Президент чӣ қадару раисон чанд?: Ҳаҷми кумакпулии куҳансарбозон дар Тоҷикистон маълум шуд

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузариш ба медиабонкПразднование Дня Победы в регионах России
Празднование Дня Победы в регионах России  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2025
Обуна шудан
Ғайр аз раисҷумҳури Тоҷикистон, ки барои ҳар як собиқадор 50 ҳазор сомонӣ ҷудо кард, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо низ маблағҳои алоҳида ҷудо намуданд
ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Дар баробари раисҷумҳурӣ Тоҷикистон, раисони вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ низ барои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар вилояти Хатлон кумакпулӣ расонданд.
Барои ҳар 17 штирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон, ки феълан дар қайди ҳаётанд, аз хазинаи захиравии президенти кишвар 50 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Раисони ноҳияҳо ва вилоятҳо дар соли равон барои куҳансарбозон маблағҳои мухталиф ҷудо намуданд.
Барои мисол Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе дар арафаи ҷашни 80 - умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба куҳансарбозони тоҷик дар ҳаҷми 25 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ ҷудо кард.
© SputnikПардохтҳо ба собиқадорон дар Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Пардохтҳо ба собиқадорон дар Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Ғалаба - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2025
Пардохтҳо ба собиқадорон дар Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Мақомоти вилояти Суғд бошад, бо қарори раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ҳар як собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ 15 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ ихтисос доданд.
Инчунин раиси вилоят Хатлон ва роҳбарони Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ эълон карданд, барои ҳар як собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ маблағи иловагӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ супурда мешавад.
Ветеранов в Таджикистане поздравили с Днем Победы  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2025
Мақомоти Суғд ҳаҷми кӯмакпулиҳо барои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватаниро расонаӣ кард
Дар вилоятҳо аллакай раисон шахсан ба хонаҳои куҳансарбозон рафта, туҳфаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо маблағи 50 ҳазор сомонӣ ва маблағи ҷудонамудаи худро тақдим карданд.
Маврид ба зир аст, ки дар Тоҷикистон имсол ҳамагӣ 17 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд, ки бузургтарин ва хурдтарини онҳо 112 ва 99 - сола буда, ҳар ду сокинони шаҳри Ҳисор мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0