https://sputnik.tj/20250508/rahmon-parad-ghalaba-dushanbe-shirkat-kard-1067281595.html
Раҳмон дар Паради Ғалаба дар Душанбе ширкат кард
Раҳмон дар Паради Ғалаба дар Душанбе ширкат кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Ғалаба баргузор шуданд. Ба хотираи онҳое, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок шуданд, дақиқаи сукут эълон шуданд 08.05.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-05-08T11:52+0500
2025-05-08T11:52+0500
2025-05-08T12:03+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
парад
рӯзи ғалаба
иҷтимоъ
80-солагии ғалаба
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/08/1067276390_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_27b7c19077c77b87483fb46141f02245.jpg
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон ба ифтихори 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ парад ва гузоштани гулчанбар баргузор шуд. Дар ин бора хабарнигори Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод. Дар маросими таҷлил, ки дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе баргузор шуд, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иштирок кард.Сарвари Тоҷикистон бо гузоштани гулчанбар дар назди Оташи абадӣ хотираи қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватаниро гиромӣ дошт. Раҳмон дар муроҷиат ба мардуми тоҷик таъкид кард, ки Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ яке аз фоҷиабортарин саҳифаҳои таърихи башарият буд, ки дар он беш аз 55 млн нафар кушта ва даҳҳо ҳазор шаҳр тахриб шуданд. Ӯ ҳамчунин дар бораи оқибатҳои фалокатбори Ҷанги Бузурги Ватанӣ сухан ронда, таъкид кард, ки маҳз дӯстӣ, бародарӣ, ҳамбастагӣ ва дастгирии халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ омили асосии шикасти истилогарон ва пешгирии паҳншавии "вабои фашистӣ дар асри 20" гардид.Дар маросими гулчанбаргузорӣ ҳамчунин раиси парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, роҳбарияти сохторҳои қудратӣ, ҳукумат ва созмонҳои собиқадорон, намояндагони Вазорати мудофиа ва Вазорати корҳои дохилии Русия, инчунин намояндагони корпуси дипломатӣ, аз ҷумла сафири Русия Семён Григорев ва фармондеҳии пойгоҳи 201 - уми Русия иштирок доштанд. Ҳозирон хотираи ҳалокшудагонро бо як дақиқаи сукут гиромӣ доштанд.Дар солҳои ҷанг аз ҶШС Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафар ба фронт даъват шуда буд, ки қариб 100 ҳазори онҳо ба Ватан барнагаштанд.Дар байни иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон 64 нафар сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гардиданд. Барои мардонагӣ ва шуҷоат дар мубориза ба муқобили фашизм 56 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон бо медалу орденҳо ва 15 нафар дорандаи се ордени "Шараф" гардиданд.
https://sputnik.tj/20250508/prezident-chi-qadaru-raison-chand-hajmi-kumakpulii-kuhansarbozon-dar-tojikiston-malum-shud-1067271407.html
https://sputnik.tj/20250505/parad-ruz-ghalaba-tojikiston-kay-barguzor-meshavad-1067232345.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/08/1067276390_144:0:1280:852_1920x0_80_0_0_14a51c4aab506543fe8fe6cc0b685307.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, парад, рӯзи ғалаба, иҷтимоъ, 80-солагии ғалаба
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, парад, рӯзи ғалаба, иҷтимоъ, 80-солагии ғалаба
Раҳмон дар Паради Ғалаба дар Душанбе ширкат кард
11:52 08.05.2025 (Навсозишуда: 12:03 08.05.2025) Дар Душанбе чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Ғалаба баргузор шуданд. Ба хотираи онҳое, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок шуданд, дақиқаи сукут эълон шуданд
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон ба ифтихори 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ парад ва гузоштани гулчанбар баргузор шуд.
Дар ин бора хабарнигори Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод. Дар маросими таҷлил, ки дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе баргузор шуд, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иштирок кард.
Сарвари Тоҷикистон бо гузоштани гулчанбар дар назди Оташи абадӣ хотираи қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватаниро гиромӣ дошт.
Раҳмон дар муроҷиат ба мардуми тоҷик таъкид кард, ки Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ яке аз фоҷиабортарин саҳифаҳои таърихи башарият буд, ки дар он беш аз 55 млн нафар кушта ва даҳҳо ҳазор шаҳр тахриб шуданд.
Ӯ ҳамчунин дар бораи оқибатҳои фалокатбори Ҷанги Бузурги Ватанӣ сухан ронда, таъкид кард, ки маҳз дӯстӣ, бародарӣ, ҳамбастагӣ ва дастгирии халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ омили асосии шикасти истилогарон ва пешгирии паҳншавии "вабои фашистӣ дар асри 20" гардид.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ ҳамчунин раиси парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, роҳбарияти сохторҳои қудратӣ, ҳукумат ва созмонҳои собиқадорон, намояндагони Вазорати мудофиа ва Вазорати корҳои дохилии Русия, инчунин намояндагони корпуси дипломатӣ, аз ҷумла сафири Русия Семён Григорев ва фармондеҳии пойгоҳи 201 - уми Русия иштирок доштанд.
Ҳозирон хотираи ҳалокшудагонро бо як дақиқаи сукут гиромӣ доштанд.
Дар солҳои ҷанг аз ҶШС Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафар ба фронт даъват шуда буд, ки қариб 100 ҳазори онҳо ба Ватан барнагаштанд.
Дар байни иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон 64 нафар сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гардиданд. Барои мардонагӣ ва шуҷоат дар мубориза ба муқобили фашизм 56 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон бо медалу орденҳо ва 15 нафар дорандаи се ордени "Шараф" гардиданд.