Паради Рӯзи Ғалаба дар Тоҷикистон кай баргузор мешавад

Парад победы в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2025
Обуна шудан
Дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе ба ифтихори 80 - солагии Ғалабаи дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузашти низомӣ ва маросими гулчамбаргузорӣ назди оташи ҷовидон баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳамасола Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҷлил карда мешавад.
Имсол дар арафаи санаи муҳим дар пойтахти ҷумҳурӣ гузашти низомӣ баргузор мешавад. Интизор меравад ин чорабинӣ рӯзи 8 май сурат гирад.
Дар ин бора б Sputnik Тоҷикистон аз Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати Тоҷикистон хабар доданд.
"Дар Боғи Ғалабаи Душанбе рӯзи 8 май маросими гузоштани гулчанбар ва паради низомӣ бо иштироки роҳбари давлат, Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад", - гуфт манбаъ.
Пас аз анҷоми ин маросим, президенти Тоҷикистон ба қасди иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ ба ифтиъхори 80 - солагии Ғалаба дар Маскав ба Русия сафар хоҳад кард.
Ветераны, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2025
Ҳаҷми кумакпулии Раҳмон ба 17 куҳансарбози тоҷик маълум шуд
Ёдовар мешавем, моҳи март раисҷумҳури Русия зимни мулоқот бо кишвардори Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро барои иштирок дар ин чорабиниҳо даъват кард ва посухи мусбат гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки дар гузашти бузурги низомӣ дар Майдони сурхи Маскав низомиёни Тоҷикистон низ иштирок доранд.
Ҳамчунин, гуфта мешавад дар чорабиниҳои тантанавӣ ба ҷуз аз Эмомалӣ раҳмон, роҳбарони ИДМ ва чанд кишвари хориҷӣ низ иштирок хоҳанд дошт.
Лентаи хабарҳо
0