https://sputnik.tj/20250515/tojikiston-it-park-birzhai-kriptoasorro-tasis-1067344016.html
Тоҷикистон дар IT парк биржаи криптоасъорро таъсис додааст
Тоҷикистон дар IT парк биржаи криптоасъорро таъсис додааст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, тадбири муҳиме, ки барои фароҳам овардани экосистемаи мусоид барои рушди инноватсия анҷом дода шуд, ин таъсиси IT парк будааст
2025-05-15T11:59+0500
2025-05-15T11:59+0500
2025-05-16T17:55+0500
дар тоҷикистон
таъсиси биржа дар душанбе
пул
рақамӣ
молия
бонк
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102728/77/1027287790_0:116:3229:1932_1920x0_80_0_0_22879bf2023bf746584280e6a9c91a7d.jpg
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Мудири Агентии иноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон Хуршед Файзхуллозода дар суҳбат бо “Ҷумҳурият” гуфт, дар таъсиси IT парк аллакай, 19 резидент ба қайд гирифта шудааст.Вай афзуд, ки резидентҳо ба платформаҳои байналмилалӣ ворид шуда, тавассути он метавонанд бо шарикони рушд, ширкатҳои бузурги IT ва сармоягузорон мубодилаи таҷриба ва стартапҳои худро муаррифӣ намоянд.Оқои Файзуллозода ҳамчунин дар ин парк, имтиёзҳои давлатӣ – озод аз пардохтҳои гумрукӣ ва андоз фароҳам оварда шудаанд.Ҳамчунин мақомдори тоҷик қайд кард, ки IT парке, ки ба наздикӣ таъсис ёфт, дар назди он фаъолияти криптоасъор ва биржа ба роҳ монда шуд.Вай илова кард, ки технологияҳои блокчейн (blockchain) метавонанд соҳаҳои молия ва идоракунии давлатиро ба таври назаррас тағйир диҳанд.“Ин технология шаффофият, амният ва суръатбахшии муомилотро таъмин мекунад. Дар Тоҷикистон мо истифодаи блокчейнро барои чунин соҳаҳо, аз қабили хадамоти электронии давлатӣ, идоракунии замин ва пайгирии занҷираи таъминот дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ мекунем”, қайд кард Мудири Агентии иноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон.Вай илова кард, ки Blockchain, инчунин, метавонад барои мушаххаскунии рақамии шаҳрвандон ва ҳифзи маълумот муфид бошад.
https://sputnik.tj/20240618/artishi-miri-mushon-hamster-combat-kujo-mebarad-1063246683.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102728/77/1027287790_249:0:2980:2048_1920x0_80_0_0_3a5d7b2fad7b1bb12c7140526f544bf5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, криптоасъор, биржа, таъсис, душанбе, it парк, мақомот
тоҷикистон, криптоасъор, биржа, таъсис, душанбе, it парк, мақомот
Тоҷикистон дар IT парк биржаи криптоасъорро таъсис додааст
11:59 15.05.2025 (Навсозишуда: 17:55 16.05.2025) Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, тадбири муҳиме, ки барои фароҳам овардани экосистемаи мусоид барои рушди инноватсия анҷом дода шуд, ин таъсиси IT парк будааст
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Мудири Агентии иноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон Хуршед Файзхуллозода дар суҳбат бо “Ҷумҳурият” гуфт, дар таъсиси IT парк аллакай, 19 резидент ба қайд гирифта шудааст.
Вай афзуд, ки резидентҳо ба платформаҳои байналмилалӣ ворид шуда, тавассути он метавонанд бо шарикони рушд, ширкатҳои бузурги IT ва сармоягузорон мубодилаи таҷриба ва стартапҳои худро муаррифӣ намоянд.
Оқои Файзуллозода ҳамчунин дар ин парк, имтиёзҳои давлатӣ – озод аз пардохтҳои гумрукӣ ва андоз фароҳам оварда шудаанд.
Ҳамчунин мақомдори тоҷик қайд кард, ки IT парке, ки ба наздикӣ таъсис ёфт, дар назди он фаъолияти криптоасъор ва биржа ба роҳ монда шуд.
“Фаъолияти он дар доираи ваколатҳое, ки дорем, аз рӯи реҷаи махсуси озмоиши ҳуқуқӣ (regulatory sandbox) танзим мегардад. Биржаи криптоасъор ба биржаи ҷаҳонии криптодороӣ пайваст шудааст. Тавассути ин биржа барои бонкҳои мо, ки дар ин самт ҳавасманд мебошанд, барои ширкат намудан дар мубодилаи криптодороиҳо имконият фароҳам оварда шудааст”, - гуфт Хуршед Файзхуллозода.
Вай илова кард, ки технологияҳои блокчейн (blockchain) метавонанд соҳаҳои молия ва идоракунии давлатиро ба таври назаррас тағйир диҳанд.
“Ин технология шаффофият, амният ва суръатбахшии муомилотро таъмин мекунад. Дар Тоҷикистон мо истифодаи блокчейнро барои чунин соҳаҳо, аз қабили хадамоти электронии давлатӣ, идоракунии замин ва пайгирии занҷираи таъминот дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ мекунем”, қайд кард Мудири Агентии иноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон.
Вай илова кард, ки Blockchain, инчунин, метавонад барои мушаххаскунии рақамии шаҳрвандон ва ҳифзи маълумот муфид бошад.