Ятимов: Вазъи Афғонистон усулҳои нави кори оперативиро тақозо мекунад

© Foto / Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПредседатель ГКНБ РТ Саймумин Ятимов, архивное фото
Председатель ГКНБ РТ Саймумин Ятимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2025
Обуна шудан
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) терроризми байналмилалиро яке аз таҳдидҳои аслии ИДМ номид
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Танишҳо дар марзҳои ИДМ, бахусус дар Афғонистон, такмили малака ва усулҳои амалиётиро тақозо мекунад.
Дар ин бора дар Душанбе Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, зимни ифтитоҳи ҷаласаи 56-уми Шӯрои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ изҳор дошт.
Раиси КДАМ-и Тоҷикистон терроризми байналмилалиро яке аз таҳдидҳои аслии ИДМ номид.
Ятимов қайд кард, ки фаромарзӣ будани ин падидаи харобиовар ва ташаккули маконҳои ташаннуҷ дар наздикии марзҳои муштаракулманофеъ, бахусус дар Афғонистон талошҳои муштарак, табодули саривақтии иттилоот ва пайваста такмил додани усулу малакаи кори оперативиро тақозо мекунад.
Ба ақидаи вай, терроризми байналмилалӣ як ҷузъи фаъолияти тахрибкоронаи хадамоти кашофии хориҷӣ мебошад.
Дар чаҳорчӯби раёсати Тоҷикистон дар ин созмон дар шаҳри Душанбе 56-умин ҷаласаи Шӯрои раҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси ИДМ ҷараён дорад.
Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шурои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои иштирокдори ИДМ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2025
Раҳмон дар дидор бо роҳбарони ниҳодҳои амниятии кишварҳои ИДМ аз чӣ гуфт?
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон зимни суханрониаш гуфт Шӯрои сарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти вижаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар низоми амнияту суботи минтақа аҳамияти бузург дорад.
"Дар шароите, ки ҷаҳон хостори барҳам задани пояҳои низоми ҷаҳонӣ аст ва манфиатҳои миллии кишварҳои муштаракулманофеъро нодида мегирад, фаъолияти Шӯрои амнияти минтақавӣ ҳамчун минбари табодули афкор, таҷриба, тавсеа ва амиқсозии ҳамкориҳо дар низоми амнияту суботи минтақа аҳамияти бузург дорад", - гуфт Саймумин Ятимов.
Вай илова кард, ки Шӯрои раҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ як ҳалқаи муҳим дар ҳифз ва рушди ҳамкориҳои кишварҳои муштаракулманофеъ дар масоили амниятӣ мебошад.
Аз 1 январи соли 2025 раёсати ниҳодҳои Иттиҳод аз Русия ба Тоҷикистон гузашт. Русия ва Туркманистон ҳамраисҳои ИДМ шуданд.
Лентаи хабарҳо
0