https://sputnik.tj/20250516/rahmon-didor-rohbaroni-nihodhoi-amniyatii-idm-1067355760.html
Раҳмон дар дидор бо роҳбарони ниҳодҳои амниятии кишварҳои ИДМ аз чӣ гуфт?
Раҳмон дар дидор бо роҳбарони ниҳодҳои амниятии кишварҳои ИДМ аз чӣ гуфт?
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳур дар дидор бо роҳбарони ниҳодҳои амниятии кишварҳои ИДМ аз афзоиши фишори таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ ба низоми минтақавии амният таъкид кард
2025-05-16T11:59+0500
2025-05-16T11:59+0500
2025-05-16T17:53+0500
дар тоҷикистон
идм
эмомалӣ раҳмон
ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ
душанбе
амният ва мудофиа
терроризм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/10/1067355595_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_e8dc743c1b97c7c3cac80598209cb764.jpg
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дидору гуфтугӯ кард.Бояд гуфт, ки рӯзи 16 май дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.Кишвардори Тоҷикистон дар дидор ба саъю кӯшиши муштарак ва фаъолияти ҳамоҳанги сохторҳои қудратӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ баҳои баланд дод.Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор бо зикри вазъи мураккаби сиёсии байналмилалӣ тамоюли афзоиши фишори таҳдиду хатарҳои ҷаҳониро ба низоми минтақавии амният ба таври махсус таъкид кард.Аз ҷумла дар дидор афзоиши минбаъдаи таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, зуҳуроти тундгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, шиддатнокии марбут ба қочоқи маводи мухаддиру аслиҳа ва ҷиноятҳои киберӣ ҳамчун хавфҳои асосии амниятӣ номбар карда шуданд.Раисҷумҳур қайд кард, ки Тоҷикистон барои татбиқи Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии СММ ду стратегияи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризмро таҳия ва қабул кардааст.Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии Тоҷикистонро ба идомаи муборизаи босамар бар зидди терроризму ифротгароӣ ва таҳкими ҳамкории амалӣ оид ба масъалаҳои амниятӣ, аз ҷумла бо истифода аз имкониятҳои "Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ" таъкид намуд.
https://sputnik.tj/20250514/layk-shabakahoi-ijtimoi-javobgari-rahmon-qonun-imzo-1067336552.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/10/1067355595_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_f0bfdb54e79edb6c5fec884cb12984ab.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, иджм, ҷаласа, амният, роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ, фишор таҳдид, терроризм
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, иджм, ҷаласа, амният, роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ, фишор таҳдид, терроризм
Раҳмон дар дидор бо роҳбарони ниҳодҳои амниятии кишварҳои ИДМ аз чӣ гуфт?
11:59 16.05.2025 (Навсозишуда: 17:53 16.05.2025) Раисҷумҳур дар дидор бо роҳбарони ниҳодҳои амниятии кишварҳои ИДМ аз афзоиши фишори таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ ба низоми минтақавии амният таъкид кард
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дидору гуфтугӯ кард.
Бояд гуфт, ки рӯзи 16 май дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
Кишвардори Тоҷикистон дар дидор ба саъю кӯшиши муштарак ва фаъолияти ҳамоҳанги сохторҳои қудратӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ баҳои баланд дод.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор бо зикри вазъи мураккаби сиёсии байналмилалӣ тамоюли афзоиши фишори таҳдиду хатарҳои ҷаҳониро ба низоми минтақавии амният ба таври махсус таъкид кард.
Аз ҷумла дар дидор афзоиши минбаъдаи таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, зуҳуроти тундгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, шиддатнокии марбут ба қочоқи маводи мухаддиру аслиҳа ва ҷиноятҳои киберӣ ҳамчун хавфҳои асосии амниятӣ номбар карда шуданд.
Раисҷумҳур қайд кард, ки Тоҷикистон барои татбиқи Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии СММ ду стратегияи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризмро таҳия ва қабул кардааст.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии Тоҷикистонро ба идомаи муборизаи босамар бар зидди терроризму ифротгароӣ ва таҳкими ҳамкории амалӣ оид ба масъалаҳои амниятӣ, аз ҷумла бо истифода аз имкониятҳои "Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ" таъкид намуд.