Сейтимов: Террористҳо барои расидан ба аҳдофи худ қобилияташонро тақвият додаанд

© Foto / Хадамоти матбуоти президенти ТоҷикистонҶаласаи 56-уми Шӯрои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе
Ҷаласаи 56-уми Шӯрои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2025
Обуна шудан
Муовини дабири кулли ИДМ гуфт, ки гурӯҳҳои террористӣ дар шароити шиддати гирифтани вазъи ҷаҳонӣ, қобилияти худро тақвият додаанд
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Дар шароити нооромиҳои геополитикии кунунӣ созмонҳои террористӣ ва экстремистии байналмилалӣ барои баланд бардоштани қобилияти худ имкониятҳои нав пайдо кардаанд.
Дар ин бора Нурлан Сейтимов, муовини дабири кулли ИДМ зимни суханрониаш дар ҷаласаи 56-уми Шӯрои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе изҳор дошт.
"Дар ин шароити нооромиҳои геополитикӣ созмонҳои байналмилалии террористиву ифротӣ барои тақвияти қобилияти худ ва расидан ба ҳадафҳои худ аз имкониятҳои иловагӣ бархурдор шудаанд", - гуфт ӯ.
Ба ҳамин далел, ба гуфтаи Сейтимов, аҳамияти кори Шӯрои амнияти ИДМ ва робитаҳои хадамоти вижаи кишварҳои муштаракулманофеъро” арзиши зиёд дорад”.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, ки Шӯрои сарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти вижаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар низоми амнияту суботи минтақа аҳамияти бузург дорад.
Председатель ГКНБ РТ Саймумин Ятимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2025
Ятимов: Вазъи Афғонистон усулҳои нави кори оперативиро тақозо мекунад
"Дар шароите, ки ҷаҳон хостори барҳам задани пояҳои низоми ҷаҳонӣ аст ва манфиатҳои миллии кишварҳои муштаракулманофеъро нодида мегирад, фаъолияти Шӯрои амнияти минтақавӣ ҳамчун минбари табодули афкор, таҷриба, тавсеа ва амиқсозии ҳамкориҳо дар низоми амнияту суботи минтақа аҳамияти бузург дорад", - гуфт Саймумин Ятимов.
Вай илова кард, ки Шӯрои раҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ як ҳалқаи муҳим дар ҳифз ва рушди ҳамкориҳои кишварҳои муштаракулманофеъ дар масоили амниятӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки дар Душанбе ҷаласаи 56-уми Шӯрои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0