор дошт, ки Афғонистон мехоҳад ҳаҷми тиҷорат бо Русияро афзоиш диҳад.
Ҳамин тавр, ин кишвар омода аст, ба Русия мева, зироат ва қолин фиристад.
Қаблан муовини нахуствазири Толибон* дар умури иқтисод Абдулғанӣ Бародар дар доираи форуми "Русия ва ҷаҳони ислом" ширкатҳои Федератсияи Русияро барои кор дар Афғонистон даъват карда буд.
Вай таъкид кард, ки тамоми шароит барои соҳибкорон ва сармоягузорон аз нигоҳи амният ва қонун риоя хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки аз 13 то 18 май дар пойтахти Тотористон форуми байналмилалии иқтисодии “Русия – ҷаҳони ислом: KazanForum 2025” ҷараён дорад.
Лоиҳа худро ҳамчун як платформаи муассири байналмилалӣ барои рушди шарикӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Русия ва давлатҳои ҷаҳони исломӣ собит кардааст.
KazanForum ҳамчун платформаи муколамаи ошкоро ва манфиатдор, муҳокимаи масъалаҳои мубрами замони мо ва табодули таҷрибаи пешқадам байни кишварҳое, ки ба ташаккули тартиботи бисёрқутбӣ ва одилонаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунанд, аҳамияти хоса дорад.
* Ташкилот барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.