Артиши “Мири мушон”: “Hamster combat” ба куҷо мебарад?

© SputnikКриптохомяк. Иллюстративное фото
Криптохомяк. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2024
Обуна шудан
Эксклюзив
Дар Тоҷикистон низ ҳазорон нафар ба “Hamster combat” пайваста, шабу рӯз бар акси “Мири мушон” дар телефонҳо ангушт мекӯбанд, то ба даромади ҳангуфт даст ёбанд
Душанбе, 18 июн - Sputnik. Мутахассисон мегӯянд, ин талошҳо агар ба самар расанд ҳам, он фоидаеро намедиҳанд, ки бозигарон интизор доранд, пизишкон аз зиёни ин бозӣ ба асаби кӯдакону наврасон ва уламои дин аз ҳаром будани чунин анвоъи тиҷорат мегӯянд, аммо артиши “Мири мушон” ё “Hamster combat” даст аз мубориза барнамедорад.
Мақомоти Ӯзбекистони ҳамсоя расман ба корбарони бозии Hamster Combat ҳушдор доданд, ки ба муддати 15 рӯз боздошт ва пас аз ба биржа баровардани токенҳо ҷарима хоҳанд шуд, чун дар Ӯзбекистон барои фурӯши ғайриқонунии криптовалюта ё криптоасъор - дороиҳои рамзнигорӣ масъулияти ҷиноӣ вуҷуд дорад.
Манобеъи Sputnik Тоҷикистон дар Бонки миллӣ ва Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯянд, дар қонунгузории Тоҷикистон ин намуди фаъолият – тиҷорати криптовалюта - иҷоза надорад ва то соли 2022 як қатор афрод, масалан, барои пайваст кардани майнинг, ки ҳудуди 2 ҳазор маврид буд, ошкор ва ба зиёда аз 1 миллион сомонӣ ҷарима шуданд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон принимает участие в церемонии открытия международного турнира Игры Будущего в Казани. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2024
Роҳбари "Бозиҳои оянда": иштирокчиёни тоҷикистонӣ бо таассуроти нек баргаштанд
Як манбаъи Sputnik Тоҷикистон, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, ин афрод битконро харида, тавассути майнинг дар биржаи биткоин ширкат мекунанд ё бо харидуфурӯши криптоасъор машғуланд ва даромад ба даст меоранд.
“Дар сурати дастраси мақомоти андоз қарор гирифтан андозбандӣ мешаванд ба монанди блогерҳо, зеро тибқи талаботи Кодекси андоз новобаста аз маҳал, тарзи фаъолият, тарзи ба даст овардани даромад ва дигар даромадҳои ҳамаи субъектҳо мавриди андозбандӣ қарор дода мешаванд”, - гуфт манбаъ.
Вай афзуд, ин мавзуъ бо супориши ҳукумати Тоҷикистон таҳти омӯзишу ройзаниҳои як гуруҳи алоҳидаи корӣ бо намояндагӣ аз тамоми сохторҳои масъул қарор дорад ва соли равон ба натиҷае бояд бирасад, чун рӯз ба рӯз ва хеле босуръат вазъ дар ин арса тағйир мекунад.
“Ҳамстер комбат” ё ба истилоҳи бархе корбарон, “мушшаппак”, як криптобозӣ ё бозии рамзнигории вирусии шабакаи Телеграм аст, ки дар он кас метавонад бо идораи як криптобиржа ё биржаи маҷозии рамзнигорӣ, токенҳои HMSTR-ро ба даст орад. Ин бозӣ пас аз муваффақияти проекти мушобеҳе ба номи Notcoin бисёр маҳбуб шуд ва ба ҳисобҳои гуногун, муштариёнаш ҳоло аз ҳадди 170 миллион нафар гузаштааст.

Медиҳад ё не?

Аммо дар Тоҷикистон кӣ чӣ умедҳое аз ин бозӣ ё қимор мекашад чӣ таърифе аз он доранд?
Корбарон ё бозигарон бар инанд, ки дар пайи “мушшаппак”-и шабонарӯзӣ ва фурӯши пулҳои рамзӣ дар биржа соҳиби маболиғи ҳангуфт хоҳанд шуд ва ба бовари онҳо, аз 1 миллион пули рамзӣ 10 доллар ва 1 миллиард 10 ҳазор доллар кор хоҳанд кард.
Молодой человек за компьютером  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.01.2022
ТУТ расман эътиёд ба бозиҳои компютериро ҳамчун беморӣ эътироф кард
Мутахассисон мегӯянд, ин талошҳои онҳо ба натиҷае намерасад, ки кирои ин қадар азияту бедорхобиҳо, зоеъ кардани вақт ва асабониятҳои зиёдатии корбарон бошад.
Амирхон Азизов, як мутахассиси соҳа, мегӯяд, дар бозори виртуалии криптоасъор ду барнома - яке барои сохтани пул ва дигаре, барои харидуфурӯши он вуҷуд дорад.
“Ин ҳарфи нав нест. То ба ҳол мо шоҳиди сохтани пулҳои рамзӣ, назири биткоин, ноткоин, стейблкоин, эфириум ва ғайра будем ва харидуфурӯши ин қабил пулҳо дар биржаҳо, назири байненс, байбит, окаид, бинкс ва ғайра сурат мегирад. “Ҳамстер комбат” бозии онҳоест, ки барномаи пулҳои рамзӣ месозанд ва вақте биржаи криптоасъор боз шавад, пули коркардаи мардум бояд ба онҳо роҳ ёбад, то ба пули воқеӣ табдил ёбад”, - гуфт Амирхон Азизов.
Вай афзуд, ҳеҷ яке аз барномаҳои пулсозӣ ё харидуфурӯши пул дар фикри додани пул ба мардум нест, баръакс, бояд аз мардум пул гиранд.
“Мақсади бозӣ ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба харидуфурӯши пулҳои рамзӣ ё криптоасъор аст. Созандагон мехоҳанд, ки ҳар чӣ бештар мардум дохили биржаҳо шавад ва харидуфурӯши токен ё тангаҳоро зиёд кунанд”, - гуфт ин мутахассис.
Вай афзуд, аз харидуфурӯши тангаҳо соҳиби барнома фоиз ва даромади калон ба даст меорад, зеро харидуфурӯш байни мардум аст, на созандаи барнома.
“Вақте шумо пул медиҳед ва танга мехаред, пулҳои шуморо барнома гирифта, истифода мебарад, то замоне ки тангаҳоро боз диҳеду пули худро баргардонед. Ин ҳама ба шарте мешавад, ки листинг ё феҳристкунӣ шавад, яъне бозигарон ба биржа роҳ ёбанд ва пулҳои рамзии худро фурӯшанд. Агар листинг нашавад, боз ҳам созандагони барнома аз ҳисоби рекламаи ин бозӣ фоида мебинаду халос”, - гуфт Амирхон Азизов.
Чемпионат по киберспорту. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Уламо гуфтанд, бозии букмекерӣ савоби рӯзаро барбод медиҳад
Вай мегӯяд, маълум нест, ки листинг мешавад, ё хайр ва агар шавад ҳам корбарон ё бозигарон пули калон намегиранд, як миқдор ба даст меоранд, ки хурсанду боз вориди ин барномаҳо, яъне боз машғули харидуфурӯш шаванд ва боз барои созанда кор кунанд.
“Беҳтар аст мардум беҳуда вақти худро сарф накунанд, зеро он гуна ки мегӯянд, “панири бепул дар мушқаппак аст”. Аз худ бипурсед, ки кӣ омода аст миллионҳо долларро фақат барои он диҳад, ки шумо як муши виртуалиро лат мекунед ва кадом як пулҳои рамзиро ба даст меоред?”, - гуфт Амирхон Азизов.

Ҳадафи воло ё бемории равонӣ?

Дар ҳамин ҳол, равоншинос бар инанд, ки чунин бозиҳо мумкин аст суди малмусе ба ҳамроҳ надошта бошад, аммо боиси мушкилоти ҷиддии равонӣ мешавад, бахусус барои кӯдакону наврасон.
Абдураҳмон Султонов, як равоншиноси тоҷик, мегӯяд, кӯдакон, ҳатто бузургон, метавонанд ба чунин бозиҳо мӯътод шаванд, ҳофиза ва шавқи худро ба хондан аз даст диҳанд ва хулқу хӯяшон тағйир ёфта, ҷангара шаванд.
“Як мафҳуме аст ба унвони дупомин, интиқолдиҳандаи асабӣ, ки дар мағзи инсон ангезаи анҷоми кореро ба вуҷуд меорад. Акнун вақте кӯдак тасмими фавқулода гирад, ки, масалан, пули зиёд ба даст орад, хобу истироҳат намекунад ва талош мекунад аз дигарон дурӣ ҷӯяд, чун онҳо барои расидани ӯ ба ҳадафи волояш халал мерасонанд, аммо дар тиб ин нишонаи хароб шудани системаи асабӣ ва бемории равонӣ аст“, - гуфт Абдураҳмон Султонов.

Ҳаром ё ҳалол?

Дар ҳамин ҳол, воқеиятҳои дунёи маҷозӣ ва тиҷоратҳои маҷозӣ уламои исломиро низ дар канор нагузошта, онҳоро ҳам водор кардааст, ки сари ин масоил андеша кунанд.
Вручение государственных наград и воинских званий по случаю 30-летия создания Пограничных войск Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2024
Раҳмон гуфт қурбонӣ кардан ба кӣ воҷиб аст
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, мегӯяд, ба ростӣ, он чӣ имрӯзҳо дар дунёи маҷозӣ иттифоқ меафтад, таҳқиқи зиёд мехоҳад ва бояд нахуст мақомот таърифе аз онҳо ироа кунанд, то заминаҳо барои ҳукми динии онҳо низ фароҳам шавад, аммо он чӣ дини ислом мефармояд, ин аст, ки тиҷорат дар як чизи муаммову номафҳуму номаълум ҳаром аст.
“Агар тиҷорат мекунед, моли тиҷорат ё ҳадафи тиҷорат бояд маълум бошад. Ин як тарафи масъала. Тарафи дигар. Масалан, як нафар боғ дорад ва тахмин мезанад, ки 20 дарахти ман фалон тон ҳосил медиҳад ва онро аз қабл мефурӯшад, ин низ ҳаром аст. То ин ки мева ба даст наояд, маълум нашавад, ки чӣ қадар вазн дораду бо нархи рӯз чӣ қадар бояд фурӯхта шавад, савдои он ҳаром аст. Харидуфурӯши моли номаълуму номафҳум шаръӣ нест”, - гуфт Саидмукаррам Абдулқодирзода.
Вай афзуд, мувофиқи шариат харидор, фурӯшанда ва мол бояд муайян бошанд ва агар ин ҳама маълум набошад, ин тиҷорати шаръӣ нест.
“Масалан, чаро рибо ҳаром аст? Вақте ба як кас пул медиҳеду эҳтимоли он меравад, ки он фард муваффақ намешавад ва зери қарз мемонаду назми зиндагиаш барҳам мехӯрад ва кори хайр нест, аз ин хотир, ҳаром аст”, - гуфт раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон.
Вай афзуд, дар муқобили рибо дар шариати исломӣ музораба ҳаст, ки ду мусулмони худотарс бар асоси тавофуқу маслиҳат сари ягон тиҷорат яке сармоягузорӣ мекунад ва дигаре иҷро.
Экран смартфона, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2022
Кадоме беҳтар: телефонҳои тугмадор ё смартфон
“Фоидаро ҳам бо ҳам мебинанд, зиёнро ҳам. Аммо сармоягузор ҳақ надорад, аз фоида беш аз нисфи онро гирад. Дар ин ҳолат, даромади беш аз нисф низ ҳаром мебошад”, - гуфт Саидмукаррам Абдулқодирзода.
Ҳол дар бозӣ ё тиҷорати “Ҳамстер комбат” мол чӣ аст, харидору фурӯшанда кист? Оё миёни онҳо чӣ тавофуқу маслиҳат вуҷуд дорад ва оё замонати ин тиҷорат чист? Аз ин ҳама на мақомоти давлатҳо хабар доранд, то дар ҳолати фиреб хӯрдани ҷонибе даст ба иқдом зананд, на аҳли дин метавонанд барои шаръиву ғайришаръӣ эълон кардани он ба як иттифоқи назар бирасанд ва на ҳам созанда корбарро мешиносаду на корбар созандаро.
Аммо лат кардани муши виртуалӣ ё ҷамъоварии пулҳои рамзие, ки интизор меравад, ба пули воқеӣ табдил ёбанд, идома дорад, чун ҳамоно маълум нест, ки дар ниҳоят чӣ иттифоқ хоҳад афтод.
Лентаи хабарҳо
0